МАҚОМ – САНЪАТИ КЛАССИКИИ ДОРОИ ТАЪРИХИ КУҲАН

Аз 6 то 10 сентябри соли равон дар шаҳри Шаҳрисабз Анҷумани байналхалқии санъати мақом баргузор мегардад.

Мамлакати мо ба ин воқеаи бонуфузи фарҳангӣ ҷиддан тайёрӣ мебинад.
Хабарнигори ӮзА бо Ҳофизи мардумии Ӯзбекистон, барандаи ордени «Дустлик» Ҳасан Раҷабӣ дар бораи таърих, инкишофи санъати мақом ва нақши он дар рушди мусиқаи классикии ҷаҳонӣ ҳамсуҳбат шуд. 

– Мақомро барҳақ дурдонаи мусиқаи классикии ӯзбек меноманд. Хоҳишмандем, дар бораи таърихи ташаккулёбии ин санъат чанд сухан гӯед. 
– Мақом мероси бебаҳои маънавии халқи мо ба шумор меравад. Вай роҳи дурударози инкишофро тай намудааст, барои пешрафти он бисёр ҳунарпешагон ва оҳангсозон саҳм гирифтаанд. Оҳангҳои мақом ба инсон таъсири амиқ мегузоранд. Барои дарки пурраи мақом тайёрии махсус тақозо мегардад. Инсон бояд аз баччагӣ ба мусиқа қарин бошад, ба он қалби худро бубахшад. Бояд хати қадимаи забонҳои ӯзбекӣ, арабӣ ва форсиро донад. Умуман мақом ин санъати махсус, маданияти алоҳида мебошад. Иҷрои мақом аз ҷумлаи санъатҳои бостонист. Дар асрҳои IX-X мақом қисмати ҷудонопазири ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шарқ ба шумор мерафт.
Санъати мақоми ӯзбек таърихи беш аз ҳазорсола дорад. Дар мамлакати мо Шашмақом, мақомҳои Хоразм ва Фарғонаву Тошканд бинобар сохтор ва усули иҷрои худ фарқ мекунанд. Дар тӯли асрҳо рушди мақом ба даврҳо, замонҳо ва воқеияти иҷтимоӣ алоқаманд буд. 
Дар Ӯзбекистон ба пешрафти санъати мазкур академик Юнус Раҷабӣ саҳми назаррас гузоштааст. Ба шарофати саъю кӯшишҳои ӯ соли 1959 бори аввал ба забони ӯзбекӣ таҳти унвони «Ӯзбек халқ мусиқаси» антологияи Шашмақом дар шаш ҷилд тартиб дода шуд.
– Ин санъат дар байни халқҳои Шарқ бо номи худ тафриқа дорад. Сабаби ин чист?
– Дар байни халқҳои ӯзбек ва тоҷик мақом номи ягона дорад, дар Озарбойҷон онро муғом, дар Эрон нуғба меноманд, уйғурҳо муқом мегӯянд, вале ҳамаи онҳо як моҳият доранд. Бисёриҳо фикр мекунанд, ки асоси онҳо гуногун аст. Вале дар асл ин мусиқаи классикӣ умумиятҳои зиёд  дорад. Дар онҳо танҳо баъзе фарқ ва гуногунрангиҳо мавҷуданд. Чунончи, дар мақоми уйғурӣ ба рамз ва таъсири зебо эътибори зиёд дода мешавад, оҳанги мақомҳои халқи тоҷик бо садоҳои гуногун фарқ мекунад. Ҳамоҳангии матн ва оҳангро дар мақомҳои форсӣ наметавон дар мақомҳои дигар такрор кард. Дар мақомҳои ӯзбекӣ ҳамеша ба мазмуни амиқи онҳо эътибор додаанд.
Ҷиҳати умумии мақоми халқҳои туркӣ аҳамияти махсус ба авҷ ва анҷоми оҳанг аст. Авҷ бо садои баланд, қисмати анҷом бошад, бо садои паст иҷро мешавад.
Мақом ин силсилаи бузург аст. Вай аз асарҳои дигари мусиқӣ бо анҷоми бадеӣ, мавҷудияти низом ва шакли оҳанг фарқ мекунад. Бинобар ҳамин ҳам барои иҷрои он, пеш аз ҳама, дониши адабиёти классикӣ зарур аст. Агар овозхон мақомро омӯхта, мазмуни ҳатто як суханро дарк накунад, наметавонад асарро ба тарзи бояду шояд иҷро кунад, дар ин маврид байни шоир ва мақомхон садд ба миён меояд. Ҳамаи ин илми бузург мебошад. Иҷрогарони мақомҳо на бояд мазмуни асарро халалдор кунанд.
Падари раҳматии ман мегуфт: «Агар мақомро дигар кардан хоҳӣ, тағйир деҳ, вале онро ҳаргиз вайрон макун». Ҳеҷ кас ҳақ надорад мақомро хароб созад. Талаффузи вайрони сухан, иҷрои нодурусти оҳанг ва авҷи он ба хиёнат нисбати мероси ғановатманди маънавии халқ баробар аст. Ғазалеро, ки бо суханони «Кеча келгум» оғоз меёбад, ҳаргиз наметавон дар шакли «Кеча келдим» иҷро кард. Бинобар ҳамин ҳам бояд ба кори вобаста ба бо калому сухан эътибори зиёд дода шавад.
– Мақом ин ганҷинаест, ки аз насл ба насл мегузарад. Ин анъана дар хонаводаи шумо низ ҳифз карда мешавад... 
– Ба фикри ман, бахти мо он аст, ки дар хонадони Раҷабӣ, ки ҳамеша ба санъат ва адабиёт баҳои баланд дода мешуд, таваллуд шудаем. Агар ман дар оилаи дигар таваллуд мешудам, шояд ба олами сеҳрангези мақом ворид намегардидам. Ман забоншиносам, дар сохтори пешина мо имкон надоштем иқтидори худро дар соҳаи мазкур ҳамаҷониба намоиш диҳем. Вале ба шарофати дониш ва сабақҳои падарам ман ба сухан дил бастам. Ҳусни каломи бадеӣ тақозо менамуд, ки онро ба мусиқа пайвандам. Ман қарор додам, ки асрори санъати мазкурро омӯзам. Аз пайи падар рафта, ба омӯхтани тадқиқоти илмӣ машғул шудам. Ба қарибӣ китоби 700-саҳифаинаи «Раҷабийнома»-ро дар бораи санъати мақом ба чоп расонидам, дар он хотираҳо дар бораи падарам низ ҷой доранд. 
Алҳол фарзандону набераҳои ман ба омӯзиши мақом машғул мебошанд, онҳо дар ин бобат ба комёбиҳои назаррас ноил гардидаанд. Ин маро хурсанд мекунад. 
– Шумо дар бораи он эътиборе, ки дар мамлакати мо нисбат ба санъати мақом зоҳир карда мешавад, чӣ гуфта  метавонед? 
– Аз ҷониби ЮНЕСКО ба Рӯйхати мероси ғайримоддии мадании инсоният ворид карда шудани Шашмақом аз ҳодисаҳои муҳим дар ҳаёти халқи мо гардид. Қарори Президент Шавкат Мирзиёев «Дар бораи чораҳои рушди минбаъдаи санъати миллии мақоми ӯзбек» аз 17 ноябри соли гузашта идомаи мантиқии ин воқеаи фаромӯшнопазир шуд. Бо ташаббуси роҳбари давлат бобати дар ду сол як бор дар шаҳри Шаҳрисабз баргузор кардани Анҷумани байналхалқии санъати мақом қарор қабул гардид. Барои мо, ҳунарпешагон ин баҳри тарғибу ташвиқи мақом дар миқёси тамоми ҷаҳон имконияти хуб мебошад. Корҳои татбиқшудаистода маънии таъмин гардидани идомати мақомро дорад, ки бо таърихи худ, фалсафаи амиқ ва ҳусни бетакрораш ба инсоният неруи маънавӣ мебахшад. 
– Шумо аз Анҷумани нахустини байналхалқии санъати мақом чиро интизоред? Ин тадбир барои рушди санъати мақом чӣ аҳамият дорад?
– Дар анҷумани байналхалқӣ ҳофизон ва оҳангсозони машҳур, донишмандони мақом аз бисёр кишварҳои хориҷӣ иштирок мекунанд. Дӯстон ва шогирдони ман, ки ин санъатро хуб медонанд,  ба созмондиҳии ин чорабинӣ машғуланд. Якҷо бо ҳофизи мардумӣ Маҳмудҷон Тоҷибоев, Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Муноҷот Йӯлчиева барои дар доираи ин чорабинӣ баргузор кардани Конфронси илмиву амалии «Санъати мусиқии мақом ва нақши он дар тамаддуни ҷаҳон» тайёрӣ мебинем, дар он ба моҳияти мақоми классикии ӯзбек эътибори махсус дода мешавад, дар байни оҳангшиносони ватанӣ ва хориҷӣ, олимон, иҷрогарон ва мусиқашиносон мубодилаи афкор ба амал меояд. 
Дар анҷуман ғалаба не, балки иштирок муҳим аст. Ин гуна озмунҳо ба ғанӣ гаштани санъати мусиқӣ, вусъат пайдо кардани дониши халқҳои ҷаҳон, ташаккул ёфтани муносибати дуруст ба мероси маънавӣ хидмат мекунанд. 

Мусоҳиб  
Дилобар МАМАТОВА, 
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: