МАНЗИЛИ Ӯ ДАР ДИЛИ ХАЛҚ

Дар маркази ноҳияи Косонсой, дар бинои театри ба номи Садриддин Айнӣ чорабиние бо номи «Бе хотираи таърихӣ, оянда нест» баргузор гардид.

 Дар он аз хотираи як инсони фидокор, ки солҳои тӯлонӣ ба ноҳияи Чуст ва Косонсой роҳбарӣ кардааст, ёдоварӣ карда шуд. 
Дар назди бинои театри идона орододашуда, дар зери садои карнаю сурнай меҳмононро бо нону намак пешвоз гирифтанд.
Дар ин чорабинӣ, ки беш аз ҳазор нафар косонсойиҳо иштирок карданд, маърӯза ва хотираҳои арзишманд аз рӯзгору фаъолияти ҳокимбобо, наворҳои нотакрор намоиш дода шуданд.
Дар тадбир раиси Шӯрои ҷамъияти нурониҳои вилоят Икромхон Наҷмиддинов, роҳбари шӯъбаи маънавиёт ва маърифати вилоят Мусохон Аппақов, раиси Маркази милливу мадании тоҷикон Абдусаттор Ғафуров, роҳбари Иттифоқи нависандагони вилояти Намангон, шоир Зиёвуддин Мансуров, ҳокими ноҳия Дилмурод Қодиров, шогирдон ва як гурӯҳ эҷодкорон иштирок карданд.
– Инсонҳоеро, ки некӯиро мақсад мегузоранд, фидокор мешуморем,– мегӯяд ҳокими ноҳия Дилмурод Қодиров. Ӯ бунёдкор, серҳаракат мешавад. Самарахон Каримов, ки ифтихори Косонсойи мост, аз қабили чунин одамон аст. 
– Дар ин чорабинӣ аз фаъолии ҷавонон шод гаштам, – мегӯяд шоира Руқия Ғозиева. 
– Боз он чизе, ки маро ба ҳайрат овард, ин маҳз дар ҳамин фурсат шунидам, ки ҳокими ноҳия ба унвони Корманди шоистаи маданияти Ӯзбекистон сарфароз шудааст. Аз ин рӯ, дар ҷое, ки фарҳангу санъат ва адабиёт ҳаст, он ҷо зебоӣ, некӣ ва пешравӣ мешавад. Мо минбаъд низ ба ҷавонони худ чунин шахсони халқпарвар, ватандӯстро, ки барои равнақи ватан ҷони худро фидо кардаанд, ҳамчун намуна нишон медиҳем. Зеро онҳо дарк кунанд, ки аз аҷдоди кистанд ва фарзанди муносиби онҳо шаванд.
Дар чорабинӣ, ки ба як ҷашни адабӣ табдил ёфт, таронаҳои мумтоз ва замонавӣ аз тарафи санъаткорони дастаи «Хушнаво», ки бо ташаббуси Самарахон Каримов ташкил шуда буд, иҷро шуд.
Дар рафти чорабинӣ бо иштироки рассомон ва эҷодкорони синни солашон гуногун озмун гузаронида шуда, ба фаъолон ташаккурнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби ташкилотҳои ҷамоатӣ ва фарзандони С.Каримов дода шуд.
Қисми дуюми чорабинӣ дар хонае, ки Самарахон Каримов ҳаёт ба сар бурдааст, идома ёфт. Гирди дасторхон қуръон тиловат карда, хотирааш ба ёд оварда шуд.

Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.        

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: