МАҚБАРАИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ НУСХАБАРДОРӢ МЕШАВАД

Маълум аст, ки мақбараи асосгузори давлати Сомониён Исмоили Сомонӣ яке аз нодиртарин ёдгориҳои таърихии Бухорои шариф буда, он солҳои 864-868 бунёд гардидааст.

Маълум аст, ки мақбараи асосгузори давлати Сомониён Исмоили Сомонӣ яке аз нодиртарин ёдгориҳои таърихии Бухорои шариф буда, он солҳои 864-868 бунёд гардидааст.Ин дурдонаи Шарқ соли 1993 ба феҳристи Мероси мадании ҷаҳонӣ ва соли 1997 баъди таъмирёбӣ ба муносибати 2500-солагии шаҳри Бухоро ба рӯихати Ёдгориҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шудааст. 
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бобати офаридани нусхаи 3D-и он хабарҳо ба чашм мерасанд. Мувофиқи лои-ҳаи гранти Агентии миллии рушди технологияи ахбори Куриёи Ҷанубӣ (қимати умумиаш 150 ҳазор доллари ИМА) офаридани технологияҳои мақбараи Исмоили Сомонӣ – «Digital Twin», 3D ва дар асоси маълумоти географӣ як ба як сохтани нусхаи рақамнок (дугоник) ва ба низоми «Google maps» пайвастани он ҷараёни корҳо оғоз ёфтаанд. Бо ин мақсад ба Бухоро якчанд ширкат ва намояндагони корпоратсияҳо омадаанд. Бинобар гуфтаи мутахассисон, баъди амалӣ гардидани ин лоиҳа дар асоси таҷрибаи ҳосилшуда  «дугоник»-ҳои ҷойҳои таърихии шаҳрҳои Хева, Самарқанд, Шаҳрисабз ва қалъаю объектҳои археологии Қароқалпоқистону Хоразм низ сохта мешаванд.
Мо аз корманди Садорати вилояти бухороии Агентии «Мероси маданӣ» Азиз Ҷӯраев аҳамияти сохта шудани нусхаи 3D («дугоник»)-ро пурсидем.
– Нусхаи 3D ин модели аз ҷиҳати илмӣ ҳаматарафа мукаммали ин ё он объекти таърихӣ буда, он дар шабакаҳои иттилоотӣ низ ҷойгузин мегардад. Аҳамияти асосиаш дар он, ки мабодо бо ягон сабаби эҳтимолии фавқулодда объект аз байн равад, нусхаи 3D имкон медиҳад, ки он ба дараҷаи аслӣ аз нав барқарор карда шавад, – гуфт вай.

Амрулло АВЕЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: