«...МАН АЗ МЕҲРУ МУҲАББАТҲОИ ЯКУМРӢ СУХАН ГУФТАМ...»

Ба наздикӣ маҷмӯаи шеърҳои шоири ҷавон, донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Самарқанд Зикруллои Зубайдулло таҳти унвони «Дафтари дил» аз чоп баромад.

Зикрулло Абдуллоев дар деҳаи Ҷавзи ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарё дар оилаи омӯзгор таваллуд ёфтааст. Машқи шеърро аз солҳои мактабӣ оғоз кардааст. Шеърҳояш дар рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Овози Самарқанд», «Ховар» чоп шудаанд.
«Қаламиҳои Зикрулло аз он муждагонӣ мерасонад, ки ба майдони шеъри тоҷикӣ боз як шоири ҷавони соҳибистеъдоде ворид шудааст», – мегӯяд доктори илмҳои суханшиносӣ Садрӣ Саъдиев.
Албатта дар ин баҳо, ки устоди сухан ба Зикрулло додаанд, хидмати падари омӯзгораш Зубайдуллои Абдулло ҳам ҳаст. Аз ин хусус Зикрулло дар шеъри «Падар» мегӯяд:
Падар, танбеҳат аз 
таърифи он бегонагон 
беҳтар,
Ва ҳар як ҳарфат аз 
ганҷинаи рӯйи ҷаҳон 
беҳтар.
«Дафтари дил»-и Зикруллои ҷавон саршори орзуҳост. Ӯ ба воқеият бо чашми воқеъбин назар карда, бо диди хоси худ сухан  мегӯяд:
Бигӯям ҳарф аз рози 
муҳаббат,
Ба ҷисму пайкарам 
то рӯҳ дорам.
Дар ин ҷодаи пурмашаққат ва тӯлонӣ ба ӯ табъи саршору комёбиҳои нав орзу мекунем.

Г. КАБИРОВА,
хабарнигори
 «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: