Рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ барои инсоният дар баробари фароҳам овардани қулаиҳои бузург боиси нороҳатиҳои зиёд низ мегардад.
Баробари афзудани на танҳо смартфонҳо, балки мини ва микро камераҳо, воситаҳои хурди сабти овоз ҳолатҳои пинҳонии ба тасвир гирифтан, сабти овоз торафт бештар маъмул шудаанд.
Ба чунин «фаъолияти пинҳонӣ» қонунгузорӣ чӣ гуна баҳо медиҳад? Ба ин суол ходими масъули Пажӯҳишгоҳи сиёсати ҳуқуқии назди Вазорати адлия чунин посух дод:
— Ҳамаи мо медонем, ки дар Қомуси асосии мо дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ мустаҳкам шудааст. Дар дигар қонунгузорӣ инчунин як қатор заминаҳои ҳуқуқии ҳифзи дахолатнопазирӣ мавҷуд аст.
Аз ҷумла, барои бе розигии ӯ ғайриқонунӣ ҷа-мъоварӣ ё паҳн кардани маълумот дар бораи ҳаё-ти шахсии шахс, ки сирри шахсӣ ё оилавиро ташкил медиҳад, ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст. Пас аз тайини ҷазои маъмурӣ такрорӣ содир кардани ин кирдор боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ мегардад.
Дар қонун ҷавобгарӣ барои ғайриқонунӣ насб кардан ё истифодаи ғайриқонунии воситаҳои махсуси техникӣ барои гирифтани маълумоти махфӣ бо мақсади ҷамъоварии маълумот оид ба ҳаёти шахсии шахс, ки сирри шахсӣ ё оилавиро ташкил медиҳанд, ба назар гирифта нашудааст.
— Дар ҷамъоварии маълумот ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чӣ гуна ҳуқуқ дода шудааст?
— Тибқи қонун ҷамъоварии ғайришаффофи иттилооти марбут ба фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба салоҳияти мақомоти мазкур дохил мешавад.
Аз ҷумла, тибқи қонун «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» кормандони ин низом барои назорати оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, азназаргузаронии манзилу биноҳо, иншоот, воситаҳои техникӣ ва нақлиёт, гӯш кардани гуфтугӯҳо тавассути телефон ва дигар воситаҳои алоқа, гирифтани иттилооти тавассути онҳо интиқолшаванда, инчунин ҷиҳати амалӣ намудани тадбирҳои дигари оперативӣ-ҷустуҷӯӣ метавонанд аз воситаҳои махсуси техникӣ, ки имкони ғайриошкоро гирифтани маълумотро фароҳам меоранд, истифода баранд.
Дар баробари ин, истифодаи воситаҳои махсуси техникӣ барои ба даст овардани маълумот бо дигар мақсадҳои ба вазифаҳои амалиёти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ алоқаманд набуда, аз ҷумла барои ҷамъоварии маълумот дар бораи ҳаёти шахсии шахсони воқеӣ ғайриқонунӣ мебошад. Бояд гуфт, ки дар ин бобат ҳолатҳои марбут ба ҳифзи мулки хусусӣ мустасно мебошад.
— Дар кишварҳои хориҷӣ дахлнопазирии ҳаёти шахс чӣ гуна баррасӣ мешавад?
— Омӯзиши таҷрибаи Британияи Кабир, Кореяи Ҷанубӣ ва Сингапур нишон дод, ки ғайриқонунӣ истифода бурдан аз ин воситаҳо метавонад ба шаъну эътибори ашхос осеб расонад, ҳуқуқи онҳоро ба дахолатнопазирӣ поймол кунад.
Дар Кореяи Ҷанубӣ бо истифода аз камераи пинҳонӣ барои аксбардорӣ аз бадани шахс бар хилофи иродаи ӯ ҷиноят маҳсуб мешавад ва то 5 соли зиндон ё ҷарима то 10 миллион вонро пешбинӣ мекунад.
Қонунгузории Иёлоти Муттаҳида, Австралия, Руминия, Полша ва Сингапур барои истифодаи воситаҳои махсуси техникӣ ҳангоми ҷамъоварии иттилооти хусусӣ ё дигари аз ҷониби қонун ҳифзшаванда ҷавобгарии алоҳидаи ҷиноиро пешбинӣ мекунад.
Аз ҷумла, тибқи Кодекси ҷиноии Полша, насб кардан ё истифода бурдан аз воситаҳои махсуси хуфиёнаи гӯшкунӣ, оптика ё дигар бо мақсади ба даст овардани маълумот бидуни салоҳияти гирифтани маълумот бо то ду сол маҳдуд кардани озодӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ё то ду сол ҷазо дода мешавад.
Кодекси ҷиноии Руминия инчунин муқаррар кардааст, ки насби ғайриқонунии дастгоҳҳои сабти садо ё видео бо мақсади халалдорсозии дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ метавонад боиси аз як то панҷ соли аз озодӣ маҳрум кардан гардад.
— Оё барои ғайриқонунӣ истифода бурдан аз воситаҳои махсуси техникӣ барои ғайришаффоф ба даст овардани маълумот ҷавобгарии махсус муайян шудааст?
— Дар қонунгузории мо ҳанӯз дар ин бобат ҷавобгарии махсус муқаррар нашудааст. Мутобиқи моддаи 46-1-и Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ шахс метавонад танҳо барои ҷамъоварӣ намудани маълумот оид ба ҳаёти шахсӣ, ки сирри шахсӣ ё оилавиро ташкил медиҳад, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шавад.
Далели ғайриқонунӣ истифода бурдан аз воситаҳои махсуси техникӣ, ки барои ғайриошкоро ба даст овардани маълумот бо мақсади ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ намудани маълумот дар бораи ҳаёти шахсӣ, ки сирри шахсӣ ё оилавиро ташкил медиҳанд, пешбинӣ гардидааст, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашиданро истисно мекунад. Зеро, тайёрӣ дидан ба содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ ё сӯиқасд ба содир кардани он барои ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан асос шуда наметавонад.
Бояд гуфт, ки ин холигии ҳуқуқӣ, эҳтимол дорад, боиси вайрон шудани ҳаёти шахсии шаҳрвандон гардад, ки дар Конститутсияи мо муайян шудааст. Тавре ки дар боло зикр гардид, ин аллакай дар қонунгузории як қатор кишварҳои хориҷӣ инъикос ёфтааст.
Оид ба муайян намудани ҷавобгарии маъмурӣ барои истифодаи ғайриқонунии воситаҳои махсуси техникӣ аз ҷониби Институти тадқиқотии сиёсати ҳуқуқии назди Вазорати адлия бо мақсади ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ намудани маълумот дар бораи ҳаёти шахсӣ, ки сирри шахсӣ ё оилавиро ташкил медиҳад, дар асоси таҳлили қонунгузории миллӣ, таҷрибаи ҷорӣ ва таҷрибаи беҳтарини байналмилалӣ пешниҳод таҳия карда шуд.
Мо боварӣ дорем, ки татбиқи ин пешниҳодҳо тавассути пурзӯр намудани чораҳои таъмини ҳифзи ҳуқуқии маълумоти шахсӣ, дахолатнопазирӣ ва манфиатҳои шаҳрвандон ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки дар осоиштагӣ зиндагӣ кунанд.
Норгул АБДУРАИМОВА,
мухбири ӮзА.