МАҚОМ ВА МАНЗАЛАТИ ВОЛО – “ПОЁН ФУРОМАДАН”, ДАРДИ ХАЛҚ ШУНИДАН

Фармони Президент дар бораи кор бо муроҷиати шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ саҳл кам панҷ сол қабл аз ин (28 декабри соли 2016) ба имзо расида буд.

Фармони Президент дар бораи кор бо муроҷиати шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ саҳл кам панҷ сол қабл аз ин (28 декабри соли 2016) ба имзо расида буд. Он аз муҳимтарин ҳуҷҷатҳост, ки қабл аз ҳама ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон нигаронида шудааст. 
Ҳар як шахс, тавре дар Қонуни Асосӣ низ зикр ёфта, ҳуқуқи муроҷиат кардан дорад. Баъди татбиқи амалии худ ёфтани нуктаҳои ин фармон низоми муроҷиат  ба идораҳои болоӣ мазмуни тоза пайдо кард. Дар асоси ин ҳуҷҷат қабулхонаҳои халқӣ ва Қабулхонаи виртуалии Президент ташкил карда шуданд. Ин қабулхонаҳо воситае мебошанд байни мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандон. Низоми ҳамкорӣ тӯли наздик панҷ соле, ки гузашт, гуфтан мумкин, ба ҳалли бисёр масъалаҳои ҳаётӣ сабаб гашт, халқ ва давлатро ба якдигар наздиктар гардонд.
Пештар аксарияти томи муроҷиатҳо бо идораҳои сатҳи гуногун ҳалли мусбати худро намеёфтанд. Вақти зиёд мегузашт, ба ариза ҷавоб нест. Ё ҷавобе, ки фиристода шудааст, муроҷиаткунандаро умуман қаноат намекунонд. Вай маҷбур мешуд такроран мактуб фиристад,ҷавоби онро боз моҳҳо нигарон монад.
Аксарияти роҳбару роҳбарчаҳо ба мардуми оддӣ гӯё аз болои асп менигаристанд. Худашон шоҳ –  табъашон вазир.
Вақте ба зодгоҳ (ноҳияи Сӯх) мерафтам, одамҳои мисли худам оддӣ лаб ба шикоят мекушоданд, ки ба фалон роҳбар чанд бор хаттию даҳонӣ муроҷиат кардам, натиҷа нест. Ақаллан як ҷавоби аниқ нест, ки кас дида кор кунад ё асо ба рӯшноӣ занад. Аз худ рафтаанд роҳбарҳо, дар кабинети кориашон ҳафтае се-чаҳор маротиба як менамоянд ва ғайб мезананд. Чӣ бисёр – баҳона: ҳокимият ҷеғ задааст. Ё дар марказ маҷлис ҳаст ва ҳоказо. Агар роҳбар дар идорааш бошад, хоҳад қабул мекунад, нахоҳад не. Котиба ё ёрдамчиҳои ӯ дар қабулгоҳ ҳаракат мекунанд бо ҳар баҳона корафтодаро, ки ба дарун даромаданист, пас гардонанд.
Бо мақсади то куҷо дурустии шикояти шиносҳо вақт ёбам, ба идораву ташкилотҳо рафта ва дари қабулхонаҳоро мекушодам. Вазъ бадтар, ки беҳтар не. Корафтодаҳо, ки вақт сарф карда, аз маҳаллаҳои дуру наздик омадаанд, соатҳои дароз нигарони қабул. Баъзан мешудааст роҳбар дар кабинеташ бо кадоме аз шиносҳои худ бемалол суҳбаткунон нишинад, парво нест ӯро, ки дар берун одамон чӣ қадар интизор. 
Мефаҳмем, ба роҳбар низ осон нест, кораш фақат қабул не, иҷрои ҳазору як вазифа дар зиммааш. Ин аст, ки барои қабули аҳолӣ ба вай соатҳои муайяни як ё ду рӯзи алоҳида ҷудо карда мешавад.
Вале чаро графики қабул ба назар наметобад?   
Боз медидам, ки дар баъзе идораҳо графики қабул ҳаст, вале риоя намешавад. Барои чашмбандӣ ташкил карда шудаасту халос. Масалан, сабт ёфта, ки вақти қабул аз соати 9 то 12-и рӯзҳои душанбе. Аммо дар идорае, ки ман будам, роҳбар он рӯз ё баъди чошт ба идора меомадаст ё умуман пайдо намешудааст, аз шаҳри Фарғона аст, рӯзҳои ҷумъа баромада рафта, дар вақти хостааш ба Сӯх бармегаштааст. Касе аз одамони оддӣ ҳад надорад пурсад, ки бояд мувофиқи график қабул мекардед, куҷо будед?
Нафаре нақл намуд занеро, ки мехост дарун даромада ва арзи аҳвол намояд, роҳбари аз куҷое пайдошуда нафақат ба идора таклиф накард, балки ӯро дар ҳузури чанд нафар дағалона пеш кард.
Баробари пойтахт имрӯзҳо дар маркази Қароқалпоқистон ва ҳамаи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо қабулхонаҳои халқӣ фаъолият мебаранд. Баробари Қабулхонаи Президентӣ Қабулхонаи Сарвазир дар вақтҳои муайяншуда шаҳрвандонро қабул ва арзу шикоятҳои хаттию даҳонӣ шунида мешаванд. Бо истифода аз қабулхонаҳои виртуалӣ низ масъалаҳои доғро ҳаллу фасл кардан мумкин. Қабулҳои сайёр, айни замон, ба роҳ гузошта шудаанд. Акнун нафақат дар кабинетҳои корӣ, балки дар ҷойҳои барои шаҳрвандон қулай роҳбарони дараҷаҳои гуногун корафтодаҳоро қабул ва арзашонро мешунаванд, баҳри ҳалли мушкилоти онҳо кӯмак мекунанд. “Поён фуромадан”-и мақомоти давлатӣ ва бинобар ниёзу дархости аҳолӣ ба фаъолият шурӯъсозии онҳо, албатта, аз то кадом андоза ба раият рӯоварии сарони мамлакатамон, характери халқпарваронаи сиёсати давлатии мо дарак медиҳад.
Чаҳор-панҷ сол пештар дар шакли нақд пардохтани нафақа, пенсия ва кӯмакпулиҳо, конвертатсия, сабти ном, қайди ҷои зисти доимиву муваққатӣ, ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва амсоли онҳо масъалаҳои дарднок буданд ва аҳолӣ асосан аз ин гуна мушкилот муроҷиат мекард. Муроҷиатҳо омӯхта шуданд ва то андозае ҳаллу фасл гардиданд. Дар натиҷа оиди ин масоил муроҷиатсозӣ ба дараҷаи эҳсосшаванда кам шудааст. Ҳамчунин миқдори шикоятҳо оиди низоми суд ва мақомот тафтишот бинобар мустаҳкамгардии пояҳои адолат ва таъмини шаффофият хеле кост. Тавре ба мушоҳида мерасад, вақтҳои охир асосан дар масъалаҳои таъминоти газу барқ, кор, манзил, гирифтани замин, мушкилоти тиббию таълимӣ муроҷиатҳо ҳамон ба назар мерасанд. Баҳри бартарафсозии мушкилот дар ин самтҳо чораҳои амалӣ андешида мешаванд. 
Дар паси ҳар мактуб қарор доштани инсон ва аз ҳама чиз баланд истодани шарафи инсон ба ҳама маълум. Масъулон дар қабулхонаҳо, дар навбати аввал, ба ин гуна ҷиҳатҳо эътибор менигаронанд. Корҳое, ки тӯли чаҳор-панҷ соли охир дар масъалаи муроҷиати аҳолӣ ба иҷро расонда шуданд, қобили таваҷҷӯҳ. Аҳолӣ, хусусан инсони оддӣ, бо ҳис кардани он ки дар боло такягоҳ дорад ва агар ба мушкилоте рӯбарӯ шуд, муроҷиат кардан, душвориро паси сар намуданаш мумкин, албатта, худро хушбахт ҳис мекунад, аз тақдир ва зиндагӣ розӣ мешавад.
Дар ҳаллу фасли муроҷиатҳо, мутаассифона, норасоиҳо низ мавҷуд. Баъзе роҳбарон ё шахсони масъул ба ин масъала ҳанӯз аз паси панҷа менигаранд. На ҳар касе, ки муроҷиат кард, ба аризааш ҷавоби қонеъкунанда мегирад.
Хусусан дар масъалаи шахсӣ мушкилоташро ба таври мушаххас баён ва кӯмаки амалӣ пурсад, бо гапҳои умумие, ки ба ариза алоқанок нестанд, мактуби ҷавобӣ менависанд. Ман ин масъаларо не, муаммои дигарро бардошта будам, гӯён хуноб мешавад аризадиҳанда.
Нафаре бинобар дар худи ноҳия ҳал нашудани мушкилоти шахсӣ ба Қабулхонаи Президент муроҷиат намудааст. Баъди моҳе аз пойтахт ё маркази вилоят не, аз номи яке аз масъулони ноҳияи худаш ҷавоб расидааст. Аҷибаш он ки ба номи худаш не, ба номи падари марҳумаш... Нафаре, ки аризадиҳандаро хуб мешинохт, номи худашро не, саросема номи падарашро, ки дар қайди ҳаёт нест, сабт намудааст дар лифофа.  Хайр, ин як ғалати тасодуфӣ. Ҷои дардноки масъала он ки мактубро боз онҳое санҷида ва ҷавоби умумӣ фиристодаанд, ки...
Маълум, ки қабулхонаҳои дараҷоти боло мактуб ё аризаҳоро баъди қайд ба идораҳои дахлнок ё  масъулони вилояту ноҳияҳо мефиристанд, ки ҳал намоянд. Вале аз болои мактубҳое, ки фиристода шуданд, назорат мекунанд ё не? 
Саҳни ҳавлии Қабулхонаи Президент воқеъ дар майдони “Дӯстии халқҳо”-и пойтахт ҳамеша пуродам. Нафарҳоеро вохӯрдем, ки аз деҳаи дурдасти Сурхондарё омадаанд. Мепурсем: шарт буд аз роҳи дур омаданатон? Тамоми қабулхонаҳои президентӣ нуфузи якхела доранд, метавонистед ба қабулхонаи ноҳияи худ муроҷиат кунед. Онҳо гуфтанд, омадем то бо дасти худ ба Қабулхонаи Президент супорем, дар ноҳияи худамон масъала ҳал нашуд...
Дар Қабулхонаи Президент корафтодаҳоро бо чеҳраи кушод қабул мекунанд, арзашонро мешунаванд, мактубашонро расмӣ месозанд. Вале гоҳо фикр карда мемонанд аризаро ба кадом вазорат ё идора роҳӣ созанд...
Нафаре нақл кард бинобар масъалаи шахсӣ ба Қабулхонаи Президент муроҷиат кардам. Аз байн хеле вақт гузашт. Як маҳал аз Сарпрокуратура мактуб омад, навиштаанд, ки аризаатонро барои ҳал ба Вазорати адлия фиристодем. Аз Вазорати адлия ҷавоб омад, ки дар ин масъала хуб мешуд ба суд муроҷиат намоед.
Нигаред, як муроҷиат чӣ қадар вазорату идораҳои ҳифзи ҳуқуқро давр зад. Дар мактуб талош ё мунозироте ба миён гузошта нашуда буд, ки кирои дар суд дида баромадан кунад.    
Маълум, ки  яке аз маъмултарин шаклҳои ҳуҷҷатҳои расмӣ-коргузорӣ дар ҷамоаҳои меҳнатӣ ва маҳаллаҳо – ариза ва муроҷиатҳост. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, на дар ҳамаи корхона ва ташкилотҳо шахсони масъул аризаи шаҳрвандонро мувофиқи қонунгузории дарамал  ҳаллу фасл менамоянд. Барои ҳамин ҳам одамон маҷбур мешаванд ба идораҳои болоӣ, ба қабулхонаҳои президентӣ муроҷиат кунанд. Ба қабули роҳбарон даромадани корафтодаҳо низ на ҳамеша натиҷа мебахшад. На ҳамаи амалдорҳо  дар ҳалли мушкилоти аҳолӣ  мувофиқи талаби замон  кор мебаранд.
Бинобар ҳамин ҳам роҳбари давлати мо дар яке аз ҷамъомадҳои видеоселекторӣ, ки чанде пеш оиди ташкили низоми нави кор бо муроҷиати шаҳрвандон баргузор гашт, таъкид сохт  бояд ҳокимони вилоятҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳо барои қабули шаҳрвандон ҳафтае ду рӯз ҷудо кунанд. Ва Президент боз илова сохт баъд аз ин:  “Кабинети ҳоким “қабулхонаи мардум” мегардад, ҳар як роҳбар бояд стратегияи онро дошта бошад, ки муроҷиатҳоро чӣ гуна баррасӣ мекунад ва ба чӣ эътибор медиҳад.
Роҳбари давлати мо супориш дод минбаъд пойгоҳи умумии электронии тамоми муроҷиатҳо ҷорӣ карда шаванд. Қабулхонаҳои халқӣ бошанд, дар ҳар се моҳ рейтинги кушоди кори мақомоти давлатиро пеш мебаранд.Онлайн-платформаи барои ҳама ягонаи вазорату идораҳо ҷорӣ шуда, аз рӯи он чӣ тавр ҳаллу фаслшавии муроҷиатҳо муайян карда мешавад. Айни замон натиҷаи мониторинг дар ҳар се моҳ ба Сенат ва ҳукумат пешниҳод карда мешавад.  
Ҷуз ин дар ҳар се моҳ як маротиба Сенат ва ҳар моҳ шӯроҳои маҳаллӣ  ҳисоботи роҳбарони вазорат, идораву минтақаҳоро оиди муроҷиатҳои аҳолӣ ва ҳаллу фасли онҳо мешунаванд, муҳокима мекунанд.
Бояд гуфт, дар ҳалли мушкилоти мардум муроҷиати онҳо ба идораҳои гуногун, хусусан қабулхонаҳои халқӣ нақши муҳим мебозанд.Муроҷиатҳоро бошад, шахсони масъуле, ки аз донишу биниши ҳуқуқӣ бархурдоранд, ҳаллу фасл намуда ё барои дида баромадан ба ҷойҳои даркорӣ мефиристанд.
Вале ин ҷо таъкиди ҳамин нукта низ бамаврид аст, ки  тавре ба назар метобад, идораҳои болоӣ, минҷумла, қабулхонаҳои халқӣ бо фиристодани мактуб ба идораҳои дахлдор вазифаи худро пурра иҷрокарда ҳисоб меёбанд. Идораҳои дахлдор бошад, гоҳо мешавад муроҷиатҳо ба Қабулхонаи Президентро беэътиноёна ё ба номаш дида бароянд. Аризааш, ки қонеъ гардонда нашуд, шахс рӯҳафтода ва бовариаш ба қабулхонаҳо шикаст ёфтанаш мумкин. Ҳар як ариза ба идораву ташкилотҳои дараҷоти гуногун, хусусан ба Қабулхонаи Президент, хуб мешуд бо камоли масъулият ҳал карда шавад.  
Онҳое, ки дар қабулхонаҳои халқӣ (ноҳиявӣ,шаҳрӣ,вилоятӣ ва ҳоказо) кор мекунанд, шахсони масъули девони Президент ҳисоб меёбанд. Бояд онҳо боварии бузурги халқ ва Президентро ҳис кунанд. Агар онҳо ба тақдири ҳар як муроҷиат чун ба тақдири инсон бо камоли эҳтиром муносибат созанд, баъди фиристода шудани мактуб ба идораҳои дахлдор, айни замон, аз болои ҳалли он қатъиян назорат намоянд, онҳоро узви “командаи Президент” номидан мумкин. Дар акси ҳол онҳо, ҳамчунин роҳбарон, минҷумла, ҳокимоне, ки аз қабули шаҳрвандон қимобанд, байни ҳукумат ва халқ деворанд. Вақти он аст роҳбаре, ки супоришоти Президентро бобати кор бо муроҷиати аҳолӣ сарам-дилам иҷро карда, ба норизоии халқ сабаб гашт, аз вазифа дур карда шавад.
Мақом ва манзалати мақомоти давлатиест боло,ки “поён фуромада”, дарди халқро мешунавад, баҳри ҳалли мушкилоти аҳолӣ вақт ва қувваи худро дареғ намедорад.

М. ШОДИЕВ, 
мухбири “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: