«МАНЗУМАИ ВАТАН»

Чунин ном дошт чорабинии адабию маърифатие, ки 23 май дар Маркази ҷавонони шаҳри Бухоро ба амал омад.

Дар ин тадбир, ки созмондиҳандагони он вазоратҳои корҳои дохилӣ, дифоъ, маданият, Иттиҳоди нависандагон, ҳокимияти вилояти Бухоро мебошанд, намояндагони соҳаҳои гуногун, хидматчиёни ҳарбӣ, оилаи онҳо ва ҷавонон иштирок карданд. 

Дар шабнишинӣ шеърҳои шоирони гузашта ва муосир оид ба Ватан, мардум, модар қироат гардид. Сипас, шоирони маъруф чакидаҳои эҷодии худро ба иштироккунандагони маҳфил ҳавола карданд. Суруду таронаҳои дилкаши санъаткорон бобати мадҳи диёр ба сомеъон писанд омад.
Гуфтан ҷоиз аст, ки оромию осоиштагии Ватан, пойдории барқарории иҷтимоӣ, ҳамҷиҳатию оқибатнокӣ, фаровонию ҳаммаслакӣ, дӯстию ягонагӣ дар ин сурудҳо талқини худро ёфтааст.
Чорабинӣ бо суруди «Барои миллат, барои Ватан»-и сарояндагони ансамбли марказии суруду рақси Қувваҳои Мусаллаҳ поён ёфт.
Бешубҳа, чунин чорабиниҳо баҳри афзун гардондани салоҳияти маънавию маърифатии посбонони Ватан, ҷавонон, инчунин иқтидори ҳарбии онҳо мадад мерасонад.

А. АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: