Яке аз назди калоншавандае бо чеҳраи туршу димоғи сӯхта баромад.
Яке аз назди калоншавандае бо чеҳраи туршу димоғи сӯхта баромад. Дӯсташ сабаб пурсид. Вай даст афшонда, гуфт:
– Мушкилии сахте ба сарам афтод. Гӯр ин дасткӯтоҳии мо шавад, қарз даркор шуд. Гуфтанд, ки ҳамин одам доро, як даҳон пурсӣ, не намегӯяд. Сарамро хам карда, ба наздаш даромадам. Такаббуру калонгирӣ ва манмании ӯро дида, сад пушаймон шудам. Наход одам ҳам ҳамин хел шавад? Дилам сип-сиёҳ шуду аз баҳри қарзгирӣ ҳам баромадам. Акнун ягон илоҷи дигарашро меёбем.
Чаро баъзеҳо кибру баланддимоғӣ, манманиву ҳавобаландӣ мекунанд? Сабаб чӣ бошад? Аз ин кор оё онҳо ягон фоида мебинанд ва ё обрӯю нуфузи худро баланд мебардоранд? Дар ин замина чанде аз аҳли Самарқандро ба суҳбат кашидем.
О. ХОҶАЕВ, раиси хоҷагии фермерӣ аз ноҳияи Самарқанд:
– Ин хел одамҳо ҳастанд. Баъзеҳоро дар вақти кор ё суҳбатҳо мебинем, ки як-ду зина баланд мешинанд. Ончунон мағруранд, ки гӯё ҳокими мутлақ бошанд. Гапҳо калон-калон, бодигӣ аз осмон. Бо мансаб, пулу бойигарӣ ё мошину хонаву ҷойи худ мепарранд. Вале, вақте ки ба сари мақсад – корҳои хайр гузарем, дамашон ба дарун меафтад. Онҳо, ки бо роҳҳои гуногуни фиреб соҳиби амал ва ё дороӣ шудаанд, аз ҳисоби дигарон валинеъматӣ карданро дӯст медоранд. Камбағалҳо як бурда нонашонро аз таҳти дил бо дигарон ба ҳам мебинанд. Мо, ки бо замин сару кор дорем ва ризқу рӯзиамон аз пушти деҳқонӣ мебошад, дар зиндагии дурӯза мисли замин оддиву хоксор буданро афзал медонем.
Ҳ.ӮЗБЕКОВ, духтур, ходими Ҷамъияти ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарони шаҳри Самарқанд:
– Мағруриро касалӣ гуфтан мумкин не. Инҳо аз он сабаб ба вуҷуд меоянд, ки ягон кас иморати зӯр созад, мошини воҳиманоки хориҷӣ хараду дар он шишта гирад, аз вай ягон одами калон нест. Ин манманӣ, шояд аз бефаросотӣ маншаъ гирад? Чунки дигарон ин хел намекунанд. Одамгариро аз даст намедиҳанд. Ин гуна рафторро камақлӣ гӯед ҳам намешавад. Манманӣ аз якбора пулу мансаби касон ба даст овардан рух медиҳад. Ин рафтору кирдор хислати ганда аст.
А.ШАРОФИДДИНОВА, омӯзгори собиқадор аз ноҳияи Самарқанд:
– Мағруру димоғбаландҳо ҳозир бисёр шудаанд. Онҳо аз кадом ҷиҳат худро бартар меҳисобанд, ба худ ғарра мешаванд? Шояд аз каммаънавиятӣ ё мансабашон? Аз афташ, онҳо ҳикмати халқии «мо ҳам будем ту барин, ту ҳам шавӣ мо барин»-ро намедонанд. Яъне, таҷрибаи зиндагӣ надошта ва аз таҳлили кору кирдори худ ғофил ин хел рафтор менамоянд.
А. СОБИРОВА, сокини маҳаллаи Деҳнави ноҳияи Самарқанд:
– Мағруриву манманӣ ҳама аз нодонӣ, аз кӯр будани чашми дил аст. Касе, ки маънавияти баланд дорад, аз маърифату маданият бохабар аст, такаббуру худписандӣ намекунад. Одам, ки мутакаббиру мағрур шуд, зуд обрӯяш мерезад.
Ҷ.РАУФОВ, корманди осорхонаи шаҳри Самарқанд:
– Мағрурӣ, такаббур ба одамизод намезебад. Онҳо хислатҳои шайтонӣ мебошанд. Ғурур, ба фикри ман, танҳо ба Худо мезебад.
Манманиҳо пешаи
шайтон бувад,
Ҳар кӣ худро кам занад,
мард он бувад.
Бахтиёр ҶУМЪАЕВ.
Вилояти САМАРҚАНД.