«МАН ДАР ДИЛАТ ҶО МЕШАВАМ!»

Хоҷа 28-уми октябри соли 1972 дар деҳаи Боғичорбоғи ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё ба дунё омадааст.

Дастпарвари факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд (1990-1995) буда, аз соли 1995 то соли 2020 дар Донишкадаи забонҳои хориҷӣ ва Донишкадаи тиббии Самарқанд ба донишҷӯён аз фанни таърихи фалсафа дарс додааст. Ҳоло фаъолияти худро дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд идома медиҳад. Рисолаи номзадияш дар мавзӯи «Ҷаҳонбинии фалсафии Азизиддин Насафӣ» мебошад.
Хоҷа шоири пухтакору нуктасанҷ, ҳассосу нозукхаёл аст. Аз адабиёти форс-тоҷик огаҳии хуб дорад. Шеърҳояш мазмунҳои ишқиву ирфонӣ ва иҷтимоиро фаро гирифтаанд.
Маҷмӯаи нахустини шоир «Паёме аз жарфои сукут» соли 1997 ба табъ расидааст. Соли 2005 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуд. Маҷмӯаи дуюмаш дар дасти чоп аст. 
Хоҷа тахаллуси адабии шоир буда, номи аслиаш Норхоҷа Чоризода мебошад. Шеърҳояш дар матбуоти даврии ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон ва Эрон интишор гардидаанд.
Шоирро ба муносибати 50-умин солгарди умраш табрик гуфта, барои алоқамандони каломи бадеъ чанд шеърашро пешкаш менамоем.

Дилшода ФАРҲОДЗОД.
АЗ ИШҚИ ТУ ТО ИШҚИ ҲАҚ 

Бонги хурӯси субҳаму «қу-қу» ба «қо-қо» мешавам,
Мансур «Анал Ҳақ!» гуфту ман бонги «Анал-Ло!» мешавам!
Ман бе ту танҳо мешавам, ман бо ту якто мешавам,
Ту дар дилам ҷо мешавӣ, ман дар дилат ҷо мешавам!
«Ман!...» мешавам, «Мо!...» мешавам,   «Ҳу!...» мешавам, «Ҳо!...» 
мешавам,  
«Ё!...» мешавам,  «Ло!...» мешавам,  чашму сару по мешавам,
Ман боз эҳё мешавам, ман аз ту гӯё мешавам!
Ман ман наям, ту ту наӣ, ман дар туам, ту дар манӣ!
Ин нест кори манманӣ, ман аз ту ҷӯё мешавам!
Ман бо тулӯъи Офтоб, чун шеър иншо мешавам,
Дар меҳри ҳар як фарди Ҳақ, чун барқ илқо мешавам,
Аз ишқи ту то ишқи Ҳақ ман боз гӯё мешавам!.

***
Садоям, ҳайратам, ойинаам, оғози берангам,
Навоям, нолаам, оҳам, фиғонам, ишқам, оҳангам!
Ту аз рози ниҳони ҷавҳари рӯҳам чӣ мепурсӣ?!
«Нафахта фиҳӣ мин рӯҳӣ» дамида дар дили тангам!
Нафас сури қиёмат менавозад дар вуҷуди ман,
Латифам, гавҳарам, рози ниҳонам, шӯъла дар чангам!
Даруни қолиби дилмурдагони олами маънӣ,
Дамам, рӯҳам, паёмам, зиндаҷонам, фарри фарҳангам!
Навои ишқ бармехезад аз сози вуҷуди ман,
Навои обшорон аз раги андешаи сангам! 
Абас бар панҷаи ман панҷа ранҷа мекунӣ, медон:
Насимам, шӯълаам, барқам, ба зулмат рӯ ба рӯ ҷангам!
                          
*** 
Эй ҷон фидои нози ту, бо нози ту овехтам,
Қурбони нозат ҷони ман, ҷонро ба ҷон-т омехтам!
Ишқи ту омад ногаҳон, оташ ба ҳоли ман фиганд,
В-аз оташи ишқи ту дар дил растахез ангехтам!
Аз шӯълаи ишқи ту сар то пойи дил оташ гирифт,
Хокистари худро даруни хонаи дил бехтам!
Дар роҳи ман сад дом аз рашку ҳасад бигзоштанд,
В-он домҳо бибридаму тори ҳасад бигсехтам!

ХОҶА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: