МАНЗИЛИ ЗАМОНАВИИ БОЁВУТ

Дар вилояти Сирдарё оиди таъмин намудани аҳолӣ бо манзилҳои истиқоматии замонавӣ корҳои васеъмиқёс ба амал татбиқ мешаванд.

Ба қарибӣ дар маҳаллаи Учқӯрғони ноҳияи Боёвут 14 хонаи чорошёнаи замонавӣ дар асоси лоиҳаи намунавӣ ҷиҳозонида, ба истифода супурда шуд. 
Хонаҳо бо хати оби ошомиданӣ, гази табиӣ, қувваи барқ таъмин гардида, роҳҳо васеъу ҳамвор ва кӯчаҳо бо лампаҳои ҳозиразамон равшан мебошанд. Дар ҳудуди хонаҳо майдончаҳои варзишӣ барои бачагон сохта шудаанд. Алҳол корҳои таъмиру таҷдиди 8 хонаи бисёрошёна идома доранд.
Дар корҳои сохтмону монтажи хонаҳо зиёда аз 500 нафар бинокорони гулдасти ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Шаҳар қурулиш инвест» ва «Гулистон қурулиш савдо», 30 техникаи махсус ва 60 воситаи нақлиёти автомабилӣ хидмат карданд.
Имрӯзҳо дар ҳудуди маҳалла корҳо оиди мумфарш кардани роҳҳо, таъмири мактаби таълими умумӣ, таъмиру таҷдиди поликлиникаи оилавӣ ва идораи маҳалла муташаккилона бурда мешаванд.
Соли оянда дар ҳудуди ин маҳалла боз 14 сохтмони бинои ҳафтошёна пешбинӣ шудааст.
Ба қарибӣ дар ноҳияи Сардоба низ 8 хонаи аз рӯйи лоиҳаи намунавӣ сохташуда ба соҳибонашон дар сурати тантанавӣ супурда шуданд.

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

Вилояти СИРДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: