“МАН БА ИНТИХОБОТ ТАЙЁРАМ”

Дар толори маҷлисҳои Донишгоҳи давлатии Гулистон бо қарори муштараки Комиссияи интихоботии вилояти Сирдарё, Донишгоҳи давлатии Гулистон, филиали янгиерии Донишгоҳи технологияҳои кимиёи Тошканд ва Шӯрои вилоятии Иттифоқи ҷавонони Ҷумҳурии Ӯзбекистон зинаи вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Ман ба интихобот тайёрам» гузаронида шуд.

Дар озмун 600 нафар толибилмони муассисаҳои таълими олии вилоят иштирок карданд.
Маълум аст, ки озмун мувофиқи Низом дар се зина гузаронида мешавад. Ғолибони зинаи аввали вилояти Сирдарё дар зинаи дуюм – минтақавӣ бо донишҷӯёни таълими олии вилоятҳои Самарқанд ва Ҷиззах қувваозмоӣ мекунанд.
Бино ба ҳукми ҳайати ҳакамон, ки дар сафашон се нафар ҳуқуқшинос низ ҳаст, ҷойи аввал ба ҷамоаи «Кандидат»-и донишҷӯёни шуъбаи санъатшиносии Донишгоҳи давлатии Гулистон насиб гардид.
– Мақсад аз гузаронидани озмун,– мегӯяд сардори шуъбаи «Ҳимояи ҳуқуқҳои инсон»-и Садорати адлияи вилояти Сирдарё Азизҷон Мавлонов,– таъмин намудани иштироки васеи ҷавонон ба ҷараёни тайёрӣ ба интихобот, баланд бардоштани шуури ҳуқуқӣ ва сиёсии онҳо, афзудани ҳисси дахлдории онҳо ба ҷараёни васеъмиқёси  ислоҳотҳо аст.
  
Тӯхтамиши БОҚӢ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Сирдарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: