МАН ЧАРО БА ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОВОЗ МЕДИҲАМ?

Ҷунбиши соҳибкорон ва корчаллонҳо — Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон ба сифати номзад ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро тасдиқ намуд.

Ҷунбиши соҳибкорон ва корчаллонҳо — Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон ба сифати номзад ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро тасдиқ намуд. Ва маълум шуд, ки киҳо ба сифати номзад дар интихобот иштирок менамоянд. Имрӯз имкон ҳаст, ки аз байни номзадҳо якеро интихоб намоем. Агар онҳоро муқоиса кунем, ошкор мегардад, ки Шавкат Миромонович Мирзиёев бино ба як қатор фазилату нишондиҳандаҳо, таҷриба ва қатъияти худ ба сӯйи мақсад бартарӣ дорад. Ба номзадҳои муқобили дигар низ аз ин интихобот то интихоботи баъдӣ талоши пайгирона, сарвати сиёсӣ ва таҷриба мехоҳам.
Ҳар кас, бино ба сабабу далеле, бо назардошти иқтидори воқеии интихобшаванда, ба ин ё он номзад овоз медиҳад. Ман низ дар мавриди интихоб сабабҳои иҷтимоию сиёсӣ ва ҳатто шахсии худро дорам. 

Тантанаи адолати таърихӣ

Ман дар деҳаи кӯҳии Ғӯси ноҳияи Ургут ба дунё омадаам. Баъди ақлу ҳушам даромадан, вақте дигарон дар кӯчаю гузарҳо падарамро «Ҳаким босмачӣ» мегуфтанд, ҳайрон мешудам. Дертар, вақте соли 1990 номзадиамро ба депутати Шӯрои олӣ гузоштам, одамони ғаюр ба ман ошкоро даровехтанд, ки «Ин набераи босмачӣ-ку, чӣ хел метавон ӯро ба парлумони шӯравӣ интихоб кард?». Дертар аз кушта шудани бобои падарам Ибодулло қурбошӣ огоҳӣ пайдо кардам, падарашонро низ аскарони сурх дар роҳи Испанза парронда будаанд. Дар ман аз модари падарам — момои Зулфия хотираҳо ва як сурат ба ёдгор мондааст. Момоям — Зулфия духтари Ибодулло қурбошӣ буд...
Дар аҳди Шӯравӣ Қодирию Чӯлпонҳо нимкора сафед карда шуданд. Дертар дар замони бозсозии Горбачёв ба сафед кардани ҷадидон як андак саъю кӯшиш ба харҷ дода шуд. Дар давраи истиқлолият, дар ҳоле ки сафедкунии ҷадидон шиддат пайдо кард ва Осорхонаи онҳо созмон дода шуд, бо баҳонаи ин ҷараёни «мураккабу печида»-ро наметавон сафед кард, бойгониҳо аз нав пӯшида шуданд.
8 сентябри соли 2020 тибқи фармоиши Шавкат Мирзиёев «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ доир ба амиқ омӯхтани мероси қурбониёни солҳои таъбид ва абадӣ гардондани хотираи онҳо» бино ба фармоиши раиси Суди олӣ, аз 9 феврали соли 2021, ба мақсади ба амал татбиқ намудани  масъалаи  сафед кардани қурбониёни солҳои таъбид ва абадӣ гардондани хотираи онҳо, ки ба сабабҳои маълум реабилитатсия нашудаанд, гурӯҳи корӣ созмон дода шуд. 24 феврали соли 2021 ба Суди олӣ 6 кори ҷиноятӣ нисбати 115 шахс расида, аз ҷониби гурӯҳи корӣ ҳаллу фасл гардид.
Дар корҳои ҷиноии мазкур мавҷуд набудани баённомаи маҷлиси суд ё ҳуҷҷатҳои суд (ҳукм ё қарор), танҳо вуҷуд доштани нусхаи баённомаи маҷлиси сенафараи Идораи давлатии сиёсии муттаҳид ошкор гардидааст.
Кори ҷиноӣ 25 августи соли 2021 таҳти раёсати ҷонишини раиси Суди олӣ Икром Муслимов дар маҷлиси кушоди суд таҷдиди назар гардида, протестҳо қонеъ гардонда шуданд. Дар асоси моддаи 83-юми КҶП ҷамъ бинобар 6 парвандаи ҷиноӣ 115 нафар шахс сафед карда шуд. Дар ҷараёни суд адвокат Маъруф Алиев қайд намуд: «Шахсоне, ки корҳояшон мавриди назар аст, бо тамғаи «босмачӣ» ҳабс ва ноҳақ парронда шудаанд. Онҳо дар Ватани худ умр ба сар бурда номи босмачиро гирифтаанд, магар босмачӣ аз хориҷи кишвар зер карда намеояд?».

Ягон роҳбари мамлакат то давраи истиқлол ва дар тӯли 25 соли истиқлолият барои сафед кардани «босмачиён» ҷуръат пайдо накард. Танҳо Шавкат Мирзиёев ба ин кор далерона даст зад. 
Ман барои ҳамин ҳам ба ӯ овоз медиҳам ва дар талаби онам, ки Офаридгор ислоҳотро пойдор созад!

Эҳтиром ба адабиёт

Ёд дорам, замоне бинои таърихии Иттиҳоди нависандагон, воқеъ дар кӯчаи Пушкин, ба таври иҷборӣ ба ихтиёри бонки куриёӣ супурда шуд. Созмони эҷодкорон ба чанд ҷо кӯч баст, биное, ки Шароф Рашидов барои нависандагон созонда буд, воқеъ дар рӯ ба рӯйи «Ҳумо арена»-и имрӯза, низ ба ихтиёри бонки миллӣ супурда шуд. 
Танҳо, вақте Шавкат Мирзиёев ба сари ҳокимият омад, барои адибон бинои нав созонд, ба эҷодкорони бехона, бино ба кредити имтиёзнок, хонаҳо ҷудо карда шуданд. Шароити хонаи эҷодии Дӯрмон беҳ гардид. Дар Зомин ва Паркент хонаҳои эҷодӣ бунёд гардиданд. Хулоса, аз имкониятҳое, ки ба аъзои иттиҳодия фароҳам оварда мешаванд, хурсандам.
Чанде қабл дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ садо баланд карда будем, ки «Оё осорхонаи Абдулло Қодирӣ вуҷуд дорад?», «Маҳаллаи «Самарқанд дарвоза» дар арафаи вайроншавист». Бо ташаббуси Шавкат Мирзиёев маҳалла дар ҷойи худ мононда шуд, дар боғ дари осорхонаи Абдулло Қодирӣ низ боз гардид, ба адиби бузургамон ҳайкал гузоштанд. Мактаби эҷодии Абдулло Қодирӣ созмон дода шуд. Ин дигаргуниҳо низ, мисле ки ҳазор сол боз вуҷуд дошта бошанд, аз ёдамон баромад...

Барои хидматҳои беназираш ба адабиёту маънавиятамон ба Шавкат Мирзиёев овоз медиҳам.

Сухан дар бораи озодии сухан

Имрӯзҳо намояндаи САҲА бино ба масъалаҳои озодии РАО Тереза Рибейру дар кишварамон анҷуману вохӯриҳо баргузор менамояд. Ин дар тақдири озодии сухан ҳодисаи бузургест.
Огоҳӣ дорем, ки институтҳои байналхалқӣ ба мисли гузоришгари СММ оид ба шиканҷа, Комиссари олии СММ оид ба     гурезаҳо, гузоришгар оид ба дин мавҷуданд. Узви СММ — Ӯзбекистон маҷбуриятҳои байналхалқиро бар дӯш гирифтааст. Намояндагони СММ, САҲА ва маърӯзагарон ба дунболи ана ҳамин ҳуқуқу озодиҳо меоянд, ки оё риоя мешаванд ё на? Устувории ҳуқуқи байналхалқиро Конститутсияамон эътироф менамояд. Аммо ман шахсан дар ёд надорам, ки дар тӯли даҳсолаҳо ягон маърӯзагар, аз ҷумла, маърӯзагар оиди озодии сухан, ба Ӯзбекистон шомил шуда бошад. Ва танҳо баъди ба сари ҳокимият омадани Шавкат Мирзиёев дари Ӯзбекистон ба рӯйи ҳамаи намояндагон ва маърӯзагарон кушода шуд. Хатову камбудиҳоямонро эътироф менамоем, дар якҷоягӣ роҳи ислоҳи онҳоро меҷӯем. Суботу қатъият дар озодии сухан қисми асосии таркибии сиёсати нав ва яке аз дастовардҳои муҳими он мебошад.
Ислоҳотҳо ба осонӣ даст намедиҳанд. Нирӯҳои консервативӣ ба осонӣ роҳро намекушоянд, коррупсия идома дорад, қисмати зиёди бори дигаргуниҳои маъмурӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ ҳанӯз ба дӯш гирифта нашудааст. Доир ба мушкилоти мавриди назар ман низ пайгирона менависам. Дар «Даракчӣ» тӯли як сол панҷоҳто мақолаи танқидиам рӯйи чопро дид. Шояд навиштанҳои зиёде насиб кунад. Ҳарчанд дирӯзакак одами мамнӯъ будам, имрӯз ба сифати медиаҳуқуқшинос, медиаэксперт, шоир ва тарҷумон озод кор мекунам. Раиси Шӯрои ҷамоатии Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон ҳастам, дар Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияҳо аз фанҳои ҳуқуқ ва ахлоқи медиа, коррупсия ва матбуот дарс мегӯям. Ин ҳама ба шарофати даврони нав аст, ки наметавон инкор кард.
Шавкат Мирзиёев дар қурултойи OzLiDeP, ки дар «Конгресс холд»-и Тошканд баргузор шуда буд, бори дигар таъкид намуд, ки: «Ман иштирокдорони фаъоли ислоҳотҳо — ҳамаи журналистонеро, ки ҳақиқат ва адолатро эътиқоди худ меҳисобанд, дӯстони наздиктарини худ меҳисобам ва онҳо ҳамеша дар ҳимояи Президент хоҳанд буд»...
Ман, барои он ки ҳарчанд осон набошад ҳам, сарфи назар аз эътирози баъзе мансабдорон, ӯ рӯ ба рӯйи танқидҳо бурдборӣ зоҳир менамояд ва дар роҳи озодии сухан собитқадам аст, ба Шавкат Мизиёев овоз медиҳам.

Мушкили ислоҳот ва субот дар қарор

Ба Шавкат Мирзиёев, ки аз ҷониби OzLiDeP ба сифати номзад ба президентӣ пешниҳод мегардад, осон нест. Ҳамаи корҳои мусбатеро, ки дар мамлакат анҷом дода мешаванд, ба номи ӯ вобаста мекунем. Аммо, табиист, ёфт мешаванд нафароне, ки бори масъулияти баъзе сабабҳое, ки ба пешрафти ислоҳот халал мерасонанд ва нуқсону камбудиҳоро низ ба дӯши сиёсати ӯ бор мекунанд. Вале ӯ халқро ба ҳамкорӣ ба корҳои нек даъват менамояд ва беҳуда таъкид намесозад, ки «масъулияти оянда ба дӯши ҳамаи мост».
Шавкат Мирзиёев ин маъниро ба интихобот пайваст: «Ҳеч гоҳ фаромӯш накунед, ки ҳуқуқи эътироф ва интихоб дар дасти шумост». Яъне, вақте номзадро интихоб менамоем, барномаи ӯро низ интихоб мекунем ва дар пиёда кардани ислоҳот нафақат нияти неки ҳама, балки иштирок ва амалкарди шахсӣ низ зарур аст.

Ба ниятҳои нек расидан осон нест, зеро куҳнаандеш, порахӯр ва қаллобон ба осонӣ ҷон намедиҳанд. Мушкилот пеш меояд. Муҳимаш, аз онҳо чашм пӯшида намешавад, даҳони онҳоеро, ки аз мушкилот мегӯянд, намебанданд, роҳбари давлат ба аҳди худ устувор аст. 
Барои ҳамин боварӣ ва азму субот ба Шавкат Мирзиёев овоз медиҳам.

Одамигарӣ

Номи модарам Қумрӣ буд. Баъди ба воя расидан, дарк кардам, ки он номи мурғест аз тираи мусичагон. Модарам, воқеан, мисли мусича инсони хоксору беозор буд. Табиист, ки дар назари ҳама модараш аз беҳтарин занони дунёст. Аммо, аз рӯзи ақлу ҳушам даромадан, ёд надорам, ки модарам бо ягон ҳамсоя ҷанҷол, ё садояшро баланд карда бошад.
Модарамро доимо дар ҳоли раҳпоӣ пеши назарам меоварам. Дашноми холаҳоямро, ки мегуфтанд: «Модарат бо ду чашми боз ба раҳат аз дунё гузашт» амиқ дарк менамоям. Ин айби ман. Ҳоло ман худ чашм ба роҳи фарзандон шабу рӯзҳоро пушти сар мегузорам. Бад-ин тарз, рӯзҳо мегузаранд. Рӯзе дарк мекунем, ки вақти пушти сар монда на рӯз, балки умр будааст...
Сабаби такрор ба ёд овардани модарам он аст, ки вақте ӯ аз олам даргузашт, ба деҳаи кӯҳии Ургут бо мушовири давлатии Президент Мавлон Умурзоқов, Вазири таълими олӣ Оқил Салимов, вазири адлия Алишер Мардиев Шавкат Мирзиёев низ бо афсаре, ки Илҳом ном дошт, барои фотиҳахонӣ омада буд. Имрӯз низ мебинем, ки ба хонадонҳои инсонҳои шинохтае мисли Анвар қорӣ Турсунов, ҳазрати муфтӣ Усмонхон эшон ва ҳокимоне, ки бар асари вируси тоҷдор фавтидаанд, рафта фотиҳа мехонад.
Дар кишвари мо кай, дар кадом роҳбар ин хел одамгарӣ буд?

Ман барои ҳамин одамигариаш ба Шавкат Мирзиёев овоз медиҳам ва ба собитқадамии ӯ дар ин роҳи пуршараф бовар дорам!

Карим БАҲРИЕВ,
нависанда.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: