«МАН ВАТАНРО БЕШ АЗ ҲАРВАҚТА ДОРАМ ДӮСТТАР»

Ҳаётамро бе санъат тасаввур карда наметавонам.

45 сол инҷониб дар саҳна ҳунарнамоӣ мекунам ва дар ин бобат албатта, дастгирии мардуми қадршиноси кишвари азизамро эҳсос менамоям.
Ҷашни 27-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои ман ид болои ид буд. Дар арафаи тантанаҳои ҷашнӣ бахт ба рӯйи ман хандид, дар синни 63-солагӣ, ки синни пайғамбарона меномем, марҳамати Офаридгор буд, ки соҳиби унвонҳои фахрии давлатӣ шудам.
Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо ордени «Меҳнат шуҳрати» ва тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони фахрии «Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон» сарфароз шудам.
Боиси таъкид аст, ки соли 2018 барои халқҳои бо ҳам бародари Тоҷикистон ва Ӯзбекистон соли воқеан таърихӣ гардид. Ба шарофати азму иродаи қавии роҳбарони ҳар ду давлат тамоми маҷмӯи масъалаву мушкилоте, ки дар муддати зиёда аз ду даҳсола дар байни давлатҳои мо ба миён омада буданд, ҳаллу фасл шуданд. Сарони ду давлат муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  тавонистанд ормонҳои чандинсолаи мардуми ӯзбеку тоҷикро амалӣ созанд.
Вақте ки аз дасти ду Президент унвонҳоро гирифтам, аз ҳаяҷон ашки шодӣ аз чашмонам ҷорӣ шуданд. Ба Офаридгор шукронаҳои беадад гуфтам.
Дар саҳнаҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон сурудҳои классикӣ, мақом, халқии ман ба ҳар ду забон садо додаанд ва хушбахтам, ки мухлисони зиёде дорам.
Ман ваъда додам, ки сурудҳои нави зебои тоҷикиро рӯзҳои наздик ба сифати гулдастаи тару тоза ба онҳо армуғон хоҳам кард.
Ҳамчун модар, ҳамчун Ҳунарпешаи халқии ду кишвари бародар ба Сарони ду ҷумҳурӣ аз даргоҳи Худованд сиҳҳату саломатӣ, умри дароз, дар кори бузург ва пуршарафи онҳо комёбиҳо орзу менамоям ва ба таъбири шоир «Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар».

Матлуба ДАДАБОЕВА,
Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: