МАНЗИЛҲОИ БИСЁРОШЁНАИ АРЗОНУ МУСОИД, КИ АНДИҶОНИҲО ОРЗУ МЕКАРДАНД

Андиҷон дар кишвар аз ҷиҳати ҳудуд вилояти хурдтарин, вале сераҳолӣ ба ҳисоб меравад.

Андиҷон дар кишвар  аз ҷиҳати ҳудуд вилояти хурдтарин, вале сераҳолӣ ба ҳисоб меравад. Агар дақиқтар гӯем, минтақа 1 фоизи қаламрави ҷумҳурӣ, аҳолиаш бошад, 10 фоизи  онро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, самаранок ва оқилона истифода бурдан аз ҳар як ваҷаби замин тақозо мегардад.
Соли гузашта ҳангоми сафари худ ба вилояти Андиҷон  Президент Шавкат Мирзиёев ин ҷиҳатҳоро ба ҳисоб гирифта, инчунин ба мақсади кам накардани майдонҳои кишт бобати  сохтани хонаҳои арзони бисёрошёна дар баландиҳо ва ба ин роҳ бо манзил таъмин намудани аҳолии рӯзафзун як қатор вазифаҳо гузошта буд.
Барои ҳар як инсон, хусусан барои халқи ӯзбек паноҳгоҳ, бунёд намудани хонаву ҷо аз ниёзҳои муҳими ҳаётӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир, иқдоми Президент бобати ба воситаи сохтани хонаву ҷойи арзон бо манзил таъмин кардани аҳолӣ андиҷониҳоро беҳад шод гардонд.  Чунки масъалаи хонаву ҷой аз масъалаҳои муҳимтарини вилоят маҳсуб меёфт.  Дар аксари минтақаҳои вилоят дар як ҳавлӣ ду ё се оила зиндагӣ мекунанд. Ҳатто оилаҳое ҳастанд, ки ба хонаи бисёрқабата ду арӯс фуровардаанд. Ин, албатта, дар навбати худ як қатор мушкилоти марбут ба муносибатҳои оилавӣ ва тарзи ҳаётро ба вуҷуд меорад. Таваҷҷӯҳи махсус ба сохтмони хонаҳои бисёрошёна дар минтақа дар ҳалли мусбати ин мушкилот, яъне мушкилоти манзилии аҳолӣ нақши муҳим мебозад.
Бо супориши сарвари давлат танҳо дар ду соли охир дар шаҳри Андиҷон 41 манзили бисёрошёнаи иборат аз 1 ҳазору 798 хонадон сохта шуд.
Илова бар ин, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 28 ноябри соли 2019 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба такмил додани механизмҳои қарздиҳии ипотека» бо ташаббуси ҳокими вилоят оид ба сохтмони манзили бисёрошёнаи арзон  дар баландиҳои атрофи Андиҷон барнома таҳия гардид.
Тибқи барнома дар соли 2020-ум дар пуштаҳои мавзеи Иттифоқи ноҳияи Хӯҷаобод дар якчанд марҳила 35 манзили бисёрошёна сохта мешавад. Дар марҳилаи аввал 11 манзили бисёрошёнаи 2-3 ҳуҷрадори дорои  330 хона сохта мешавад. Нӯҳ хонае, ки бояд сохта шавад, ба шахсони ниёзманд ва 2 манзил ба сифати хонаҳои хидматӣ ба ҳарбиён  дода мешаванд.
Дар ҳоли ҳозир дар ин ҷо корҳо ҷӯшу хуруш  доранд. Дар ҷараёни сохтмон, ки дар аввали сол оғоз ёфта буд, тамоми корҳои банақшагирифташуда оид ба сохтмони биноҳои бисёрошёна, алоқа, инфрасохтор тибқи нақша иҷро шуда истодааст.
— Бо назардошти мулоимии хоки баландиҳо,  эҳтимоли фурӯ рафтани он, дар ин самт таҷрибаи як қатор кишварҳои хориҷӣ омӯхта шуд, — мегӯяд сармеъмори вилоят  Шокирҷон Тӯрабоев. — Корҳои сохтмонӣ асосан дар асоси технологияҳои пешрафтаи туркӣ ба амал бароварда мешаванд ва ҳар як раванд аз ҷониби мутахассисон зери назорати доимӣ қарор дорад.
— Табиист, ки ба суоли чаро барои сохтмон маҳз ин ҷо интихоб шуд, аксарият таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд, – гуфт ҳокими вилоят Шӯҳратбек Абдураҳмонов. — Мутахассисони мо муддати тӯлонӣ бобати сохтмони хонаҳои бисёрошёна дар теппагиҳо ва интихоби ҷой тадқиқот мебаранд. Пеш аз ҳама, ин маҳал дар қисми болоии шаҳри Андиҷон, дар шоҳроҳи Андиҷон – Ош ҷойгир аст ва барҳаво буда,  ҳатто дар рӯзҳои гармои тобистон ҳам шаббода мевазад. Ғайр аз он, наздикии минтақа ба шабакаҳои гази табиӣ, қувваи барқ ва оби нӯшокӣ имкон медиҳад, ки корҳо нисбатан зуд анҷом дода шуда, баланд нашудани хароҷоти инфрасохтор таъмин карда мешавад.
Ҳуҷраҳои хонаҳо, айвон (балкон) хеле васеъ буда, дар ҳар як даромадгоҳ лифтҳо мавҷуданд, онҳо бо намуди ба худ хоси ғайриоддӣ дар шакли зинапоя сохта мешаванд. Масофаи байни хонаҳо низ хеле дарозтар хоҳад буд. Ин имкон медиҳад, ки дар атрофи ҳар як хона майдончаҳои кӯдакон, варзиш ва суҳбатгоҳҳо, ҷойи исти автомобилҳо сохта шаванд. Умуман барои сокинон тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда мешавад.
Дар марҳилаи аввали сохтмон тақрибан 30 ташкилоти сохтмон ва хидматрасонӣ ширкат мекунанд ва садҳо воситаи нақлиёт беист фаъолият нишон медиҳанд. Ба ҷараёни сохтмон ҳазорон коргарон ва мутахассисон ҷалб карда шудаанд.
Ҳоло роҳ хобонда, таҳкурсии хонаҳо гузошта шуд ва якчанд ошёнаи аксари манзилҳо қад кашиданд. Коршиносон мегӯянд, майдонҳое, ки манзилҳо сохта мешаванд, якчанд метр кофта, бо шағал, сангреза пур карда шуда,  зери фишори сахт фишурда мешаванд. Танҳо баъд аз ин таҳкурсӣ гузошта мешавад.
Шабакаи канализатсияи ҳар як манзил бо ҳам пайваста мешавад. Барои ҷамъоварӣ ва коркарди партов як иншооти алоҳидаи бузурги обтозакунӣ сохта мешавад.
Зимни сафари худ ба минтақа, ки 20-21 май баргузор шуд, сарвари давлат бо корҳои сохтмони ин мавзеъ шинос шуд. Барои баланд бардоштани сифат ва самарабахшии корҳои сохтмон, рафъи камбудиҳои мавҷуда супоришҳои дахлдор дод.
Дар мавзее, ки дар ҳудуди калон бунёд мегардад, барои аҳолӣ тамоми шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Инчунин муассисаи таълими томактабӣ, мактаб, гузар, бозорча, якчанд минимаркет барпо карда мешаванд. Умуман, ин маҳал бо манзараи нотакрори худ ва намуди зебояш ба яке аз ҷойҳои зебое, ки андиҷониён орзу мекунанд, табдил меёбад.
— Халқи мо барои ноил шудан ба мақсадҳои олии дар дил нуҳуфтаи худ меҳнат мекунад, бо орзуи тӯю соҳиби хонаву ҷой кардани фарзандон зиндагӣ мекунад, ин ҳақиқатест, ки ба мазмуни ҳаёти ҳар яки мо табдил ёфтааст, — мегӯяд муовини раиси раёсати дастгирии маҳалла ва оилаи вилояти Андиҷон Ӯктамҷон Охунов. — Бе муболиға гуфтан мумкин аст, ки имрӯз бо ташаббуси сарвари давлати мо эътибори алоҳида додан ба сохтмони манзилҳои арзон иҷобати орзуҳои тамоми мардуми мо, бахусус андиҷониҳо мебошад.
Бешубҳа, чунин корҳои хайре, ки ба қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти манзилии ҳамватанони мо ва баланд бардоштани некӯаҳволии онҳо нигаронида шудаанд, эътимоди онҳоро ба Президент, давлат ва оянда боз ҳам қавитар мекунанд.
Хонаҳои бисёрошёна ва арзон, ки дар мавзеи Иттифоқ сохта мешаванд, пеш аз ҳама ба оилаҳои эҳтиёҷманди шаҳри Андиҷон, но-ҳияҳои Андиҷон, Хӯҷаобод, Булоқбошӣ ва Ҷалақудуқ, инчунин ба оилаҳои ба манзил эҳтиёҷманд ва барои манзил дарнавбатистода пешниҳод карда мешаванд.

Фахриддин 
УБАЙДУЛЛОЕВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: