МАЪНАВИЯТ – ЗАМИНАИ МУҲИМИ САРМОЯИ ИНСОНӢ

Агар ба таърихи кишварҳои пешрафта назар андозем, шоҳиди он мешавем, ки дар онҳо давлат ба маориф таваҷҷуҳи хоса медиҳад.

Таваҷҷуҳ ба таълим, таваҷҷуҳ ба  фардо мебошад. Аз ин рӯ, сарвари давлатамон, бесабаб ислоҳоти низомро ба дараҷаи сиёсати давлат намебардорад.
Маълум аст, ки яке аз ҳафт самти муҳими Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав, рушди сармояи инсонӣ мебошад. Албатта, рушди сармояи инсонӣ бевосита ба таҳсилоти босифат, хидматрасонии босифати тиббӣ, пурмазмун гузаронидани вақти холӣ вобаста аст. Таваҷҷуҳи хоса ба раванди таълим, аз буҷаи давлатӣ ҷудо кардани 100 миллион доллари иловагӣ ба он боз як далели таваҷҷуҳи бузург ба соҳа мебошад. Ҷиҳати дигари муҳим дар давоми 3-4 сол дар доираи низоми нави рушди маориф ҷорӣ намудани усулҳои нави таълим буд. Оғози лоиҳаи умумимиллии бозомӯзии омӯзгорони мактабҳо дар асоси услуби нав эълон шуд.
Дар ҷамъомади видеоселекторӣ таҳти раисии сарвари давлат оид ба масъалаи маориф, самарабахшии ислоҳот дар соҳаи маорифи халқ аз нуқтаи назари танқидӣ таҳлил карда шуд. Президент Шавкат Мирзиёев онро зери тозиёнаи танқид гирифт, ки дар масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълим вазифаҳои зиёд муайян шудаанд, аммо дар низом дигаргуние ба назар намерасад. Бо нигаронӣ гуфта шуд, ки ҳокимиятҳои маҳаллӣ бояд соҳаи маорифро дар самти афзалиятнок арзёбӣ кунанд ва ин масъаларо дар мадди аввал гузошта, таҳти назорати шахсӣ гиранд.
Зимнан зикр гардид, ки дар ду моҳи охир шахсони масъул ба тамоми минтақаҳо рафта, дар ҷойҳо мушкилотро омӯхтанд ва дар 852 мактаб нишондодҳои сифати таълим, иқтидори омӯзгорон ва дохил гардидани хатмкунандагон ба мактабҳои олиро қайд намуданд. Масъалаи истифодаи маблағи буҷаи давлатӣ дар баъзе минтақаҳо суст буда, ғайриқаноатбахш будани сифати таълим дар мактабҳои ноҳияҳои дурдаст низ зери танқид гирифта шуд. Маълум аст, ки дар соҳаи маориф ҳанӯз бисёр корҳоро ба ҷо овардан лозим меояд.
Дар маҷлис боз ба як вазъияти дардноки соҳаи маориф низ дахл карда шуд. Яъне, 1526 мактаб дар кишвар аз нигоҳи тарбияи бачагон, давомот ва муҳити маънавӣ ба гурӯҳи «сурх» шомил шудаанд. Минтақаҳое, ки дар онҳо ин ҳолат мушоҳида мешавад, низ як ба як номбар карда шуданд. Ноҳияҳое, ки натиҷаҳои паст доранд, зери тозиёнаи танқид гирифта шуд, ки ҳокимон ба ин соҳа аҳамият надодаанд, мактабҳоро ба ҳоли худ гузоштаанд. Супоришҳои қатъӣ дар хусуси ба амал баровардани дигаргуниҳои ҷиддӣ дар ин самт дода шуд. Инчунин, то 1 июни соли ҷорӣ дар пойгоҳи марказҳои бозомӯзии ҳар як минтақа марказҳои миллии таълимӣ барои таҳсили муаллимон бинобар услубҳои нав таъсис дода, мутахассисҳои баландихтисоси хориҷӣ оид ба фанҳои табиӣ ва дақиқ ҷалб карда мешавад ва дар ҳар вилоят, дар бобати ташкил намудани «гурӯҳҳои мураббиён» низ ба масъулон супоришҳои дахлдор дода шуд.  
Пӯшида нест, ки бузургтарин мушкилоти имрӯзаи мактаб комилан кӯҳна шудани услуби таълим аст. Бинобар ин пешниҳод шуд, ки дар заминаи марказҳои такмили ихтисос марказҳои миллии таълимии омӯзгорон бо усулҳои нав таъсис дода шуда, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тошканд ба муассисаи базавии тайёр ва бозомӯзии омӯзгорони мактабҳо табдил дода шавад. Инчунин, қайд шуд, ки бо роҳи ҳавасмандгардонии муаллимон сифати таълимро ба куллӣ беҳтар намудан мумкин аст. Қайд гардид, ки дар натиҷаи ҷорӣ намудани низоми ҳавасмандгардонии омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, ки соли гузашта сертификати байналмилалӣ гирифтаанд, шумораи омӯзгорони соҳибихтисос дар вилоятҳои Навоӣ, Намангон ва Сурхондарё ба таври назаррас афзоиш ёфт ва ин таҷрибаро аз соли нави таҳсил дар фанҳои математика, химия, биология ва технологияи иттилоотӣ татбиқ кардан мумкин аст. Ғайр аз ин, тавсия шуд, ки консепсияи комилан нави ба куллӣ беҳтар намудани муҳити маънавии мактабҳо таҳия карда, талабот нисбат ба маънавиятчиёни мактабҳо аз нав дида баромада шавад, ба ин вазифа кадрҳои дар маҳалҳо соҳибобрӯ қабул карда шавад.
Ҳақиқатро гӯем, ҳангоми ба ҷойҳо баромадан дар баъзе мактабҳо мебинем, ки  худи роҳбарон ба тарбия муҳтоҷанд. Солҳои зиёд дар соҳаи таълим кор карда, ислоҳот ва навовариҳои ин сохторро бо диққат пайгирӣ мекунам. Ман ҳамчун омӯзгор пешниҳоди ташкили вохӯриҳои донишҷӯёнро бо намояндагони илму ҳунар, зиёиён ва пешвоён, соҳибкорони пешқадам, роҳбарони кластерҳо ва корхонаҳои саноатӣ қарори дуруст медонам. Дарҳақиқат, дар деҳаҳо, алалхусус дар ҳамаи мактабҳо, ин таҷриба бешубҳа самараи калон мебахшад.
Хуллас, ба бунёди Ӯзбекистони Нав бо кадрҳои пешқадам, ки ба ҳар як масъала муносибати нав доранд, ноил шудан мумкин аст. Мо, депутатҳо бояд барои бартараф намудани муаммою камбудиҳои асосии маориф дар ҳудудҳои худ ҷидду ҷаҳд кунем. Чунки, ҳар як инсон новобаста аз кӣ буданаш бояд фаромӯш накунад, ки ба таълим дахл дорад. Зеро ин масъала бевосита ба сарнавишти миллат ва кишвар вобаста аст.

Мавҷуда ҲАСАНОВА,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.          
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: