Шаҳри Янгиюл дар миқёси вилояти Тошканд агарчи дар соҳаи саноат ва истеҳсолоти саноатӣ нақши чандон калон надорад, солҳои охир ба туфайли эътибори роҳбарияти ҷумҳурӣ дар ин ҷанба низ қадамҳои муҳим гузошт.
Шаҳри Янгиюл дар миқёси вилояти Тошканд агарчи дар соҳаи саноат ва истеҳсолоти саноатӣ нақши чандон калон надорад, солҳои охир ба туфайли эътибори роҳбарияти ҷумҳурӣ дар ин ҷанба низ қадамҳои муҳим гузошт.
Ба гуфти ҳокими шаҳр Фарҳод Мирзоев ин эътибор баъди ташрифи Президент соли 2018 оғоз ёфт ва маблағе, ки барои шаҳр ҷудо шуд, омили муҳими ин такон гардид. Қабл аз он дар ҳар мулоқоте, ки бо мардум сурат мегирифт, аз сабаби нарасидани маблағ фақат бо ваъдаи хушк иктифо мешуд. Аз ин боис, ба таъбири ҳокими шаҳр, сари роҳбарият дар назди халқ низ баланд аст, чунки ҳар ваъдае, ки гуфта мешавад, бо иҷрояш дар назди шаҳриён рӯсурхӣ меорад.
Дар солҳои охир бар замми пули буҷа, аз сармоягузорони хориҷӣ низ маблағ ворид мегардад. Яке аз чунин лоиҳаҳоро Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Женг фант инвестмент» бо сармояи Чин ба амал татбиқ менамояд. Лоиҳа дар ду марҳала анҷом дода мешавад ва ҷамъият бо маблағи аслии 112,8 млрд. сӯм фаъолият дорад ва 5 биноро ба ивази 6,5 млн. доллар таъмир карда, як бинои дигарро месозад. Дар натиҷа 70 хонаи замонавии бисёрошёна дар майдони 4422,06 м.квадрат бунёд мегардад.
Ин лоиҳа, ки дар шаҳр аз азимтарин майдони сохтмон ва маҷмӯа ба шумор меравад, ғайр аз биноҳои иқоматии 16 ва 25 ошёна, меҳмонхонаро низ дарбар мегирад. Тибқи сохтмон ва инфрасохтори имрӯз дар ин ҷо инчунин фурӯшгоҳҳо, нуқтаҳои хидмати маишӣ ва хиёбону маконҳои фароғативу истироҳатӣ, инчунин барои кӯдакон, барпо хоҳанд гардид. То ҳол сохтмони қисме аз ин биноҳои истиқоматӣ ва меҳмонхона ба анҷом расидааст.
Марҳалаи дуюми маҷмӯа, ки ҳамаи онро пурра корхонаи чиноии «Ши Гуо», ки дар шакли ҶММ фаъолият менамояд, ба амал татбиқ мекунад, ҳанӯз ба қолиби лоиҳа надаромадааст.
Дар шаҳр истеҳсоли ҷинс ва трикотаж низ ба роҳ гузошта шудааст, ки барои бунёди он 2 млн. доллар сармоя гузошта шуда, 250 ҷойи кор ташкил гаштааст. Фаъолияти он аз соли 2016 сар шудааст ва маҳсулоташ пурра соле дар ҳаҷми то 1 млн. доллар ба хориҷа – аз ҷумла ҷумҳуриҳои ҳамсоя фурӯхта мешавад. Дар айни ҳол ашёи хом аз Ҳинду Покистон ва Туркманистон оварда мешавад.
Дар шаҳр ҳунармандӣ низ аз эътибор дур намондааст. Барои ин қарору фармонҳои солҳои охир, ки Президент содир намудааст, омили муҳим мегарданд.
Беҳзод Мадраимов аз маъруфтарин ҳунармандони шаҳр ба шумор меравад, ки аз чӯб асарҳои санъат меофарад. Аниқтараш, аз решаи дарахтон. Ин усули кор ва ашёи хомаш боз ҳам ҷолиб аст, чунки барои ашёи аввалӣ ва масолеҳ буридани дарахтони сабзу зинда шарт нест. Корҳое, ки ӯ анҷом медиҳад, воқиан чашмҳоро мебаранд ва ин решаҳои дурушту дағал бо дастони усто ва шогирдони ӯ ба асари тасвириву амалӣ табдил ёфта, бинандаро мафтуни худ месозанд. Маҳсули дастони устоён аз ашёҳое иборатанд, ки онҳоро дар ҳаёти маишӣ ва рӯзгор ҳамарӯза мавриди истифода қарор додан мумкин.
Ин сафари журналистон, ки бо ташаббуси хизмати матбуоти ҳокимияти вилоят ташкил гардид, барои аҳли қалам ҷанбаҳои номаълум ва захираҳои номакшуфи ҳаёти иқтисодӣ ва маишии шаҳри Янгиюлро вонамуд кард.
Тоҷибой ИКРОМОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти ТОШКАНД.
Суратгир:
Р. ГАЛЕЕВ.