Дар Ӯзбекистони нав корҳои наҷибе ба вуқӯъ мепайванданд, ки бемуҳобот аз сиёсати устувору хирадмандонаи Шавкат Мирзиёев ва ҳукумати ӯ шаҳодат медиҳанд.
Дар Ӯзбекистони нав корҳои наҷибе ба вуқӯъ мепайванданд, ки бемуҳобот аз сиёсати устувору хирадмандонаи Шавкат Мирзиёев ва ҳукумати ӯ шаҳодат медиҳанд. Яке аз ин корҳои наҷиб ба шаҳрвандии Ӯзбекистон қабул шудани даҳҳо ҳазор шахсоне мебошад, ки муддати дароз бидуни гирифтани шиносномаи шаҳрвандӣ азият мекашиданд. Ба ҳамин далел шахсони бешиноснома дар интихоботҳои қаблӣ аз ҳуқуқи иштирок кардан низ маҳрум буданд.
Ман яке аз ин шахсоне ҳастам, ки шиносномаи шаҳрвандии Ӯзбекистонро муддати ду даҳсолаи охир интизорӣ кашидаам. Танҳо баъди ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев сиёсат куллан тағйир ёфт ва фармону қарорҳое содир гардиданд, ки манфиатҳои мо барин шахсонро низ мадди назар қарор медиҳанд.
Президент Шавкат Мирзиёев 13 марти соли 2020 ба Қонун “Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистон” имзо гузошт. Инчунин 29 декабри соли гузашта дар Муроҷиатномаи вай ба Олий Маҷлис гуфта шуд, шахсоне, ки 15 сол дар ҷумҳурӣ зиндагӣ кардаанд, дар фурсати зудтарин ва бидуни ягон монеа бояд соҳиби шиносномаи шаҳрвандии Ӯзбекистон шаванд. Баъди ҳамин орзуву ормонҳои мо амалӣ шуд ва соли равон ман низ соҳиби шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистон гардидам.
Баъди ин қадар солҳои тӯлонӣ бори аввал насиб кард, ки ба сифати шаҳрванди комилҳуқуқи Ӯзбекистон дар интихоботи президентӣ ширкат кунам ва мисли ҳамдеҳагон, ҳақу ҳамсояҳо ва ёру ошноҳоям ба ҳавзаи интихоботӣ омада, ба тарафдории номзади муносиб овоз диҳам. Ман аз чунин имконияти худ бо ҷидду ҷаҳд ва хушҳолии том истифода намудам.
Бовар дорам, ки Президент Шавкат Мирзиёев дар панҷ соли баъд низ ба ҳар як шаҳрванди мамлакат ғамхорӣ зоҳир менамояд, амнияту осоишро ҳамеша дар кишвар таъмин мекунад ва зиндагии мардуми мо боз ҳам фаровонтар мешавад.
Ҳоло дар даст шиносномаи хориҷӣ низ дорам ва метавонам тавассути он ба кишвари дилхоҳ сафар кунам. Барои чунин имконият ба сарвари давлат, ки дар интихобот бо аксарияти овозҳои интихобкунандагон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дубора интихоб гардид, ибрози сипосгузорӣ мекунам. Мардуми мо ояндаи худ ва наслҳои баъдиро низ худаш интихоб намуд ва Шавкат Мирзиёев Ӯзбекистони азизи моро дар арсаи байналмилалӣ боз бештар шӯҳратёр хоҳад намуд.
Раҳмиддин
САЙДИНОВ,
ноҳияи Сӯхи
вилояти Фарғона.