МАҚОМИ МУАЛЛИМ

Аз рӯи нақли пиронсолон ва навиштаҳои таърихӣ маълум мешавад, ки дар нимаи якуми асри гузашта дар ҷамъият қадру қимат ва обрӯи муаллим хеле баланд будааст. Ба онҳо ҳамчун донишманди бузург муроҷиат мекардаанд. Он рӯзгор бинои мактабҳо фарсуда, бомаш лоин, дару тирезаҳояш чӯбин буд.

Аз рӯи нақли пиронсолон ва навиштаҳои таърихӣ маълум мешавад, ки дар нимаи якуми асри гузашта дар ҷамъият қадру қимат ва обрӯи муаллим хеле баланд будааст. Ба онҳо ҳамчун донишманди бузург муроҷиат мекардаанд.  Он рӯзгор бинои мактабҳо фарсуда, бомаш лоин, дару тирезаҳояш чӯбин буд.
Ба болои ин услуби таълим содда, ҷиҳозҳои мактаб оддӣ буда, хонаҳои алоҳидаи фаннӣ набуданд. Аммо хонандагон, аз ҷумла хатмкунандагон мақсаду мароми муайяне доштанд. Як қисм ба техникуму донишкадаву донишгоҳҳо дохил мешуданд, қисми дигар деҳқон ё ки коргар шуда кор мекарданд.
Имрӯз, ки давлат ба мо мактабҳои замонавии бо ҷиҳозҳои техникию компутерӣ таъмин, лабораторияҳои фаннии мукаммалро муҳайё кардааст, самараи таълиму тарбия натиҷаи дилхоҳ надода истодааст. Бисёр мактаббачагони синфҳои болоӣ дар хаёли онанд, ки тезтар синфи ёздаҳумро хатм кунанду ба ягон мактаби олии ихтисосаш пулёб дохил шаванд, агар ин нашавад, ба хориҷ рафта мардикорӣ карда маблағи зиёд ба даст оваранд.
Мебинам, ки як қисм хатмкардагони коллеҷу мактабҳо ду-се сол боз бекор мегарданд. Ба онҳо кори сохтмон, завод ё фабрика, хоҷагии қишлоқро таклиф кунанд, розӣ намешаванд, онҳо кори сабук ва серпул мехоҳанд. Пӯшида нест, ки мо солҳои сол ба мактаб ҳамчун ба ёрдамчии беминнати корҳои хоҷагии қишлоқ муносибат кардем, мактабҳо бошанд, бо сохтакорӣ, коғазбозӣ, дурӯғнависӣ машғул шуданд. Ба мактаб роҳбарони шаҳру ноҳияҳо бо назари паст менигаристанд, дар натиҷа мо ба ҳолати дилхунук омада расидем.
Шукри худо, ки бо шарофати сарвари давлат ба ҳамаи пастназариҳо хотима дода шуд. Ба ин соҳа давлат ғамхориҳои назаррас карда истодааст.
Имрӯз ба ҷамъияти мо кадрҳои боихтисосу кордон, шуурашон инкишофёфтаву меҳнатдӯст лозиманд. Тайёр кардани ин гуна авлод, пеш аз ҳама ба соҳаи маориф, аз муассисаҳои таълимӣ вобаста аст. Дар ин ҷода оила бояд бо мактаб ҳамкории зич дошта бошад. Ба воя расонидани авлоди баркамол, пеш аз ҳама ба падару модар ва муаллим вобастагӣ дорад. Дар ин роҳ мақом, обрӯ, эътибори муаллим муҳим аст, чунки мактаббача аз омӯзгор ибрат мегирад.
Баланд гардидани мақом, қадру қимат ва обрӯи муаллим аввало ба худи ӯ вобаста аст. Муаллими имрӯза бояд ҳаматарафа дониши амиқ, маҳорати баланд дошта бошаду аз таҳти дил меҳнат кунад, устоди фани худ бошад. Ба ҳар як савол ҷавоб дода тавонад. Муаллим тамоми ҳаёт бояд ҷӯяндаву эҷодкор, аз навигариҳои олам ҳамеша бохабар бошад, ҷамоатчии фаъол шавад. Он гоҳ обрӯи ӯ баланд шуда, сазовори эҳтироми умум мегардад.
Давлатамон барои ислоҳи соҳаи таълим қонун ва қарору фармонҳои нав қабул карда истодааст. Амалӣ гардидани онҳо ба мо – падару модарон ва омӯзгорон вобаста аст. Аммо ҳоло ҳам дар мактабҳо муаллимон ва роҳбарони аз қолиби пешина накӯчидаро дидан мумкин аст.
Вақти он расидааст, ки ба мактаб аз рӯи самараи таълим, натиҷаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълими олӣ баҳо дода шавад.

Назирҷон ЭРГАШЕВ,
ноҳияи Чуст. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: