Соли хониши 1981-1982 буд.
Дар синфи даҳум мехондем. Устод Абдуназари Набӣ ба ҳар як дарси адабиёт бо худ рӯзномаи «Овози тоҷик»-ро меовард. Ва дар охири дарс хондани мақолаеро аз он вазифа медод. Он солҳо дастрас намудани рӯзномаву маҷалла ва ё китоби бадеӣ мушкиле надошт. Анқариб ҳар як хонадони деҳа ба «Овози тоҷик» ва дигар рӯзномаву маҷаллаҳо обуна буд.
Камина аз он замон бо «Овози тоҷик» ошноӣ дорам. Аз соли 1987 то ҳол ба ин ягона рӯзномаи тоҷикии ҷумҳурӣ обунаам. Пайваста мехонам, доир ба мақолаҳои хондаам андеша мекунам. Шодам, ки соли равон рӯзномаи дӯстдоштаам – «Овози тоҷик 100-сола мешавад. 100 сол аст, ки он дар ташаккули маънавияту маърифати мардуми мо саҳм мегирад. 100 сол аст, ки дар пойдории дӯстии халқҳо, ба хусус дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек хидмат мекунад. Мо рӯзномаро пас аз як ва баъзан ду ҳафта дастрас мекунем. Баъзан худ барои гирифтани он ба шӯъбаи алоқа меравам, гарчи дар масофаи 4 км дур воқеъ аст. Афсӯс, имрӯз мардум, ҳатто омӯзгорон ҳам, кам рӯзнома мехонанд ва ё умуман намехонанд. Ҷойи рӯзномаву маҷалларо шабакаҳои иҷтимоӣ забт кардаанд. Бо вуҷуди ин аз деҳа 5-6 нафар ба «Овози тоҷик», «Ховар» ва маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ» обуна мебошанд.
«Овози тоҷик» мактаби маънавӣ, мактаби забономӯзии ҳар як тоҷик буд ва мебошад. Мардуми мо ба ин масъала бештар ниёз доранд. Зеро онҳо бо шеваҳои гуногун ҳарф мезананд. Ҳатто лаҳҷаву шеваи мардуми деҳаҳои ҳамсоя аз якдигар фарқ мекунанд. Мисолан, тоҷикони деҳоти кӯҳпояи Нурато ба 4-5 шева гуфтугӯ мекунанд, на ҳама якдигарро хуб мефаҳманд. «Овози тоҷик» метавонад ин масъаларо ба танзим оварад. Ин вазифаи таърихии рӯзнома буд ва ҳамин тавр мемонад.
Имрӯз дар баъзе мактабҳои таълимашон ба забони тоҷикӣ шиору овезаҳо ба забони давлатӣ мебошанд. Вале дар мактаби мо – №43 ноҳияи Нурато, вазъият дигар аст. Мо шиору суханони сарвари кишварамонро танҳо аз рӯзномаи «Овози тоҷик» мегирем.
«Овози тоҷик» ифтихор ва нангу номуси ҳар тоҷик аст. Он манбаи худогоҳӣ ва хештаншиносӣ мебошад.
Кормандони рӯзнома ва муштариёни онро бо 100-солагии «Овози тоҷик» сидқан табрик мегӯям. Бигузор, умри «Овоз»-и мо дарозу пурбор бошад! Дар ин роҳи пуршараф монда набошед!
Дилмурод ҚӮЗИЕВ,
Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон.