МАНОРАИ ҶАРҚӮРҒОН

Ёдгории меъморие, ки дар ноҳияи Ҷарқӯрғони вилояти Сурхондарё ҷойгир аст, аз ҷониби ҳукмдори сулолаи Салҷуқӣ, амири Хуросон Абу Саъд Сумғур Бадрон ибни ал-Қумоч соли 1108-1110 бунёд ёфтааст.

Пойдевори манора аз курсии 8 кунҷдор сохта шудааст. Дар маркази ҳар як кунҷ тоқи айвондор мавҷуд. 
Ба воситаи яке аз ҳамин тоқҳо, ки дарича ҳам дорад, ба зинае, ки дар қис-ми дарунии манора ҷойгир аст, мебароед ва тавассути он то нуқтаи баландтарин, ки муаззинхона аст, мебароед.
Баландии ҳозираи манора 21,6 метр ва диаметраш 5,4 метрро ташкил мекунад. Дар девори вай  номи меъмори он Алӣ ибни Муҳаммад Сарахсӣ ва санаи бунёд гардидани манора китобат шудааст. Дар вақти бунёд баландиаш 42-43 метрро ташкил мекардааст.
Манораи Ҷарқӯрғон бо нақшу нигори зебои нотакрораш, ки чун баргҳои арча нозук аст ва бо нафосату салобаташ бинандаро ба ҳайрат меорад. Он яке аз се манораи дунё (Афғонистон, Ҳиндустон ва Ӯзбекистон) маҳсуб меёбад, ки дар шакли «мавҷ» бунёд ёфтааст.

Олим ПАНҶИЗОДА.
Вилояти СУРХОНДАРЁ. 

Суратгир: Р. ГАЛЕЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: