Ҳофизи навбаромад ба мардум писанд наомад.
Ҳама оҳиста-оҳиста толорро тарк карданд. Танҳо як нафар монду халос.
Ҳофиз аз ӯ пурсид:
– Чаро мардум толорро тарк карданд?
– Намедонам, шояд шеъру оҳанг маъқул нашуд.
– Пас, ба шумо маъқул, ки нишастаед?
– Не, ман посбони биноям, агар сурудхониро тезтар қатъ мекардед, дари биноро мебастам.
Анбӯр
Мӯйсафеде барои кандани дандони охирин ба пеши духтур омада гуфт:
– Духтурҷон, садафи охирини даҳонамро гиред.
Духтур табассумкунон, майлаш, бобоҷон, гуфту илова кард:
– Канӣ даҳонатонро кушоед.
– А-а, – каме даҳонашро боз кард мӯйсафед.
– Калонтар кушоед, калонтар!
– Бачам, ба даҳонам анбӯр медарояд, ё худи ту?
Таҳияи ДАРВЕШ.