МАНБАИ НЕРУСТ ШЕЪР

Воҷиди Аштӣ 26 январи соли 1960 дар деҳаи Ашти ноҳияи Ашти Тоҷикистон дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.

Ӯ ҳанӯз аз чаҳорсолагӣ аз бобояш – Абдураҳмон алифбои арабӣ, Ҳафтяк ва Қуръони Маҷидро омӯхта буд.
Нахустин шеърпораи ӯ дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» соли 1975 нашр шуд. Минбаъд чакидаҳои хомааш дар матбуоти даврӣ тез-тез нашр мешуданд. Мактаби миёнаро низ бо омӯзиши хуб ба итмом расонид. Шоир дар якчанд озмуни ҷумҳуриявӣ бо ғазалу рубоиҳои худ иштирок карда, обрӯманд гашт. 
Таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба эҷодкор асрори сухан гуфтан омӯхт.
Дафтари шеърҳои ӯ бо номҳои «Барги сабз», «Қасидаи истиқлол», «Хонаи уммед», «Қасидаи модар»,«Бо ёди ту бе ёдам», «Исёни рӯҳ» ба дасти хонанда расидаанд.
Дар поён ду намуна аз эҷодиёти Воҷиди Аштӣ ба алоқамандони каломи бадеъ пешниҳод мегардад.

Манбаи неру
 
Манбаи неруст шеър, азбас силоҳи шоир аст,
Дар набарди рӯ ба рӯ пушту паноҳи шоир аст!

Ҳамчу дӯлобе, ки мерезад пас аз ҳар раъду барқ,
Шер бар рағми адӯ ҳамчун сипоҳи шоир аст!
Ё ба ҳангоми ғазаб шамшери шеър алвонҷ хӯрд,
Оташи таркандае аз барқи оҳи шоир аст!

Чун сарояд мисрае холӣ зи дарди ошно,
Фоли некӯ нест ин, ҳоли табоҳи шоир аст!

Ё суруд аз боби нобобе, ки маҷбураш кунанд,
Пеши яктои ду олам иштибоҳи шоир аст!

Воҷидо, байте, ки мегӯӣ камону тири туст,
Дар дами пархоши ту пирӯзихоҳи шоир аст! 

Ишқ атои маъбуди яктост

Эй лабат бо нори лаъл афрохт ҷоми лоларо,
Эй рухат бо нури худ афрохт чашми воларо.

Баски ишқ эъҷози Яздон аст аз рӯзи азал,
Мекунад эҳё муҳаббат мурдаи садсоларо.

Булҳавас дорад ҳавас, аммо надорад сӯз ҳеч,
Шояд ӯ гӯяд суруди рӯзи ҳиҷрон ноларо.

Ошиқи саргарм гар резад зи чашм оби ҷигар,
Гӯӣ гармии тамуз эҷод созад жоларо.
 
Таҳияи 
Навбаҳор ҲАМРОҚУЛОВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: