МАҚОМИ СОҲИБ ТАБАРОВ ДАР РУШДИ НАҚДИ АДАБИИ ТОҶИК

Ба муносибати 100-солагии Соҳиб Табаров

Умри ҷовидона насиби инсонҳое мегардад, ки рӯзгори хешро сарфи хидмати  мардум намуда, тавассути дастранҷ ва меҳнати зеҳнию ақлонии хеш ҷиҳати равшан кардани роҳи расидан ба дарки асрори хештаншиносӣ комёб шуда бошанд. Узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессори ифтихорӣ ва доктори ифтихории ДМТ ва доктори фахриву профессори фахрии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, Ходими шоистаи илми ҶТ, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Соҳиб  Табаров аз шумори донишмандонест, ки ҳастияшро ба пажӯҳиши масъалаҳои мубрами адабиёт ва фарҳанги милливу фаромиллӣ бахшида, мероси арзишманди илмӣ ба ёдгор гузоштааст. Мавсуф дар таърих ва сарнавишти илму адаби тоҷик як тан аз пуркортарин пажӯҳишгарони адабиёт, содиқтарин омӯзгор ва якрӯтарин мунаққид маҳсуб меёбад. Аз ҷумлаи олимони сермаҳсулест, ки дорои сабку услуби ба худ хоси таҳқиқу пажӯҳиш мебошад.

Ин марди хирадро дар муҳити илмию адабӣ ва фарҳангии Тоҷикистон бештар ба сифати мунаққиди навъи В.Г.Белинский мешиносанд, ки бесабаб нест. Ин ба он маънист, ки ӯ кореро, ки дар замони худ В.Г.Белинский оид ба адабиёти рус сомон дода буд, дар адабиётшиносиву нақди адабии садаи бисти тоҷик то андозае анҷом дод.
Дар муддати беш аз шаст соли кори эҷодӣ ва пажӯҳишу ҷустуҷӯҳои илмиву танқидӣ бештар аз ҳазор асару мақолаҳои Соҳиб Табаров дастраси хонандагон гардидаанд. Таҳлилу таҳқиқи эҷодиёти устодон С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М.Турсунзода, Ҷ.Икромӣ, С.Улуғзода, намояндагони насли дувуми маорифпарварони тоҷик – Мунзим, Фитрат, Беҳбудӣ, Ҳамдӣ, Мирзо Сироҷ, Аҷзӣ, Асирӣ, Васлӣ, Шакурӣ ва инчунин ҷараёни адабиёти тоҷики асри XX дар маркази пажӯҳиши эшон қарор дошт. Натиҷаи заҳмати Соҳиб Табаров дар рисолаҳои »Материалҳо оид ба омӯхтани адабиёти советии тоҷик» (1948), «Садриддин Айнӣ – асосгузори адабиёти советии тоҷик» (1954,1968), «Мирсаид Миршакар» (1962), «Пайрав Сулаймонӣ» (1962,2012), «Адиби суханвар ва марди майдон» (1986), «Мунзим» (1991, 2009), «Се маорифпарвари тоҷик дар бораи амирони манғит» (2006) ва ғайра равшан ба назар мерасад.
Даҳҳо мақола, тақриз, муколама доир ба паҳлу ва ҷанбаҳои гуногуни осори адибони тоҷик дар китоби «Ҳаёт, адабиёт, реализм» дар панҷ ҷилд (1966, 1978, 1983, 1984, 1989) дастраси хонандагон гардидаанд.
Таҷрибаи омӯзгории Соҳиб Табаров боиси ба вуҷуд омадани силсилаи асарҳои илмӣ-методӣ гардидаанд. 
Соҳиб Табаров дар офариниши осору рисолаҳои дастаҷамъӣ, ба мисли «Очерки адабиёти советӣ», «Энсиклопедияи советии тоҷик», «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик» фаъолона ширкат варзидааст.
Бешак, нақди адабӣ аз самтҳои асосии фаъолияти пажӯҳишгарии Соҳиб Табаров маҳсуб меёбад. Дар ҳамин маврид ҳақ ба ҷониби академик А.Раҳмонзода аст, ки мегӯяд: «Вай натанҳо сараву сақати асари бадеӣ, камбудиҳои дохилии таркиби таълифоти адабиро дуруст равшан менамуд, балки роҳи номатлубу нодурусти эҷоди бадеиро возеҳ муайян карда, адибро сари вақт аз нодурустии тарзи тасвираш огоҳ месохт ва ба асари бадеӣ холисона баҳо медод.
Агар аз ҳамин дидгоҳ ба маҳорати мунаққидии устод Соҳиб Табаров назар андозем, мушоҳида мешавад, ки дар тӯли заҳмати илмии худ вай такя ба ҳақиқат карда, дар гуфтору тарзи баён аз дигар ҳамкасбонаш боҷасораттар буд».
Воқеан, нақди адабӣ чун як шохаи муҳимми адабиётшиносӣ аз таъриху назария танҳо бо мавод маҳдуд намегардад, вазифаи нақди адибро ҷомеа ва тасаввуроту эҳсосоти хонанда низ муайян менамояд. Назарияи нақди адабӣ ин соҳаи фаъолиятро ба ҳадди санъат ва илм наздик донистааст. Шахсе, ки қонунмандиҳои инкишофи эҷодиро дарк намекунад, аз сабку услубҳои нигориши бадеӣ, санъату воситаҳои тасвир огоҳӣ надорад, табиист, ки ба дастовардҳои чашмрас ноил намегардад.
Ба қавли худи Соҳиб Табаров «Мунаққид ҳам олим, ҳам философ, ҳам нависанда ва ҳам оламшинос мебошад. Баъзан мунаққидон (албатта, Белинский баринҳо) муаллим, роҳбар ва мураббии нависандагон мешаванд, эҷодкорон фикри онҳоро чун роҳнамо ва дастурамал пешвоз мегиранд ва қабул мекунанд. Ба ибораи дигар, мунаққид шахсест, ки бахши нақди адабӣ ё танқиди адабиро дар як ё чанд марҳилаи инкишофи адабиёти бадеӣ ривоҷу равнақ мебахшад». 
Фаъолияти ноқидии устод Соҳиб Табаров аз нимаи дуюми солҳои сиюм ва аввали солҳои чилум оғоз меёбад. 
Аввалин хабару мақолаҳои Соҳиб Табаров хусусияти таблиғотӣ дошта, дар онҳо мавзӯю мундариҷаи асарҳои адибон ва санъаткорони халқҳои ҷаҳон, маҳорату истеъдоди онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Дар мақолаҳои «Лев Николаевич Толстой» (1940), «Николай Островский» (1940), «Островскийро меомӯзем» (ҳамроҳ бо А. Қаҳҳорӣ (1941), «Нависанда ва олими бузург» (Иван Франко), «Сатирики бузург» (1941) ва ғайра ҳаёт ва эҷодиёти ин адибони барҷаста ба таври воқеӣ муаррифӣ гардида, нигоҳи пурвусъати онҳо ба зиндагӣ дуруст муайян шудаанд.
Дар охири солҳои чилум ва аввали солҳои панҷоҳум Соҳиб Табаров ба кори мунаққидӣ боз ҳам ҷиддӣ машғул шуда, дар ҷодаи илм ва дар рушди нақди адабиву адабиётшиносии тоҷик соҳиби дастовардҳо гардидааст.
Китоби аввали панҷҷилдаи мунаққид «Ҳаёт, адабиёт, реализм» нимаи дуюми солҳои шаст аз чоп баромад. Соҳиб Табаров дар он ба рушди адабиёти тоҷик ва таҳаввулу инкишофи вай баҳои воқеӣ додааст. Бавижа, дар мавриди эҷодиёти устодон Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Ғаффор Мирзо, Мӯъмин Қаноат, Ғоиб Сафарзода, Фазлиддин Муҳаммадиев, Саттор Турсун, Абдулҳамид Самад ва дигарон ибрози андеша карда, мақоми ҳар кадомро дар адабиёти давраи нави тоҷик таъин мекунад.
Паҳнои таҳқиқи мунаққид хеле густарда ва гуногун буда, он ҳам асарҳои мансури бадеӣ, ҳам шеъру достонҳо, ҳам асарҳои драмавӣ, гоҳе асарҳои илмӣ, таҳқиқотӣ ва инчунин таълимиро дар бар мегирад.  
Фаъолияти мунаққидии Соҳиб Табаров вижагиҳои хос дорад. Ӯ аз зумраи ноқидонест, ки  суханашро берӯю риё, бе рӯюхотирбинӣ ошкоро мегӯяд. Фикри танқидии худро новобаста аз кӣ будани муаллифи асар руйирост ва бо далелу бурҳон изҳор мекунад.
Соҳиб Табаров ба сифати олими пуркору донишманди дақиқназар ва мунаққиди оташсухан дар рушди адабиётшиносӣ ва нақди адабии тоҷик нақши сазовор гузоштааст. Бешак, ӯ аз поягузорони нақди касбии адабиёти миллӣ мебошад.

Ҷумъақул ҲАМРОЕВ,
профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов,
доктори фанҳои филология.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: