МАНЗИЛҲОИ ЗАМОНАВИИ НАМАНГОН

Дар вилояти Намангон оиди ҷонибдории аҳолӣ, бо манзилҳои истиқоматии замонавӣ таъмин намудани онҳо корҳои васеъмиқёс ба амал бароварда мешаванд.

Ба қарибӣ дар маҳаллаи Юксалиши шаҳри Намангон 14 хонаи ҳафтошёнаи замонавӣ дар асоси лоиҳаи намунавии ҳозиразамон ҷиҳозонидашуда ба истифода супурда шуд. Ба хонаҳои номбурда хати оби ошомиданӣ, гази табиӣ, қувваи барқ кашида шуда, роҳҳо васеъю ҳамвор ва кӯчаҳо бо лампаҳои ҳозиразамон равшан мебошанд. Дар ҳудуди хонаҳо майдончаҳои варзишӣ барои бачагон сохта шудаанд. Алҳол корҳои таъмиру таҷдиди 8 хонаи бисёрошёна идома доранд. 
Дар корҳои сохтмону монтажи хонаҳо бинокорони гулдасти ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Янгиқӯрғон сервис қурувчи» ва «Дегрез қурилиш савдо» зиёда аз 1000 нафар бинокорон, 50 адад техникаи махсус ва 100 воситаи нақлиёти автомобилӣ хидмат карданд.
Имрӯзҳо дар ҳудуди маҳалла корҳо оиди мумфарш кардани роҳҳо, таъмири мактаби таълими умумӣ, таъмиру таҷдиди поликлиникаи оилавӣ ва идораи маҳалла муташаккилона бурда мешаванд. 
Соли оянда дар ҳудуди маҳаллаи мазкур боз 14 сохтмони ин қабил хонаҳои ҳафтошёна пешбинӣ шудааст.
Ба қарибӣ дар ноҳияи Тӯрақӯрғон низ 8 хонаи аз рӯйи лоиҳаи намунавӣ сохташуда ба соҳибонашон дар сурати тантанавӣ супурда шуданд.

А. МУРОДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: