«МАН ЁД КАРДАМ, ОЧА...»

Яке аз рӯзҳои сарди зимистон буд.

Яке аз рӯзҳои сарди зимистон буд. Гуландом аз занги соат бедор шуд. Пардаи тирезаро оҳиста яклаба ва ба берун нигоҳ кард. Ҳама ҷо сап-сафед барф. «Имшаб ҳам боридааст, то аз хоб хестани бачаҳо ба оғилхона, ошхона ва дарвозахона бояд роҳ кушод», аз дил гузаронд ӯ. Аз болои курта нимчаи пахтагинашро пӯшид, ба сараш рӯймоли калонашро басту ба берун баромад. Дар таги дар бели чӯбин, ки шавҳари раҳматиаш сохта буд, меистод. Онро гирифту ба ҳезумхона роҳ кушод, як бағал ҳезумро гирифта ба хона даромад. Хокистари бухориро тагурӯ кард. «Ҳоло хокистараш кам будааст, якбора бегоҳӣ тоза мекунам» аз дил гузаронд ӯ ва ҳезумҳоро дарчинд. Дар зери онҳо коғазпораро монду гӯгирд зад. Ҳезум, ки камтар нам кашида буд, ба осонӣ дарнагирифт, чойнак, обдастаи болои бухориро аз об пур кард. Боз ба берун баромад, белро гирифту барфи роҳрави ошхона, молхона, ҳоҷатхонаро тоза кард. Аз ошхона дар лаганди калон орд гирифт, элаку суфраро низ гирифта ба хона даромад. Оташи бухорӣ гуррос зада месӯхт ва аллакай оби чойнак меҷӯшид. Обро гарму хунук карда ба хамиршӯрӣ шурӯъ кард. «Ба набераҳоям нону кулчаҳои гарм пухта диҳам, ду-се рӯз аз ширу ҷурғоту қаймоқ сер шаванд, охир онҳо ҳама чизро харида мегиранд», аз дил гузаронд ӯ. Духтари калониаш дар шаҳр зиндагӣ мекунад. Домодаш шифокор, духтараш ҳамшираи тиб. Онҳо як духтару ду писар доранд. Дар таътили тобистонаю зимистон ва рӯзҳои ид ӯро диданӣ меоянд.
Гуландом хамирро гашта-гашта мушт заду болояшро бо дастурхон ва кӯрпаи ғафс пӯшонд. Духтару набераҳояш ҳам як-як бедор шуда аз пайи дастурӯйшӯйӣ шуданд. 
– Момоҷон, оби обдаста ин қадар хунук? – гуфт набераи хурдакакаш Сафия.
– Вой бар ҳоли мани фаромӯшхотир, оби гармро ба берун набаровардаам, ҳозир, ҷони момо, – Гуландом саросема обдастаи болои бухориро гирифту ба берун баромад.
То шустушӯ кардани бачаҳо дастархон паҳн кард. Дар косаҳо шир, дар пиёла қаймоқ, равғани зард андохт. Мураббои себ, зардолу, олуча, ки аз меваҳои боғ худаш тайёр карда буд, гузошт. Ҳама бо иштиҳо нонушта карданд. 
Гуландом ба духтараш Гулчеҳра нигоҳ карда рамуз гирифт, ки табъи ӯ хира аст, лоғар шудааст. Гапро аз куҷо сар карданро надонист.
– Духтарам, худаш чӣ гап, магар ягон ҷоят дард мекунад? Ду рӯз боз табъат хира, оилаат тинҷ аст, магар туро хушдоману шавҳарат ранҷонданд? – пайи ҳам савол дод Гуландом.
– Очаҷон, тинҷӣ. Феъли хушдоманамро медонед, аз ин пеш ҳам дар бораи ин ба шумо гуфта будам. Ба ҳар як кори ман эрод мегирад, аз хӯрокҳои пухтаам камбудӣ меҷӯяд. Дирӯз модарамро диданӣ равам гуфта пурсидам. Ӯ бошад, «ҳама вақт ту диданӣ меравӣ, очаат ҳеҷ гоҳ аз туву набераҳояш хабар намегирад», гуфту боз ду-се гапҳои зиёдатӣ зад. Барои ҳамин камтар аз онҳо ранҷидам.
– Хайр, ҳеч гап не, хушдоманат одами куҳансол, ту набояд аз ӯ ранҷӣ. Сабр кун, бачаҳоят калон шаванд, ҳамааш фаромӯш мешавад. Ман ҳам дасти танҳо, молу ҳол, боғ, хонаву дар гуфтагӣ барин, ба кӣ партофта меравам? Дар шаҳр набошам, ки дарро қулф зада, бехавотир 5-6 рӯз монда равам.
– Очаҷон, магар хушдоманам инро намедонад?
Бо ҳамин суҳбати очаю духтар анҷом ёфт.
Гулчеҳра модари танҳояшро пазмон мешуд. Падараш хеле ҷавон, ба беморие гирифтор шуду аз олам чашм пӯшид. Се духтар паси ҳам ба шавҳар баромаданд. Модари меҳрубонаш қасди ҷудоӣ, танҳоӣ ва пазмониҳоро аз меҳнат мегирифт. Мана, ҳоло ҳам дар танӯр нон мепазад, дар деги оташдон шӯрбо миқир-миқир ҷӯшида истодааст, ҷурғотро ба гуппӣ андохта мондааст, сонитар равғани онро ҷудо карда мегирад. Саҳарӣ гову новвосашро ба подабон супурда омад, акнун оғилхонаро бояд тоза кунад.
Ҳар дафъаи ба хонаи падар омадан Гулчеҳра мегуфт: «Оча, бо мо зиндагӣ кунед ё аз набераҳоятон ҳамроҳ гиред. Мо ҳам бехавотир мегардем».
– Духтарам, аз домод шарм медорам, хушдоман, падарарӯс дорӣ, дар назди онҳо хиҷолат мекашам. Ҳар як фарзанд бо падару модари худ ба воя расад. Мана, набераи мактабхони Соҷигул, ки доимо бо ӯ буд, дар мактаб сигор кашиданашро дар маҷлиси падару модарон муҳокима кардаанд. Келинаш ба сари Соҷигул дод задааст ва гуфтааст, ки ба ҳамаи ин шумо айбдор. Набераатонро эрка кардаед.
Гуландом ба набераҳо, ки ин сӯ, он сӯйи ҳавлӣ медавиданд, нигоҳ карда хушҳол мешуд. «Охир, ба инҳо ҳам душвор. Дар шаҳр аз хона кам берун мебароянд, ҳама вақт таҳти назорат. Озодона даву тоз кардан наметавонанд. Якеашро мегирифтаму, аммо бачаи кас-да, аз ҷавобгариаш метарсам», аз дил мегузаронд ӯ.
Пардаи торикӣ фаро мерасид. Ҳама ба хона даромаданд. Ба ёди Гуландом беихтиёр се сагбачааш, ки 15 рӯза буданд, расид ва аз ҷояш хесту хост онҳоро ба алафхона, ки гармакак буд, дарорад. «Баҳ-баҳ» гуфта онҳоро ҷеғ зад, гирду атрофи ҳавлиро дида баромад, аммо онҳо дар ҳеч ҷо набуданд. Набераи калониро, ки панҷсола буд, садо дод:
– Самирҷон, сагбачаҳоро надидӣ?
– Момоҷон, ман онҳоро ба гуппӣ андохтам. Худатон гуфтед-ку, шаб дар берун намонанд, хунук мехӯранд. 
Гуландом ҷонсарак ба сӯйи гуппӣ, ки дар назди танӯрхона меистод, тохт. Ба гуппӣ, ки қариб ба қадаш баробар буд, хам шуда нигоҳ кард. Сагча питиррос мезад. Гуландом оҳиста гуппиро яклаба кард. Сагбачаи дар рӯй буда оҳиста, дуюмаш калавида-калавида аз он баромаданд. Сеюмаш, ки аз ҳама таг монда буд, аллакай сахт шуда мурда буд. Ин ҳолро дида Гуландом ҳангу манг шуд. 
– Эҳ, ҳайфи сагбача, фарбеҳаку лӯндаяк шуда буд, ман онҳоро дӯст медорам, охир онҳо ҳамроҳаки ман мебошанд. Писарам, ин чӣ кори кардаат? Эҳ, бачаҳои нодон! 
Гуландом хориаш омад ва аз чашмонаш ашк ҷорӣ шуд. Аҷибаш он буд, ки модари сагбачаҳо аз куҷое пайдо шуд ва ду сагбача ба сӯйи модарашон давида рафтанд. Модарсаг дид, ки бачаи сеюмаш намеҷунбад, наздиктар омада онро лесид, бӯй кард, бо пояш як-ду маротиба тела дод. Пас ба атрофиён имдодталабона нигоҳ кард. Аз нигоҳи саг маъние маълум буд: «Чаро бачаи маро куштед? Он чӣ гуноҳ карда буд?»
Гуландом ҳолати модарсагро дида беихтиёр гиря кард...
Баъди панҷ рӯзи меҳмонӣ Гулчеҳра анҷоми бачаҳояшро ғундошта, аз пайи рафтан шуд. Гуландом ба борхалтаи ӯ аз меваҳои хушки боғ, аз себҳои калон-калони беҷирм, равғану маска андохт.
Ҳангоми хайрухуш ба духтараш нигоҳ карда гуфт:
– Духтарам, хоҳӣ, ки рӯзгорат тинҷ ва осуда гардад, ҳар як сухани бемаъниро ба дил нагир, сабр ва қаноатро пеша кун. Ба аҳли оила бо забони ширин муносибат кун. Аз ман хавотир накаш, ҳавлии хоҳаронат наздик, онҳо зуд-зуд аз ҳолам хабар мегиранд.
Гулчеҳра модари меҳрубонашро ба оғӯш кашид, аз рухсорааш бӯсид. Вай надонист, ки ин бӯсаи охирин аз модар аст...
Вақте ба мошин савор шуд, аз радио овози ҳофиз ба гӯш расида дили озурдаи Гулчеҳраро боз ҳам озурдатар мекард:
Овози фораматро, 
Чашми гунаҳраматро, 
Шодиву ҳам ғаматро, 
Ман ёд кардам оча, 
ман ёд кардам оча.

Болину бистаратро, 
Рӯмолаки саратро,
Тӯмори дарбаратро,
Ман ёд кардам оча, 
ман ёд кардам оча...

Б. САОДАТ.         

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: