ё худ эътиқоди бузурги Гёте ба Ҳофиз
Инсонияти мутамаддин соли ҷорӣ 270-солагии шоири бузурги Олмон Иоганн Волфганг Гётеро ҷашн мегирад. Гёте (1749-1832) нафақат шоир, балки мутафаккир, муаррих, файласуф, мусаввир, олим ва арбоби давлатӣ низ буд. Мероси адабӣ ва илмии ӯ аз 143 ҷилд иборат аст. Гёте бо асарҳои оламшумули худ: «Фауст», «Изтиробҳои Вертери ҷавон», «Девони Ғарбу Шарқ» ва ғайра машҳур аст. Шеърҳои ӯ беш аз 3 ҳазорторо ташкил медиҳад.
Дар мероси адабии Гёте «Девони Ғарбу Шарқ» ҷойи муҳимро ишғол менамояд. Шоир ин асари худро дар тӯли панҷ сол навишта, соли 1819 ба охир расонд. Бояд таъкид намуд, аслан аз ҷониби шарқшинос Й.Гаммер чоп шудани тарҷумаи «Девони Ҳофиз» ба Гёте барои навиштани «Девони Ғарбу Шарқ» шавқу майли пурзӯри эҷодӣ бахшид. Ҳамроҳи Ҳофиз ба лирикаи Гёте як олам образу ақида, ривоят, тасаввурот дохил шуданд. Асари мазкур анъанаҳои фарҳангию адабии Шарқу Ғарбро дар бар гирифта, дар он шоир ин анъанаҳоро узван ба ҳам пайваст карда тавонист ва дар бораи аҳамияти умумҷаҳонӣ доштани онҳо фикрҳои муҳимеро баён намуд. Девон аз 12 боб иборат аст: «Муғаннинома», «Ҳофизнома», «Ишқнома», «Тафаккурнома», «Ранҷнома», «Ҳикматнома», «Зулайхонома», «Темурнома», «Соқинома», «Масалнома», «Форсинома», «Хулднома». Он бо рӯҳи гуманизм фаро гирифта шудааст, ки дар ғояи «Ғарб ва Шарқ – ҷудонашавандаанд» муҷассам аст. Дар боби «Муғаннинома» Гёте мегӯяд: «Ҳар кӣ худ ва дигаронро бишиносад, ночор ба ин нукта пай барад, ки аз ин пас Шарқу Ғарб аз ҳам ҷудо наметавонанд зист. Дерест, ки ман дар олами андеша миёни Шарқу Ғарб роҳ мепаймоям. Эй кош, роҳпаймоёни воқеӣ мисли ман Шарқро ба Ғарб наздик кунанд».
Гёте тамоми умр ба маданияту адабиёти Шарқ меҳри беандоза дошт. Ӯ ҳарчанд дар Олмон зиставу эҷод мекард, рӯҳан шоири Шарқ буд. Мазмуни асарҳои ӯ бо хусусиятҳое, ки ба одами Шарқ хос аст, аз асарҳои шоирони дигари Ғарб фарқ мекунад. Дар шеъри «Ҳиҷрат» шоир мегӯяд:
Шуд шимолу ҷануб вайрона,
Мулки Мағриб гашт бесомон.
Бояд акнун ба Шарқ ҳиҷрат кард –
Кишвари ишқу шеъру паймона.
Рав ба он ҷой – мулки пайғамбар,
Хираду нур чашмаҳо дорад.
Марди хокӣ зи ғояти дониш
Баҳси андеша бо Худо дорад.
Рав бо он ҷо, ки бар ниёгонаш,
Ҷумларо ҳаст иззату имон.
(Тарҷумаҳои Лоиқ)
Ба ақидаи Гёте ҳафт ситораи назми ҷаҳонӣ – ҳама шоирони Шарқ – Фирдавсӣ, Анварӣ, Румӣ, Низомӣ, Ҳофиз, Саъдӣ ва Ҷомиянд, ки дар ҳаққи онҳо Лоиқ гуфтааст:
Он ҳафт марди шоир чун «Ҳафтдодарон»-анд,
З-онҳо чу осмони ҳафтошёна ҳастем.
Шоири олмонӣ аз ғояти хоксорӣ мегӯяд, ки ба сояи ин бузургони Шарқ намеарзад. Бояд таъкид намуд, ки барои Гёте дар роҳи дарк кардани Шарқ раҳнамои аввалин ва асосӣ ашъори Ҳофизи бузург буд. Зеро дар ғазалсароӣ натанҳо аз нигоҳи ширинсуханӣ ё хушоҳангӣ, балки куллан дар навбати аввал аз нигоҳи муносибати мазмуну шакл, санъати бадеӣ, дар лафзи андак ҷо додани мазмуни бисёр Ҳофиз беҳамто ва беназир аст ва ягон шоир на пеш аз ӯ ва на баъд аз ӯ ба пояи ӯ нарасидааст. Бинобар ин ҳам, тибқи фикри аксарияти адабиётшиносони ҷаҳон – Ҳофиз яке аз бузургтарин лирикони тамоми давру халқҳост. Гёте ӯро «Маликушшуарои ҳама дунё» меномад. Айнан Гёте аввалин шахси бузурге буд, ки маъниҳои бикр ва санъати олии сухани Ҳофизро, ҳатто дар тарҷумаҳои ин назм, дарёфт кард. Гёте даҳою зако ва нодиракориҳои санъати сухани шавқангез ва дилошӯби Ҳофизро ба воситаи назми матин ва мафтункунандааш барои хонандаи Мағрибзамин кашф намуд. Аз асри XVIII назми Ҳофиз ба забонҳои франсавию англисӣ, испанию италиявӣ, русиву полякӣ тарҷума шуд ва зуд ба дили хонандаи умум роҳ ёфт.
Дар «Ҳофизнома» Гётеи кабир менависад:
Ҳофизо, бо ту баробар будан?
Чӣ хаёлест муҳол?
Хешро чун ту ба қадр афзудан?
Нест ҷуз айни вубол!
Шӯъла зан бар сарам, эй барқи мунир,
Ба забони қаламам ҷуръати гуфтор бидеҳ,
Ман муриде зи муридони туам, эй устод.
Бино ба фикри тадқиқотчиён ақидаҳои тасаввуфие, ки хоси шеъри Шарқ аст, ҳамаи бобҳои «Девони Ғарбу Шарқ»-ро мепайванданд. Дар девон калимаҳое чун «булбул», «ҳур», «фатво», «муғаннӣ», «муфтӣ», «афсун», «мирзо», «дарвеш», «ҳиҷрат», «соқӣ» дар шакли асл истифода шудаанд.
Дар боби аввали девон – «Муғаннинома» чор қуввае, ки илҳоми шоиронаро ғизо медиҳанд, нишон дода шудаанд. Инҳо Муҳаббат, Нафрат, Май ва Шамшер буда, ҳар як қувва дар бобҳои девон мувофиқан тасвир ёфтаанд, яъне Муҳаббат дар «Ишқнома» ва «Зулайхонома», Нафрат дар «Ранҷнома», Май дар «Соқинома», Шамшер дар «Темурнома». Бобҳои дигари девон низ аз ашъоре иборатанд, ки онҳоро ҳамин чор қувва бунёд кардаанд. Гёте менависад: «Ин чор қувваро биомез ва ту мисли Ҳофиз мешавию дар дили халқ ҷовид мемонӣ»
Ибораи дӯстдоштаи Гёте маъние аз Қуръони карим аст: «Шарқро ҳам, Ғарбро ҳам Худо офаридааст». Ҳамин ибора моҳияти умумиинсонии шоҳасари назм «Девони Ғарбу Шарқ»-ро муайян намуда, дар он шоири бузург бо тамоми ҷилоҳои истеъдодаш бозёфтҳои маданияти Шарқу Ғарбро ба ҳам пайвастааст.
«Девони Ғарбу Шарқ», ки беш аз 200 сол муқаддам эҷод шудааст, ҳоло ҳам ғояҳои гуманизм – бо ҳам наздик шудани халқҳо, ҳамзистии осоишта, ҳал намудани мушкилҳоро на бо яроқ, балки тавассути маърифат, адолат ва хирад тараннум менамояд.
Маркази тадқиқотҳои маърифатию фарҳангии бонуфузи Олмон номи Гётеи муаззамро дорад, ки филиалҳои он дар 78 мамлакати ҷаҳон, аз ҷумла дар Ӯзбекистон низ фаъолият мебарад.
Нӯъмон МАҲМУДОВ,
пажӯҳишгар.