МАНБАИ ДАРОМАД

Соҳаи чорвопарварӣ дар мамлакат яке аз соҳаҳои сердаромад ба ҳисоб меравад.

Чорвопарварони чустӣ низ ба рушди соҳа на танҳо дар вилояти Намангон, балки дар миқёси ҷумҳурӣ низ саҳм мегузоранд.
Дар шуъбаи байторӣ ва чорвопарварии ноҳия мутахассисони донандаи касби худ босамарона фаъолият мебаранд. Дар ин шуъба қариб 50 нафар меҳнат мекунанд.
– Корҳои мо бо роҳи «устоду шогирд» ба роҳ монда мешавад, ки ин боиси ба даст овардани муваффақиятҳо мебошад, – мегӯяд роҳбари шуъба Ҳайдарҷон Йӯлдошев. – Бо мақсади идома додани ин анъана шуъбаи минтақавии маркази «Чорвонасл» ташкил карда, бо тавсияи маркази бо шуғл фаро гирифтани ҷавонон 12 нафар ҷавони бекорро бо кор таъмин намудем. Дар минтақа 6 дорухонаи ветеринария фаъолият дорад. Бо онҳо доири манъи фурӯхтани дору, ки аз рӯйихат нагузаштаанд ва сертификат надоранд, суҳбатҳо мегузаронем, ҷараёни кори онҳо доим зери назорат мебошад. 
Барои аз касалиҳои сироятӣ нигоҳ доштани молҳо ва ташкил намудани хидмати намунавии зооветеринария бо кумаки доруворӣ кимиёвӣ корҳои эмкунӣ давом дорад. Аз ҷумла, чорво, шутурмурғ ва паррандаҳои хонадони Қаҳрамон Аҳмедови сокини маҳаллаи Тоймас, Гулчеҳра Расуловаи маҳаллаи Ҳисорак, Абдураҳмон Суюмови алмосӣ дар асоси нақша аз назорати тиббӣ гузаронда шуданд. Инчунин оиди касалии ҳорӣ ва пешгирии оқибатҳои он байни аҳолӣ суҳбатҳо гузаронда мешаванд.
Аз ҷониби ходимони лабораторияи ветеринария-экспертиза дар бозору дуконҳо гӯшти хушсифат, тоза, ба талабот ҷавобгӯи чорвои калони шохдор, гӯсфанд, парранда, инчунин маҳсулоти хӯрокворӣ, моҳӣ, полизӣ, тухм, асал аз назорати ветеринария гузаронда, пас барои истеъмол ба фурӯши онҳо рухсат дода мешавад. 

Ш. ДАМИНОВА,
вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: