МАН САФАР КАРДАМ БА ХУБОН...

Дараи овозадор ва мӯъҷизавори Хондиза ва Сангардак.

Дараи овозадор ва мӯъҷизавори Хондиза ва Сангардак. Фикр мекунам, ки ин дараҳоро бо мӯъҷизаҳои нотакрору табиати дилкашаш мардуми кишвар хуб мешиносанд. Зиёрат намудани Хондизадеҳу Шаршарамазор ва дигар ҷойҳои ин мавзеи хушманзараро низ ҳар кас орзу менамояд.
Ба наздикӣ мо сайри деҳаҳои ободгаштаи Хондизаву Сангардак ва алалхусус, деҳаи Хӯҷаи Хубон намудем, ки бароямон таассуроти хуб бахшид.
Воқеан, табиати диёри мо, бахусус ноҳияи Сариосиё ва манзараҳои дилкаши онро тамоми мардуми кишвар хуб мешиносанду бо фурсат ёфтан аз вақти барояшон пурқимат ба ин ҷо мешитобанд. 
Сараввал ба деҳаҳои Деҳбодому Деҳсурхи дараи Хондиза сафар намудем. Азбаски хонандагони мактаб ҳоло дар таътил будаанд, бо онҳо мулоқот муяссар нашуд. Бо директорони мактабҳои рақами 40 – Шамсулло Муродов ва рақами 75 – Шодмон Юсуфов вохӯрда оиди ташкили обуна барои соли оянда гуфтушунид намудем. Ваъда доданд, ки ба рӯзномаҳои «Овози тоҷик» ва «Ховар» ҳатман обуна мешаванд. Дар Деҳсурх моро марди маърифатдӯсту меҳмоннавоз Саидаҳмадака Раҳимов пешвоз гирифт. Суҳбати мо то қарибиҳои субҳ идома ёфт...
Дарвоқеъ, чанд сол пештар камина бо ҳамроҳии собиқ мухбири рӯзномаи «Садои Сурхон» Фозил Шукурзод ва бо раҳбаладии шоири нуктасанҷ шодравон Сулаймони Хоҷаназар бори нахуст ба ин деҳа сафар намуда будем. Мардуми меҳмоннавози ин мавзеъ моро гарму ҷӯшон истиқбол намуданд ва аз таърихи барояшон хело гиромию соҳибқадр ба мо намунаҳо ва маълумоти саҳеҳ доданд, ки дар як шумораи рӯзномаи «Садои Сурхон» таҳти сарлавҳаи «Хондиза – дараи пурмӯъҷиза» интишор ёфта буд. 
Ин дафъа бо ҳамроҳони нав як ҷаҳон таассуроти нек аз дидори гарми дӯстону мардони маърифатпарвари ин деҳа бардошта, субҳи дигар ба роҳи Сангардак пайвастем. Мо мебояд ба деҳаи Хубон сафар менамудем, ки ин деҳа дар баландтарин қуллаи дараи Сангардак, яъне поёнтар аз шафати Шаршарамазори маълуму машҳур ҷой гирифтааст. 
Аввал мо бо директори мактаби рақами 42-юми ин мавзеъ Иноятуллоҳ Муродуллоев вохӯрдем. Мавсуф ба мо доири таърихи бою рангоранги ин деҳаи овозадор маълумоти саҳеҳ дод. Аз ҷумла, ӯ пиромуни мактаби зодгоҳаш чунин гуфт:
– Мактаби таълими умумии рақами 42 ва шохоби он дар асоси талаби давр сохта ба истифода дода шудааст, ки дар он устодони соҳиби касби баланди омӯзгорӣ аз қабили Рустамбек Тӯраев, Бахтиёр Ҳайитов, Ибодулло Иноятов, Ҷӯраназар Бегматов ва дигарон, ки дар таълиму тарбияи шогирдон маҳорати баланди педагогӣ доранд, ба фарзандони деҳ дар асоси стандартҳои давлатии таълим сабақ медиҳанд. Мактаб бо шароити зарурӣ, асбобу анҷом ва аёниятҳои замонавӣ ҷиҳозонида шудааст. Хулосаи гапро гӯям, барои мо кӯҳистониён аз тарафи ҳукумати кишвар муҳайё гардидани ин гуна шароити муфидро як фоли неке мешуморам. Мақсади ниҳоии мо бошад шогирдони лаёқатманд тарбия намудан аст, то ин ки дар оянда манфиатбахши ҷомеа гарданд.
Бар замми ин, нақшаи таъмири роҳи деҳа таҳия гардидааст. Ҳар як хонадон бо газбалонҳо таъмин гардидаанд, ки ин меҳнати занону духтарони кӯҳистонро хеле осон менамояд. Хатти барқ ҳам кашида шудааст, ки аҳолӣ 24 соат бо барқ таъмин мебошанд. Инчунин, бо ташаббуси мӯйсафедони деҳа масҷиди замонавӣ  барпо гардидааст, ки бо амалӣ намудани қоидаҳои карантин имрӯзҳо низ фаъолият дорад.  
Назар ба гуфтаи ин устод дар ин деҳа зиёратгоҳи Хӯҷаи Хубон мавҷуд будааст, ки мардумони деҳа ифтихори зиёд аз ин марди шарифе, ки номаш дар саҳифаҳои таърихи ин дара, сабт гардидааст, менамоянд. Ба замми ин, ҳар сол дар чаҳор фасли сол ба зиёрати ин хокҷой нафарони гуногуне аз гирду атрофи ватани паҳноварамон меоянд, ки мардуми деҳа ҳамеша ба зиёраткунандагон дар муносибати хуб буда, ҳурмату эҳтироми онҳоро ба ҷо меоранд.
Ҳоли ҳозир дар деҳаи Хубон зиёда аз 100 хоҷагӣ истиқомат менамояд. Баҳри ба шогирдони мактаби рақами 42 ва шохоби он дар болотарин қисми деҳа наздикии 20 нафар омӯзгорон ба 200 нафар шогирдон таълиму тарбия медиҳанд.
Дарвоқеъ, мардуми ин деҳаи дурдаст асосан ба боғдорӣ ва чорводорӣ машғул мебошанд. Бовар намоед, кас аз тамошои боғҳои бунёднамудаи аҳолӣ дар шароити кӯҳистон новобаста аз роҳҳои пурпечутоб ва кам дастрас гардидани об ва шароити муфид ба ҳайрат меояд. Алалхусус, рӯйи дасторхони сокинони деҳаро себу нок ва чормағзу пистаи хандон оро медиҳад, ки дарҳақиқат ба дараи пурмӯъҷиза будани ин ҷо таҳтидилӣ бовар намуда, шоду хурсанд ҳам мегардем.
Вақте меҳмони хонаводаи марди шариф, посдори маънавияту маърифат, ки имрӯзҳо ба синни мубораки 60 қадам гузоштааст — Рустамака Тӯраев гардидем, омӯзгори соҳибмалака аз омадани мо ба ин деҳа хеле шод гардид ва хурсандии худро бад-ин тарз изҳор намуд:
– Ростӣ, аз ҳузури шумо ба ин деҳа табъам болида гардид. Деҳаи Хубон мӯъҷизакор аст. Агар не, ман бо вуҷуди имкониятҳоям метавонистам, дар маркази ноҳия зиндагонии хубро ба роҳ монам. Аммо деҳаи Хубонро дӯст медорам ва якумрӣ дар канори он будан орзуи ҳамешагии ман аст. 
Он шабе, ки дар хонаводаи ин марди шариф суҳбатҳои гарму ҷӯшон доштем, чун одати сокинони деҳа, чанд нафар ҳамдеҳагон ба суҳбати мо пайвастанд. Чун омӯзгор Шавкат Тӯраев, Мелиқулака Соҳибов (яке аз фаъолони деҳа ва маъракаоро) суҳбати моро гарму нарм намуданд.
Бад-ин тариқ, сайру саёҳати мо аз деҳаҳои назарраси Хондиза ва Сангардак ба поён расид. Сафари мо хело хотирмон буд. Махсусан, суҳбат бо одамони оддиву поквиҷдон дар ин мавзеи баландкӯҳ хеле табъи дил буд.
Ҳангоме ки аз кӯҳистони Хубон ба поён мефаромадем, назарам ба Деворкӯҳи азим афтид, ки масофаи он хеле наздик ба назар мерасид. Манзараҳои зебо диққати моро ба худ  мекашид ва дигарбора ҳис кардем, табиати диёри мо чи қадар фусункор ва дар баландкӯҳҳо одамони сарбаланд аз пайи ободӣ шуда, баҳри боз ҳам хурраму зебо шудани зиндагӣ дар Ватани маҳбуб камарбастаанд.

Солеҳи МУҲАММАДҶОН,
Олим ПАНҶИЗОДА,

вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: