МАЪНАВИЯТИ МИЛЛИРО ҲИФЗ КУНЕМ

Имрӯз дар воситаҳои ахбори оммавӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва ғайра намоиши шодиву тантанаҳои арӯсӣ рӯз аз рӯз зиёд мешаванд.

Тӯй ин мероси маънавии миллӣ, анъанаи аҷдодӣ, маълум кардани ташкил ёфтани оилаи нав мебошад. Аз ин ҷо, арӯсӣ кори шахсии як фард, як оила не, балки кори ҷомеа, маҳалла, деҳа ё навоҳиву шаҳрҳо мебошад. Бинобар ин, пеш аз оғози тӯй, пирон тартиби гузаронидани онро бо хешу табор, калонсолон маслиҳат карда, фикру мулоҳизаҳои наздиконро мешуниданд, ба эътибор мегирифтанд.
Мутаассифона, имрӯз он ба кори шахсӣ, ба намоишкориву исрофкорӣ табдил ёфтааст. Гузаштагонамон барои ин маърака маблағи ҳалолу пок ҷамъ карда, маросими фотиҳаро гузаронида, ба ҳаққи хонадоршавандагон дуоҳои нек мекарданд, бахту саодат, фарзандҳои солиму солеҳ мехостанд. Ба дасторхон чизҳои  шубҳанокро намемонданд. Ният мекарданд, ки оилаи нав дар асоси пойдевори ҳалолу покиза, дуоҳои нек бунёд ёбад.
Лекин имрӯз дар маросими ақди никоҳ ба ҳалолу ҳаром ва амалҳои шаръӣ эътибор намедиҳанд. Тӯйҳои имрӯза бештар намоишкорона, дабдабанок, бо исрофи зиёд гузаронида мешаванд, рӯйи дасторхон баробари ғизоҳои хӯрданӣ, нушобаҳои гуногун мегузоранд, ки қимати онҳо аз оши дег якчанд маротиба бештар аст. 
Тӯй як шохаи маънавияти миллии мост. Мо бояд ба доғдор ва поймол гаштани урфу анъана ва қонуну қоидаҳои он роҳ надиҳем.
Бояд фаромӯш накунем, ки тӯй инъикосгари тартибу интизоми тамоми аҳли ҷамъият аст. Дар асл ҳам як шахс ё ки як оила наметавонад маърака диҳад, тӯй диҳад. Суру ҷашнҳо бо иштироки фаъоли хешу табор, ҳамсояҳо, дӯстону наздикон, аҳли ҷомеа баргузор мешавад. 

Назирҷон ЭРГАШЕВ,
ноҳияи Чуст. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: