МАҚОМИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ ВА ШАХСОНИ БЕТАБАА

Бо ташаббуси Вазорати рушди технологияҳои ахбор ва коммуникатсияҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон оиди мазмун ва моҳияти лоиҳаи Қонун «Дар бораи мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» брифинг баргузор шуд.

Бо ташаббуси Вазорати рушди технологияҳои ахбор ва коммуникатсияҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон оиди мазмун ва моҳияти лоиҳаи Қонун «Дар бораи мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» брифинг баргузор шуд. Дар он ходимони масъули Вазорати корҳои хориҷӣ, Суди Олӣ ва дигар мутахассисони соҳа, рӯзноманигорон ширкат варзиданд.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади таъмини иҷрои қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҚП-№4008 аз 7 ноябри соли 2018 кор карда шудааст.
Таъкид шуд, ки дар ҳуҷҷатҳои дар амал мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа бо қонун муайян карда нашудааст. Ҳуқуқҳои асосӣ, озодӣ ва маҷбуриятҳои онҳо, ҳамчунин, ҳудуди ҷавобгариҳояшон дар доираи қонун дақиқ нишон дода нашудааст. Барои ҳамин ба тасвиби чунин қонун эҳтиёҷ ба миён омадааст.
Бояд гуфт, ки соли 2019 ба Ӯзбекистон 6748 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ ташриф оварданд. Бо 412 ҳазор нафари онҳо раводидҳои дохилшавӣ расмӣ кунонда шуд. Барои амалисозии фаъолияти меҳнатӣ ба 10305 нафар шаҳрванди хориҷӣ литсензия дода шуд. Дар баробари ин, никоҳи беш аз 5100 нафар шаҳрванди хориҷӣ ва шахсони бетабаа қайд гардид.
Лоиҳаи қонуни мазкур аз 5 боб ва 38 модда иборат буда, дар он қоидаҳои асосии зерин дарҷ гардидаанд: ҳуқуқҳои асосӣ, озодӣ ва маҷбуриятҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа муайян карда мешавад; дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон имкон доштани зисти доимии онҳо дар асоси гувоҳномаи зисти доимӣ ё картаи ID-и идентификатсия роҳандозӣ мегардад; ба чунин шахсон додани тартиби паноҳгоҳи сиёсӣ муайян карда мешавад; дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳузур доштан, даромадан, баромадан ва аз он транзит гузаштани онҳо бо қонун устувор карда мешавад ва монанди инҳо.
Ҳангоми кор кардани лоиҳаи қонун таҷрибаи Британияи Кабир, Испания, Русия, Туркия, Қазоқистон, Белорусия, Озарбойҷон ва дигар давлатҳо омӯхта, меъёрҳои қонунҳои онҳо дар ин соҳа ба инобат гирифта шудааст.
Дар чорабинӣ зикр гардид, ки қабули қонун чунин натиҷаҳоро ба кор меорад: мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа муайян карда мешавад, ки барои зиёд шудани мутахассисони баландмалака ба ватани мо аз хориҷа замина мегузорад; барои ҳамкорони хориҷӣ муҳити созгори ҳуқуқӣ офарида мешавад; механизмҳои шаффофи бо шаҳрвандони хориҷӣ аз наздик ҳамкорӣ кардани ташкилотҳои ҷумҳурии мо роҳандозӣ мешавад.

Х.ҲАМИДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: