Боиси ифтихори аст, ки нашрияи машҳуру маҳбуб «Овози тоҷик», ки таърихи бою рангин дорад, 100-солагии таъсисёбии хешро истиқбол гирифта, бо шарофати шинохти рисолати аслии иҷтимоӣ дар фазои иттилооти кишвар нуфузу мақоми қавӣ пайдо кардааст.
Хонандаи нозукбин бо эҳтиром ва меҳру муҳаббат ҳар шумораи тозаи онро варақ зада, бо маводи гуногуну дилнишин шинос мешавад, ғизои маънавӣ мегирад. Банда хушҳолам, ки беш аз 60 сол бо «Овози тоҷик» дилбастагӣ ва ҳамкорӣ дорам.
Воқеан, камина аз солҳои мактабхонӣ бо «Овози тоҷик» (собиқ «Ҳақиқати Ӯзбекистон») риштаи дӯстӣ пайдо карда будам, ки дар ин хизмати роҳбари маҳфили «Адабиётчиёни ҷавон», раҳматӣ Бердӣ Ҳамроев ниҳоят калон аст. Муаллим худ шоири зуллисонайн буданд ва дар ин рӯзнома гоҳ-гоҳ шеърашон рӯи чопро медид. Агар хотирам фиреб надиҳад, нахустин хату хабари ман солҳои 60-70-уми асри гузашта дар рӯзнома чоп шуд. Ва боиси хушнудист, ки аз ҳамон айём бо нашрия ҳамдилу ҳамнафасам. Ҳеҷ аз хотирам зудуда намешавад, ки соли 1970 баъди хизмати ҳарбӣ бо журналисти номдор Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода шинос шуда, бо тавсияи устод ба идораи «Овози тоҷик» рафтам ва бо муҳаррир Шавкат Ниёзов мулоқот кардам. Вале ба сафи ходимони таҳририят ҳамроҳ шудан кори мушкил будааст. Муаммо ба қайд гузоштани шиноснома, яъне «прописка» гардид. Ноилоҷ ба зодгоҳ баргаштам.
Соли 2003 дар рӯзномаи «Овози Самарқанд» ҳамчун мудири шӯъбаи фарҳанг адои вазифа мекардам, ки устод Акбар Усмонов (руҳашон шод бод!) гуфтанд, ки дар шумо имконияти ба рӯзномаи «Овози тоҷик» ба кор гузаштан мавҷуд. Фақат ҳамроҳ барои афзудани теъдоди он саҳмгузор шуданамон лозим.
Вақте ки ба Самарқанд муҳаррир Шерпӯлод Вакилов омад, масъала пухт. Ва хеле хушҳол ҳастам, ки то имрӯз ҳамчун хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд адои вазифа мекунам. Бо камоли мамнуният таъкид намуд, ки бо гувоҳномаи нашрияи мазкур дар анҷуманҳои бонуфуз ширкат варзидам, бо инсонҳои касбу кор, синну сол, миллату забонашон гуногун сӯҳбат ороста, ҳатто дар бораи баъзе аз онҳо очерку қиссаҳо навиштам. Фархундабахтам, ки дар анҷуманҳои матбуотӣ ва ё сафарҳои эҷодӣ ба ноҳияҳои дурдаст, корхонаву ташкилотҳо худро «Ман аз «Овози тоҷик» гӯён муаррифӣ мекунам.
Сипосгузорам, ки тақдир маро бо журналистони номдор Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода, Мӯҳсин Умарзода, Раҳматҷон Норов, Ҷонибек Қувноқ, Хӯҷамурод Қӯлдошев, Нор Остонзода, Маъруф Отахонов, Муайяна Хоҷаева, Матлуба Шоалиева ва дигарон рӯ ба рӯ карду аз ин устодони дилсӯзу хайрхоҳ асрори журналистикаро омӯхтам.
Тақдир лутф кард, ки ҳамкорони содиқу вафодор, шахсони дилёбу дарёдил, фурӯтану ҳалиму хоксор, дилсӯзу ғамхор чун Шерпӯлод Вакилов, Тоҷибой Икромов, Абдулло Субҳон, Муҳаммадҷон Шодӣ, Паймон, Саодат Бекназарова, Гулҷаҳон Кабирова, Набия Нодирова, Амрулло Авезов, Анорбой Назаров, Ӯзбакбойи Раҳмон, Шариф Халил, Олим Панҷизода дорам. Бо онҳо риштаҳои дӯстӣ дошта, ба якдигар чун кӯҳҳои баланд такягоҳем, маслиҳатгар дар фазои эҷод.
Бо арзи садоқати самимӣ аҳли эҷод ва хонандагони бешумори рӯзномаро бо ҷашни 100-солагии таъсиси рӯзнома табрик гуфта, пирӯзиҳои эҷодӣ таманно дорам:
Идат муборак, «Овози тоҷик,
Ҳамдарди тоҷик, ҳамрози тоҷик.
Дар арши маънӣ бошад
ҳамеша
Парвози ту, эй шаҳбози тоҷик!
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.