МАНБАИ ДАРОМАДИ АҲОЛӢ МЕАФЗОЯД

Дар Бухоро фабрикаи «Ekvatorial Chodak» ба кор сар кард.

Дар маросими кушоиши корхона баробари роҳбарони секторҳо, вакилони ҷамоаҳо, собиқадорони меҳнат, коргарону мутахассисони корхонаи саноати сабук ва кормандони расонаҳои ахбори оммавӣ ҳокими вилоят Ботир Зарипов низ иштирок кард ва суханронӣ намуд.
– Агар ба таъбири роҳбари давлатамон бигӯем, «Соҳибкор сарватманд бошад, халқ ҳам, давлат ҳам сарватманд мешаванд». Ба ин маънӣ имрӯз мо дар маросими кушоиши корхонае ширкат дорем, ки нафақат ба рушди саноати бофандагии вилояти мо, балки ба даромади ҳар як хонаводаи аҳолии он саҳми муносиб мегузорад, – гуфт ҳокими вилоят Ботир Зарипов. – Ман ба тамоми лоиҳасозону бинокорон, коргарону муҳандисон, кулли масъулоне, ки дар бунёди фабрика саҳми муносиб гузоштаанд, миннатдорӣ баён мекунам. Дар замоне, ки ба ташаккул додани иқтисодиёти инноватсионӣ, фароҳам овардани муҳити мусоиди сармоявӣ, бунёди саноати замонавӣ, вусъат додани робитаҳои ҳамкорӣ бо давлатҳо ва ширкатҳои машҳури хориҷӣ эътибори махсус дода мешавад, ба кор даромадани корхонаи мазкур дар ин бобат боз як ифодаи амалии саъю кӯшишҳои мост.
Пас аз ин пилтаи сурхи рамзии корхона бурида шуд. Ҷамъомадагони тантана бо шароитҳое, ки дар корхонаи муҳташам фароҳам оварда шудаанд, аз наздик шинос шуданд.
Дар фабрика сехҳои дарзудӯз, лоиҳасозӣ, анбор, хонаҳое, ки барои кормандон пешбинӣ шудаанд, ошхона ва шуъбаҳои дигар тарҳи замонавӣ дошта, мувофиқи талаби давр муҷаҳҳаз гардидаанд. Сехи бофандагие, ки айни ҳол беш аз 300 нафар дӯзандагонро бо кор таъмин намудааст, таҷҳизоти замонавӣ дорад, дар ин ҷо барои ҷамоаҳои меҳнатӣ сару либосҳои махсус, ҳамчунин аз матои ҷинсӣ шим ва дигар номгӯйи маҳсулот тайёр карда мешаванд.
– Ду сол муқаддам дар мактаби касбу ҳунарҳои рақами якуми ноҳияи Вобканд ихтисоси дӯзандагиро аз худ намуда, чанд муддат дар Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «G’ayrat Ekvatorial Chodak» кор карда будам, – мегӯяд сокини кӯчаи Навбаҳори ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Қурувчи»-и ноҳияи Вобканд Наргиза Ёдгорова. – Алҳол дар фабрикаи «Ekvatorial Chodak», ки дар маркази вилоят ба кор пардохт, кори худро идома медиҳам. Шароитҳое, ки дар ин ҷо барои мо фароҳам оварда шудаанд, хеле мусоид ва замонавӣ мебошанд. Моҳе 1,5-2 миллион сӯм маош мегирем. Барои дӯзандагоне, ки аз ноҳияҳо омада кор мекунанд, нақлиёти махсус хидмат мекунад, ки айни муддаост.
Барои маълумот бояд гуфт, ин корхона, ки ба сифати фабрикаи бофандагии ба номи Исмоил Фозилов дар кӯчаи Ҷӯйбори шаҳри Бухоро машҳур буд, бинобар инқирози истеҳсолот пароканда шуда, муддати беш аз 20 сол бекор мехобид.
Инак, соли дуюм аст, ки дар маҷмӯаи бозсозӣ ва мукаммал таъмиршудаву бо технологияи замонавӣ муҷаҳҳазгардида туфайли ӯҳдадории сармоявиро ба зиммаи худ гирифтани Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ғайрат Чодак» чораҳои ташкилӣ амалӣ шуданд. Дар натиҷа ҳудуде, ки 3,7 гектарро ташкил медиҳад, ба маҷмӯаи истеҳсолӣ табдил ёфт. Дар асоси қарори Президенти мамлакат «Дар бораи татбиқ намудани барномаи сармоявии барои солҳои 2020-2022-юм пешбинишудаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» аз 9 январи соли 2020-ум аз ҷониби Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ғайрат Чодак» лоиҳаи «Маҳсулотҳои тайёри дӯзандагӣ аз матои ҷинсӣ ва истеҳсоли пойафзори варзишӣ» бо арзиши 10 миллион долларина ба амал татбиқ гардид. Баробари ин мавзеи мазкур боз ба ҷойи обод ва маскани серодам табдил ёфт. Пешбинӣ шудааст, ки дар ин ҷо зиёда аз 1300 нафар бо кор таъмин ва фаъолияти мунтазами истеҳсолӣ ба роҳ монда шавад.
Туфайли лоиҳаи мазкур баробари омода кардани сару либосҳои махсус барои ҷамоаҳои меҳнатии вилоят аз газвори ҷинсӣ маҳсулоти тайёр ва ҳамчунин пойафзори варзишӣ истеҳсол карда мешавад. Ин имкон медиҳад, ки барои нишондиҳандаҳои содиротии вилоят барилова пойгоҳи захиравии 10 миллион долларина, ҳамчунин истеҳсоли маҳсулоти воридотӣ ба арзиши 20 миллион доллар зам шавад. Ин маънои ба буҷаи давлат ворид гардидани 12 миллиард сӯмина даромадҳои иловагиро дорад. 6,5 миллион доллари сармояи ҷудокардашуда ба бахши вилоятии «Халқ банки» тааллуқ дошта, 3 миллион доллари он маблағи шахсии соҳибкор ба шумор меравад.

Зариф КОМИЛОВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: