МАНЗИЛИ ОХИРАТАШ ОБОД БОД

Яке аз нависандагони боистеъдоди тоҷик, зодаи деҳаи Пасурхии ноҳияи Бойсуни кишвари мо, Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Саттор Турсун бар асари беморӣ дар 77-солагӣ аз олам даргузашт.

Ба қавли нависанда Адаш Истад даргузашти Саттор Турсун барои адабиёти муосири тоҷик талафоти бузург аст. Воқеан, ӯ бо сабки нигориши худ ва масъалагузорӣ дар нигоштаҳои пуробурангаш дар насри муосири тоҷик то ҷое таҳаввулоте ба вуҷуд овард. 
Саттор Турсун дар Ӯзбекистон мухлисони зиёд дорад, зиндагинома ва осори ӯ аз барномаи мактабҳои таълими ҳамагонӣ ҷой гирифтаанд, бисёр насрнависони ҷавон аз ӯ гирумон омӯхтаанд ва ин омӯзиш идома пайдо хоҳад кард.
Саттор Турсун 15 феврали соли 1946 дар деҳаи номбурда дида ба олами рӯшан кушод. Соли 1970 бахши арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кард. Корро дар идораи маҷаллаи «Садои Шарқ» оғоз карда, муддати бист сол дар вазифаи мудири шуъбаи очерк ва публитсистика кор кард, мудири шуъбаи наср, ҷонишини сармуҳаррир, иҷрокунандаи вазифаи сардабир буд. Солҳои 1990 —1991 мудирии шуъбаи идеологияи Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт, соли 1993 нахустин сухангӯйи роҳбари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд. Солҳои 1994 — 1997 ба ҳайси сардабири маҷаллаи «Помир» адои вазифа кард.
Нахустин маҷмӯаи насриаш бо номи «Дили гарм» рӯйи чопро дида буд. Саттор Турсун дар байни хонандагон бо повесту қисса ва романҳои «Сукути қуллаҳо», «Камони Рустам», «Пайванд», «Ситораи корвонкуш», «Обдорӣ ё кавкабони кабуд», «Зиндагӣ дар домани талҳои сурх», «Барф ҳам мегузарад», «Падар», «Се рӯзи як баҳор», «Думбура», «Пайғамбарзот», «Дувоздаҳ ҳикоя», «Дарахти ҳазорсола»... маҳбубият пайдо кардааст.
Асарҳои ӯ ба беш аз 20 забони дунё, аз ҷумла забони ӯзбекӣ, тарҷума шудаанд. Саттор Турсун тарҷумони чирадаст низ буд. Чанд асари адибони саршиноси дунёро ба мулки маънавии хонандаи тоҷик табдил додааст. 
Саттор Турсун ҷисман аз байни мо рафт, вале зиндагии маънавии ӯ тавассути осори мондагораш идома пайдо хоҳад кард. Манзили охираташ обод бод!

БАХШИ АДАБИЁТ ВА
 ҲУНАРИ «ОВОЗИ ТОҶИК».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: