Бо тақозои касбу кор чанд сол аст, ки бо олами ҷиноят сару кор дорам.
Ҷиноятҳо гуногунанд ва табиист, ки ҷинояткорон низ якранг нестанд. Аммо ҳамаи онҳое, ки ба қонунҳо беписандӣ зоҳир карда, ба кӯчаи ҷиноят медароянд, як умумият доранд. Аксарияти онон аз маънавияту маърифати бузурге, ки гузаштагони мо – халқамон тӯли асрҳо офаридаанд, мутаассифона, бебаҳраанд.
Ба масъалаи китоб ва китобхонӣ эътибори махсус додани Президент бесабаб нест. Бино ба ақидаи файласуфон зиндагӣ занҷирест, ки тамоми соҳаҳоро ба ҳам васл кардааст. Сабаб ва оқибатҳо низ ҳалқаҳои ҷудонопазири ин занҷиранд.
Зану шавҳаре, ки дар умри худ ягон китоб нахондаанд, оё ба тарбияи фарзанд тайёранд? Саҳлангорӣ ба бунёди оила, саҳлангорӣ ба тарбияи фарзанд... магар сабабҳое нестанд, ки оқибатҳои аламовар ба миён меоваранд?
Аз шахсе, ки дар курсии ҷиноят нишастааст, мепурсем:
— Қуръони карим чӣ гуна китоб аст?
— Китоби муқаддас,— ҷавоб медиҳад ӯ
— Боз киҳо ва чиҳо муқаддасанд?
— Оё ин ба ман дахл дорад? – норозиёна рӯ турш мекунад вай.
Бале, ӯ намедонад, ки Ватан низ муқаддас аст, яъне марзе, ки дар он хуни нофаш рехтааст, ба он санги хиёнат андохтааст, қудсист. Ӯ намедонад, ки Қуръони карим маърифат меомӯзад, на ҷаҳолат,... зеро хиёнат ба Ватан ҷаҳолат аст.
— Дар бораи модар ягон шеър медонӣ?— мепурсем аз нафари дигар.
— Шеърхониро дӯст намедорам, – посух медиҳад ӯ.
— Магар намедонӣ, ки модар муқаддас асту озори ӯ гуноҳи азим?
— Ба ин гапҳои китобӣ фаҳмам намерасад.
Сад дареғ, ки ӯ рост мегӯяд. Зеро агар китоб мехонду дар замираш аз маърифат заррае асар мебуд, гиребони модарро гирифта, ӯро лагадкӯб намекард.
Падар бар қасди ҳамсари собиқаш пули алиментро сари вақт намепардозад. Модари аз ин рафтор аламзада писарашро аз вохӯрӣ бо падар манъ мекунад. Гузашта аз ин дар назди кӯдак ба шавҳари собиқаш лаънату нафрин мехонад, то андозае, ки писар низ ба падар бо чашми нафрат нигоҳ кунад. Рафтору кирдори ин зану шавҳари собиқро ҳоҷати шарҳ додан нест. Боиси таассуф аст, ки онҳоро такрор тарбия кардан аз дасти ягон муаллим намеояд. Аммо олами маънавии кӯдакро хароб кардани онҳо аламовар аст. Сад дареғ!
«Олими беамал — занбӯри беасал» мегӯянд. Муқаддас будани оиларо, гӯё ҳама медонанд. Аммо донистану амал накардан чӣ маънӣ дорад? – Шайтон аз роҳ зад, – мегӯянд дар чунин мавридҳо. Аммо намедонанд, ки шайтон ҳам як умр дар ҷустуҷӯи маънавияти суст аст.
Дар гузашта, агарчи бобою момоёни мо савод надоштанд, чи тавре ки дар урфият мегӯянд, «гӯшкашида» буданд. Савобро аз гуноҳ, одобро аз беодобӣ фарқ карда метавонистанд. Барои зарурати қазои ҳоҷат аз роҳ ҳафт қадам дуртар бош, мегуфтанд онҳо ба наберагону аберагон. Ҳоло роҳҳоямон обод. Нуқтаҳои бензинрезӣ, устохонаҳои таъмири автомобил, ошхонаҳо... дар ҳамаи онҳо шароит баҳри эҳтиёҷҳои зарурӣ мавҷуданд. Аммо боз чашмамон меафтад,ки рӯзи равшан дар паҳлуи роҳ... Охир, ахлоқ ҳам як рукни маънавият аст.
Аз озодӣ маҳрум кардани одам, ҳарчанд ҷинояткор аст, кори осон нест. Зеро ҳар як дақиқаи умри инсон ғанимат аст. Алҳол дар мамлакатамон барои пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ, баланд бардоштани маданияти ҳуқуқии аҳолӣ, алалхусус ҷавонон, корҳои зиёде ба сомон мерасанд, ки яке аз онҳо бо ташаббуси сарвари кишварамон гузарондани маҷлисҳои суди сайёр ва мулоқоти кушод бо аҳолӣ мебошад. Дар чунин суҳбату мулоқот мо бояд, пеш аз ҳама, ҷавононро ба китобхонӣ тарғибу ташвиқ кунем, зеро китоб сарчашмаи маънавияту маърифат аст. Маънавияти баланд аз панҷараҳои зиндон пурзӯртар аст. Дар ҷое, ки мардум худшиносу худогоҳанд, ба қавле шайтон он ҷо роҳ намеёбад, яъне роҳи ҷиноят баста мешавад.
Абдусаттор АБДУРАЗЗОҚОВ,
ҳуқуқшинос.