«МАН ҲАМ ОЧА ДОШТАМ...»

Тамоми эҳсосоти аҷиби дунё, ки барои инсоният офарида шудааст, гузаро мебошад, ғайр аз меҳри модар.

Тамоми эҳсосоти аҷиби дунё, ки барои инсоният офарида шудааст, гузаро мебошад, ғайр аз меҳри модар. Аз ноомади кор молу мансаб аз даст рафтану аз бесадоқатӣ дӯстӣ завол ёфтанаш мумкин, аммо меҳри модар ҳар лаҳза ҳамроҳи ману шумо. Ӯ пойдор аст. Ҳар яки мо – хоҳ пир, хоҳ ҷавон барои модари худ ҳамеша чун кӯдак мемонем.
Ба гуфтаи шоир:
Дилам ҳар гаҳ ки бар ёди ту гум зад, шеърҳо гуфтам,
Бикардам баҳри таскини дили худ номи ту такрор.
Агарчи борҳо хондам Ватанро ҷойи ту, модар,
Ватан, маъзур, меҳри модарӣ будаст нотакрор.
Айёми бачагиямро ба ёд меорам. Модарам маро мегуфт: «Хон, духтарам, хон. Ман армон дорам, ки нахондаам, аммо ту, албатта, бояд хонӣ. Даме, ки туро дар либоси омӯзгорӣ ба сӯйи мактаб шитобон мебинам, орзуву армонҳоям амалӣ мегарданд». Ин суханҳои модарам маро илҳом мебахшид ва дарстайёркуниро канда намекардам. 
Рӯзе директори мактабамон ба хонаи мо омад. Ӯ фикри дар озмуни фаннӣ иштирок намудани маро ба падару модарам пешниҳод кард. Аз шунидани ин модарам хушҳол шуд, падараму бародаронам эътироз доштанд, ки ташвиши зиёдатӣ аст. Вале модарам фикри худро боло гузошту бароям тамоми шароитро муҳайё сохт. Ӯ ҳар доим маро ба озмунҳои кӯчак гусел мекарду даст бар дуо мебардошт, то ки бо сари баланд баргардам. Ҳамин тавр ҳам шуд. Дар озмуни ҷумҳуриявӣ иштирок кардам. Аммо ҷойи ифтихориро гирифта натавонистам. 
Лаҳзаҳои охирини имтиҳонсупорӣ. Ман хомӯш будаму модарам саросема. Ниҳоят саъю кӯшиши модарам буд, ки дар дилам боз шуълае пайдо гардид. Ба Донишкадаи омӯзгории Ангрен ҳуҷҷат супоридам. Бо азми тақдир ба таври шартнома дохил гардидам. Боз ҳамон ҳолати дерина, боз ман дар миёни ду оташ: бародаронам муқобили хондани ман, аммо модарам инро ҳатто гӯш кардан ҳам намехост. Ман бошам ба ғам фурӯ рафта будам, зеро хаёли ба рӯзгори оила зиён расонидан маро ором намегузошт. Ба худ қарор кардам: соли оянда боз ҳаракат мекунам. Аммо модарам бароям шарт гузошт: ё мехонӣ, ё то соли оянда ба шавҳар медиҳамат. Бешубҳа, ман якумиро интихоб намудам. 
Ва ниҳоят номи шарафноки донишомӯзро сазовор гаштам. Дар донишкада аз устодони таҷрибадору равшанзамир, мисли Фарҳоди Исомиддин, Рӯзибойи Қурбониён, шодравон Рустам Ғаниев ва дигарон  илм омӯхтем.
Ман соле як ё ду бор аз ҳоли модари дарунсӯхтаам хабар мегирифтам. Модарам ҳар даме, ки маро пазмон мешуд, рахти нону дигар чизу чораҳоро бардошта, аз қишлоқи хурдаке, ки дар домани қаторкӯҳҳои Нурато ҷойгир аст, ба шаҳри Ангрен мешитофт. Дар назараш на заҳмати роҳ менамуду на чизи дигар...
Ниҳоят баъди чор соли таҳсил дипломи сурхро ба даст гирифтам. Хушнудии модарам ҳадду канор надошт.
Солҳо паси сар гашт, ман соҳиби оилаю ду фарзанди ширин. Таи ин солҳо дар ҷустуҷӯи кор шудам, дар ин роҳ ба душвориҳое рӯ ба рӯ омадам. Ба ҳар ҷое муроҷиат кардам, тамоми дарҳо ба рӯям баста буд. Бисёр ғамгин будам, ки модарам бо заҳмату кӯшиши зиёде маро хононд, ба ивази ҳамин қадар хизматаш барояш мехостам аз маоши муаллимиям рӯймоле туҳфа кунам.
Такмили ихтисос кардаму касби дуюмро ба даст овардам. Шавҳарам, ки ҳарбӣ аст, дар шаҳри Қаршӣ адои хидмат мекунад. Ҳоло шаш сол боз дар ин ҷо истиқомат дорем.
Ман дар яке аз мактабҳои ноҳияи Қаршӣ ба якумхонакон дарс медиҳам. Орзуву армони модарам имрӯз ҷомаи амал пӯшидааст, чунки ман ҳар рӯз бо либоси омӯзгорӣ ба сӯи мактаб мешитобам. Ман низ ба орзуям расидам, аз маоши нахустини худ барои модарам рӯймоле харидам.
Чанде пеш дар асоси панҷ ташаббуси Президент байни 69 мактаби ноҳия озмуни рассомони синфи якум баргузор гардид. Чанд рӯз пеш аз озмун ба модарам занг задам, гуфтамаш, ки бароям ҳар саҳар дуо гӯяд, то ки шогирди тайёрнамудаам зафар ба даст орад. Гуфт: дуоҳои ман ҳамеша бо туст, духтарҷонам!
Боварии комил доштам, ки дуои модар соҳир аст, шогирди хурдаки ман ҷойи ифтихориро соҳиб гашт. Инро барои худ шараф донистам. Ҳамаи ин меваи заҳмату «мубориза»-и модарам аст. Ман низ ҳар панди ӯро сармашқи кори худ меҳисобам.
Шояд ожангҳои рӯяшу дасту пои дарднокаш нишонаи заҳматҳояш бошад. Даме ки ғамаш боло мегирад, дили модарамро чизе мекобаду ашкаш мерезад ва чун дар деҳоти мо модарро оча мегӯянд, ӯ мегӯяд: «Замоне ман ҳам оча доштам...» Акнун ман фаҳмидам, ки ӯ низ хумори меҳри модар мекардааст.
Ҳоло  аз модарам хеле дур зиндагӣ дорам. Кошкӣ бол мебаровардаму парида рафта аз ҳолаш хабар мегирифтам, рухи чинафтодаву мӯйҳои сафедашро сила мекардам. Шуморо бисёр пазмон шудам, оҷаҷонам!

Умеда ОРЗУМУРОДОВА,
муаллимаи мактаби рақами 31-уми ноҳияи Қаршии вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: