МАНЗИЛИ ОБОДДИЛОН ОБОД АСТ

Бо мутахассиси шуъбаи дастгирии маҳалла ва оилаи ноҳияи Поп Наргиза Яндашева аз маҳаллаи Ғурумсарой боздид кардем.

Бо мутахассиси шуъбаи дастгирии маҳалла ва оилаи ноҳияи Поп Наргиза Яндашева аз маҳаллаи Ғурумсарой боздид кардем. Дар ин ҷо сари ҳар қадам дуконҳои савдо ва хидмати маишӣ мавҷуданд, муассисаҳои таълимиву тиббӣ ба ҳусни деҳа меафзоянд. Корро аз ҷамоати шаҳрвандони маҳалла, ки дар бинои дуошёна ҷойгир шудааст, оғоз намудем. Моро раиси нави маҳалла Отабек Деҳқонов ва муовини ӯ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва занону духтарон Нафиса Йӯлдошева бо мамнуният истиқбол гирифтанд. Хонаҳо саранҷому саришта, ҳуҷҷатҳову китобҳо дар ҷевонҳо батартиб чида шуда буданд.
– Дар маҳаллаи мо 915 оила ва тақрибан 3 ҳазор аҳолӣ истиқомат мекунанд, – мегӯяд сарвари ҷамоати шаҳрвандон. – Мардуми мо асосан бо деҳқонӣ ва ҳунармандӣ машғул мебошанд. Бо саъю ҳаракати соҳибкорони саховатманд маҳаллаамон рӯз аз рӯз зеботар мегардад. Мардуми мо алҳол ба корҳои саҳроӣ машғуланд. Деҳқонон ва боғпарварон тарзу усулҳои аз замин дуруст истифода бурданро хуб медонанд. Пирон маслиҳатдеҳу роҳнамои ҷавонони маҳалла мебошанд.
Ҳангоме ки аз кӯчаҳои маҳалла боздид ба амал овардем, аз диламон суханони «Манзили ободдилон обод мешавад», гузашт. Дар паҳлӯи роҳҳо ниҳоли дарахтони мевадору манзаравӣ шинонда шудаанд, мизбонон моро ба хонаводаи соҳибкор Элмурод Сиддиқов раҳнамоӣ карданд. Номбурда солҳои дуру дароз дар коллеҷи касбу ҳунари деҳа ба ҷавонон асрори ронандагиро омӯхтааст ва ҳоло баъд аз ба нафақа баромадан бо соҳибкорӣ машғул мебошад. Ӯ ҷойи бесоҳиби ҳудуди деҳаро аз худ карда, дар 74 сотих замин парвариши моҳиро ба роҳ монд. Баъдтар дар ду сотих замин гармхона ва дар ҳамин қадар замин ошхона бунёд карда, ба истифода супурд. Ҳоло зиёда аз 70 сар мурғ, мурғобӣ ва ғоз дорад, гову гӯсфанд ва ҳатто асп парвариш мекунад.
– Дар гармхонаи мо имсол 22 ниҳоли лимӯ ҳосил дод. Ҳосили онро ба пирони маҳалла, оилаҳои бесаробон ва камтаъмин тақсим кардем. Бо саъю ҳаракати соҳибкор ғайр аз аъзои оила боз 14 нафар сокини деҳа бо кор таъмин гардиданд.
– Дар деҳа зиста, аз имкониятҳое, ки ҳукуматамон фароҳам овардааст, истифода набарем, айб аст, охир, – мегӯяд соҳибкор. – Одами меҳнатдӯст кам намешавад, ман ин суханонро ба фарзандонам бисёр такрор мекунам. Мо туфайли тадбиркорӣ соҳиби хонаҳои замонавӣ шудем, мошин харидем, ба наздикӣ арӯс фаровардем. Барои падару модар дидани камолоти фарзандон бахту саодат аст. Барои ба ин бахту саодат расидан бояд дар оила аҳливу тифоқӣ, эҳтиром ва эътимоди тарафайн мустаҳкам бошад. Дар оилае, ки ин фазилатҳо муҷассаманд, албатта файзу барака мешавад.

Шоҳида ДАМИНОВА,
вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: