МАНЗАРАҲОИ ДУРУ НАЗДИКИ РӮЗГОРИ МАРДУМ

  • МАНЗАРАҲОИ ДУРУ НАЗДИКИ РӮЗГОРИ МАРДУМ
  • МАНЗАРАҲОИ ДУРУ НАЗДИКИ РӮЗГОРИ МАРДУМ
  • МАНЗАРАҲОИ ДУРУ НАЗДИКИ РӮЗГОРИ МАРДУМ
  • МАНЗАРАҲОИ ДУРУ НАЗДИКИ РӮЗГОРИ МАРДУМ

Дар Маркази маънавиёт ва маърифати вилояти Сирдарё бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии Гулистон таҳти мавзӯи «Ҷойгоҳи арзишҳои Ӯзбекистон» намоиши санъати тасвирӣ баргузор гардид.

Дар он устоди факултети рангбории донишгоҳ Тоҳир Шоҳмуродов ва шогирдони ӯ расмҳои хешро ба маърази тамошо гузоштаанд. Дар чорабинӣ роҳбарони ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, аҳли санъат, донишҷӯён, наққошони касбӣ, санъатшиносон ва алоқамандони ҳунари тасвирӣ ширкат варзиданд.

Ҳокими вилоят Акмалҷон Маҳмудалиев таъкид кард, ки осори бадеию таърихӣ, тасвирҳо, лавҳаҳои гуногуни рӯзгорро дар худ ба таври ҳамешагӣ инъикос менамоянд. Бинанда ба онҳо нигоҳ карда, манзараҳои дуру наздики рӯзгори мардумро пеши назар меорад. Ватан, ҳуввияти миллӣ, зиндагии хушбахтона, лаҳзаҳои кӯдакӣ, таърих ва имрӯз, инсону табиат дар эҷодиёти рассомон дар ҳамоҳангии образу рангҳо моҳирона ифода ёфтааст. Пас, онҳо таърихро дар худ муҷассам мекунанд.

— Самарабахшии санъати тасвирӣ, ки ба накӯкорӣ, сулҳ, ризоият, маърифат нигаронида шудааст, оиди фарҳангу санъати халқӣ,  мероси моддиву маънавии гузаштагонамон ва асарҳои онҳо маълумоти муфассал медиҳад, — гуфт Шоҳмуродов.

Таъкид гардид, ки дар асарҳо меҳри Модар, фарҳанг, анъана ва табиати нотакрор манбаи бепоёни илҳоми рассом ба шумор меравад. Акси биноҳои давлативу таърихӣ, боғҳои истироҳатӣ, гулдухтарони миллатҳои гуногун, пирони барнодил, лаҳзаҳои ҷашнӣ, маҳсулоти ҳунармандӣ ва дигар ашёҳое, ки дар бораи табиат ва ҳаёти Ӯзбекистон  нақл мекунанд, аз ҷониби рассомҳо моҳирона инъикос шудааст.

 

Далер Азизов,

хабарнигори

«Овози тоҷик».

Вилояти СИРДАРЁ.     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: