Солҳои охир дар миқёси мамлакатамон барои тарғиби маънавияту маърифат дар байни ҷавонон аз тарафи давлатамон корҳои зиёд ба амал татбиқ мегарданд.
Солҳои охир дар миқёси мамлакатамон барои тарғиби маънавияту маърифат дар байни ҷавонон аз тарафи давлатамон корҳои зиёд ба амал татбиқ мегарданд. Бахусус, мусобиқаи китобхонон дар байни наврасон ҷолиби диққат аст. Ба воситаи телевизион намоиш дода шудани азназаргузаронии китобхонон дар байни мактаббачагон боиси ҷунбиши китобхонии оммавӣ гардид.
Мо хуб медонем, ки дар роҳи тарғиби маърифат китоб, матбуот, театр мавқеи асосиро соҳибанд. Қатъӣ назар аз рушди иттилооти технологӣ мутолиаи китоб воситаи асосии маърифат ба ҳисоб меравад.
Мутолиаи рӯзнома ва маҷалла ба васеъ гардидани ҷаҳонбинии инсон мусоидат мекунад. Мушоҳидарониву тасаввури бача бо воситаи китобхонӣ ташаккул меёбад.
Маърифатнокӣ бошад, яке аз шартҳои асосии пойдорӣ ва равнақи ҷамъият мебошад.
Аввал иқтисод, баъд сиёсат гуфтаанд. Мутаассифона, имрӯз нархи китобҳои бадеӣ хеле баланд аст. Шахсоне ҳастанд, ки ба хариди асари дилхоҳ барои фарзандонашон маблағи кофӣ ёфта наметавонанд.
Аз ин рӯ, имрӯз аксарияти мактаббачагон фақат аз китобхонаи мактаб фоида мебаранд, аммо дар баъзе китобхонаҳо низ асарҳои хонданибоб хеле кам аст.
Албатта, дар давоми соли хониш ба китобхонаҳои мактаб аз тарафи вазорат ва ҳомиён китобҳо дода мешаванд, аммо на ҳамаи он асарҳои бадеианд. Оиди газета ва маҷаллаҳо ҷойи гап нест, азбаски нархи онҳо хеле қимат аст, обунашавӣ ба он душворӣ меорад ва аз ин сабаб, миқдори обуначиён хеле кам аст.
Аз гуфтаҳои болоӣ бармояд, ки китоб, газета ва маҷаллаҳо манбаи асосии тарбия ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ҳукумат бояд барои васеъ дастраси омма шудани ин манбаҳо чораҳо андешида, аз ҳисоби ҷудо кардани маблағ ва сабук кардани андоз нархи онҳоро арзонтар гардонад.
Назирҷон ЭРГАШЕВ,
ноҳияи Чуст.