МАНЗАРАИ ЯК МАҲАЛЛА

Одамон дар ин маҳалла аз бесарусомониҳои зиёд норозианд ва ҳамеша бо шиква лаб во мекунанд.

Сухан дар бораи маҳаллаи «Қизилқум»-и ноҳияи Фориш меравад. 

Дар ин маҳалла беш аз чаҳор ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд.  Заминҳои бекорхобидаи гирду атроф баъди кофтани чоҳҳои обкашӣ ва артезианӣ корам карда шуд. Ва ин заминазхудкунӣ айни ҳол  аз ҳад гузаштааст ва ҳазорҳо гектарро ташкил мекунад. Дар натиҷа ба он оварда расонд, ки ба чорвои резаву калон: гову бузу гусфанди мардум чаро хеле кам мондааст. Аз ҷониби дигар соҳибони ин заминҳои корам барои ба кор даровардани насосҳои обкаши худ аз хати электре, ки ба аҳолии маҳаллӣ кашида шудааст, пайвастанду ба пастшавии қувваи электр оварда расонданд. Ҳоло одамон аз пастии қувваи барқ азият мекашанд. Насосҳои об кор намекунад, аз чоҳҳо об намебарояд. 
Порсол мувофиқи Барномаи давлатии «Обод маҳалла» барои обёрӣ намудани заминҳои наздиҳавлигии аҳолии маҳаллӣ барои 30 хонавода якто артезиан кофта доданд. Ҳамчунин ба ҳавлии ҳар як оила хати оби ошомиданӣ кашида шуда буд. Аммо бо ким-кадом сабабҳо ин кор то ҳол ба охир нарасидааст.
Ба наздикӣ аз Шӯрои фермерон, қитъаҳои замини наздиҳавлигии вилояту ноҳия, мутахассисони соҳаи замину оби ҷумҳурӣ ба ин маҳалла омада, бо одамон вохӯрданд. Аз телевизиони вилоят омаданд. Ҳама аз ин муаммоҳои ҳалталаб ҳарф заданд. Барои эҷобӣ ҳалли худро ёфтани масъалаҳои номбаргардида аз мутасаддиён ёрӣ пурсиданд.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: