МАҚОЛАИ КОНСЕПТУАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН ҲАМЧУН ҲУҶҶАТИ РАСМИИ СЕССИЯИ 77-УМИ АССАМБЛЕЯИ ГЕНЕРАЛИИ СММ ПАҲН ГАРДИД

Мақолаи Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев «Ҳамоиши самарқандии СҲШ: муколама ва ҳамкорӣ дар дунёи пайваста», ки ба ҷамъомади Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки 15-16 сентябр дар Самарқанд баргузор гардид, бахшида шудааст, ба сифати ҳуҷҷати расмии сессияи 77-уми Ассамблеяи генералии СММ, ки дар Ню-Йорк оғоз ёфт, нашр гардид.

Ҳуҷҷат инчунин дар маҷаллаи СММ нашр шуда, байни кишварҳои аъзои СММ ва зершуъбаҳои сохтории он ба таври васеъ паҳн карда шуд. 
Қобили зикр аст, ки мақолаи сарвари давлатамон дар арафаи нишасти Ҳамоиши самарқандии СҲШ дар ВАО-и хориҷӣ васеъ паҳн гардида, боиси афзоиши таваҷҷуҳу эътибор дар ҷаҳон ба фаъолияти ин созмон шуд, ки дар давраи раисии Ӯзбекистон дар ин созмон дар солҳои 2021-2022 фаъол гардид. 
Мақолаи консептуалии сарвари давлатамон 12 сентябр дар расонаҳои бонуфузи чопӣ ва электронии ватаниву хориҷӣ ба табъ расида, дар бисёри аз шабакаҳои дигари хабарӣ таблиғ гардид. Мувофиқи маълумоти пешакӣ мақола ба даҳҳо забон дар беш аз 150 расонаи хориҷии беш аз 35 кишвари ҷаҳон нашр шудааст. 

АИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: