МАҚОМ – ҶОНУ ДИЛИ МАРДУМИ ӮЗБЕКИСТОН

Дар хориҷа баргузории Анҷумани I-и байналхалқии санъати мақомро, ки 6-10 сентябри соли равон дар Шаҳрисабз баргузор хоҳад шуд, бо рағбат ва эътибори зиёд интизоранд.

Аз ҷумла, дар шумораи навбатии маҷаллаи «Diplomat Magazine»-и Нидерландия бахшида ба ҷашни мазкур мақола чоп шудааст.
Дар он зикр мегардад, ки ҷойи баргузории ҷашнвора бесабаб Шаҳрисабз интихоб нашудааст, зеро он ватани саркардаи бузург, асосгузори салтанати Темуриён – Амир Темур мебошад, дар он рӯҳи таърих ва анъанаҳои мардуми Ӯзбекистон нуҳуфтааст, ки яке аз онҳо мақом ба шумор меравад.
«Ҷашнвораи мусиқӣ дар ду сол як бор таҳти сарпарастии ЮНЕСКО, бо ибтикороти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Маркази миллии санъати мақоми Ӯзбекистон гузаронида мешавад», – хабар медиҳад нашрия.
Ҳамчунин иттилоъ дода мешавад, ки дар доираи анҷуман конфронси илмиву амалӣ, консерти устодони санъати Ӯзбекистон ва ҷаҳон, озмуни гурӯҳҳо, оҳангсозон ва сарояндагон – иҷрокунандагони мақом баргузор хоҳад шуд. Умуман, бояд гуфт, ки мақом дар пояи назми деринаи халқӣ ва асарҳои лирикии шоирону мутафаккирони классикии Шарқ, аз ҷумла Шерозӣ, Ҷомӣ, Бедил офарида шудааст. Асбобҳои анъанавии мақом танбӯр ва доираи ӯзбекӣ мебошанд.
«Мақом ҷону дили мардуми ӯзбек буда, баёнгари рӯзгори ӯст. Вай дар тӯйҳо, ҷашнвораҳо, идҳо ва чорабиниҳои дигари ҷамъиятӣ садо медиҳад», – гуфта мешавад дар мақола.
Яке аз вазифаҳои асосии ҷашнвора ҷалб намудани эътибори ҷавонон ва ҷомеаи васеъ ба ин навъи нодири санъат ба шумор меравад. Зеро мақом мероси муқтадир ва мафтункори зебоишиносиву мусиқишиносии мардуми ӯзбек мебошад.
Нашрия менависад, ки на ҳар кас мақом суруда метавонад. Барои ин нафақат овози баланд ва истеъдод, балки иҷрои мунтазаму муназзам заруранд. «Мақом ин силсилаи суруд ва  асбобҳои гуногуни вокаливу созӣ мебошад. Он дар Ӯзбекистон ҳамчун армуғони мероси маънавӣ ҳифз карда ва инкишоф дода шудааст», – хулоса мекунад «Diplomat Magazine».

ОИ «Дунё».
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: