МАҚОМОТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ БОЯД БА НИЗОМИ ВОҚЕИИ ХАЛҚӢ ТАБДИЛ ЁБАД

27 июл таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бахшида ба ҳолати имрӯзаи корҳо бино бар барвақт пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ, масъалаҳои минбаъд баланд бардоштани масъулияти мақомоти корҳои дохилӣ ва идораҳои дигари давлатӣ, бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои соҳа ҷамъомади видеоселекторӣ ба амал омад.

27 июл таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бахшида ба ҳолати имрӯзаи корҳо бино бар барвақт пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ, масъалаҳои минбаъд баланд бардоштани масъулияти мақомоти корҳои дохилӣ ва идораҳои дигари давлатӣ, бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои  соҳа ҷамъомади видеоселекторӣ ба амал омад.

Дар ҷамъомад Сарвазир ва муовинони ӯ, роҳбарони прокуратура, вазоратҳои корҳои дохилӣ ва мудофиа, қӯмондони Гвардияи миллӣ ва раиси Суди олӣ, раиси Ҷӯқорги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо, шаҳри Тошканд иштирок карданд.

Устувории қонунро таъмин накарда, пеши роҳи ҷинояткориро нагирифта ба боварии халқ сазовор шудан мумкин нест. Аз ҷониби роҳбари давлатамон ба масъалаи мазкур эътибори алоҳида дода мешавад, аз роҳбарони тамоми дараҷаҳо масъулияти қатъӣ талаб карда мешавад.

Ба ин мақсад низоми мақомоти корҳои дохилӣ куллан ислоҳ карда шуд. Аз ҷумла, пештар 60 фоизи кормандони низом дар идораҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, 40 фоизашон – дар маҳалҳо кор карда бошанд, дар айни ҳол 35 фоизашон дар идораҳо монда,  65 фоизашон барои бо аҳолӣ наздик шудан дар назди ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳала ба кор сар карданд. Бино бар такмил додани низом беш аз 80 ҳуҷҷат қабул гардид.

Аммо ба чунин чорабиниҳо нигоҳ накарда, дар маҳалҳо шахсони масъул то ҳол ба решаи чинояткорӣ намерасанд. Сабабҳои ҳақиқии ҷиноятҳо омӯхта намешаванд, дар маҳалла, ҷамоаҳои меҳнатӣ ва муассисаҳои таълим муҳокимаҳо ба номаш ташкил карда мешаванд.

Бино бар маълумотҳои ҷойдошта, дар соли 2017 миқдори ҷинояткорӣ нисбат ба соли 2016 16 фоиз, дар тӯли шаш моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 39 фоиз коҳиш ёфт. Аммо миқдори ҷиноятҳои ба куштори барқасдона, қасдан шикасти вазнини ҷисмонӣ расондан, тороҷ, ғоратгарӣ, дуздӣ ва қаллобӣ алоқаманд ҳамоно баланд мебошанд.

– Агар ҳама якдилона кор кунанд, аз мушкилоти оилаҳо пурра хабардор гардида, дар ҳаллу фасли онҳо кӯмак расонанд, пеши роҳи ҷиноятро барвақт гирифта, моҳияти ҳақиқии онҳоро тавзеҳ диҳанд, имрӯз мо рақаму манзараи комилан дигарро медидем, гуфт сарвари давлатамон. – Мутаассифона, бобати мубориза бар зидди ҷинояткорӣ то ҳол аз низоми кӯҳна даст кашида наметавонем.

Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҷрибаи бо давраи пешина муқоиса намудани нишондиҳандаҳо авҷ гирифтааст. Ба ин муносибат корҳои пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ бино бар низоми комилан нав ташкил карда шавад. Мувофиқи низоми мазкур, ки номи «Ҳақиқати ҷиноят ва адолат»-ро гирифтааст, ҳангоми зоҳир намудани ҷиноят роҳбарони масъул ба маҳалҳо баромада, сабабҳои онро меомӯзанд, муҳокимаи онро ташкил мекунанд, барои гирифтани пеши роҳи такрор нашудани ин ҳолатҳо чораҳо меандешанд. Дар воситаҳои ахбори оммавӣ рукни «Ҳақиқати ҷиноят ва адолат» ташкил карда шуда, тамоми корҳо муфассал равшан карда мешаванд.

Зарурати ҷорӣ намудани консепсияи «Пойтахти бехавф», ки дар шаҳри Тошканд татбиқ мегардад, дар минтақаҳои дигари мамлакат дар шакли «Шаҳри бехавф» бо дарназардошти хусусияти ҳар як минтақа таъкид гардид. Дар ин бобат ба Сарвазир, Прокурори генералӣ, вазирони корҳои дохилӣ ва мудофиа, фармондеҳи Гвардияи миллӣ ва раиси Суди олӣ супоришоти дахлдор дода шуд.

Барои самарабахш мубориза бурдан бар зидди ҷинояткорӣ бояд механизми муассири пеш бурдани ҳисоби қонуншиканиҳо ва шахсони ба содир намудани ҷиноят моил ҷорӣ карда шавад. Маркази иттилоотии Вазорати корҳои дохилӣ бошад, ки барои пеш бурдани ҳисоби ягонаи қонуншиканиҳо, таҳлили онҳо ва мубодилаи ахбор масъул мебошад, ба маскани беҳаракат табдил ёфтааст. Ба ин муносибат ба сохтори Прокуратураи генералӣ гузарондани Маркази иттилоотӣ мувофиқи мақсад мебуд. Баробари ин бояд низоми электронии қайди қонуншиканиҳо ҷорӣ карда шавад. Ба сифати идомаи мантиқии ин кор бояд дар ҳар як минтақа рейтинги фаъолият оид ба пешгирии ҷиноят ва мубориза бар зидди он ҷорӣ карда шавад.

Дар низоми Кумитаи занон, Маркази тадқиқоти илмиву амалии «Оила» ва дигар ташкилотҳое, ки бевосита бо аҳолӣ кор мебаранд, ҳокимиятҳо, шуъбаҳои корҳои дохилӣ доир ба ҷавонон вазифаи муовин ҷорӣ гардид. Аммо зимни содир гардидани ҷиноят фаъолияти онҳо ба назар намерасад. Масъулон дар маҳалҳо муҳокимаро дар бобати ҷиноят худашон ташкил намуда, сабабҳояшро аниқ намоянд ва дар воситаҳои ахбори оммавӣ бевосита маълумот бояд диҳанд. Танҳо дар ҳамин сурат то ба решаи ҳар як ҷиноят расидан мумкин мегардад. Дар акси ҳол ҳама ба ҷои он ки иммунитети мубориза бар зидди ҷиноятро ташаккул диҳанд, бо оқибатҳои он овора мегарданд.

Дар ҷамъомад муаммоҳое баррасӣ гардиданд, ки доир ба зиёд гардидани ҳолатҳои қасд намудан ба ҷони худ дар вақтҳои охир иртибот доштанд. Дар бобати беҳтар гардидани пойгоҳи моддиву техникии беморхонаҳои психиатрия ва диспансерҳои психоневрология дар доираи барномаи боз ҳам такмил додани низоми кӯмаки психиатрӣ ба аҳолӣ, такмили малакаи кадрҳо кор бурда шуда, Маркази ҷумҳурии реабилитатсия ва адаптатсияи шахсоне, ки аз зӯроварӣ зарар дидаанд ва огоҳсозии худкушӣ, марказҳои махсус дар назди кумитаҳои ноҳиявии занон, ташаккули пойгоҳи ягонаи электронии маълумот дар бораи шахсоне, ки ба гурӯҳи хатарнок дохил мебошанд, таъсис гардиданд. Сарфи назар аз ин, дар бархурд ва муносибати шахсони масъул ба масъалаи номбурда тағйироти  зуд ба назар намерасад. Шӯрои ҷумҳурии маҳаллаҳо, вазоратҳои тандурустӣ, таълими олӣ ва миёнаи махсус, маорифи халқ, Иттифоқи ҷавонон ва Кумитаи занон ҳар як ҳодисаи сӯиқасдро ба ҳаёти шахсӣ чун вазъияти фавқулодда бояд баррасӣ намоянд ва барномаи кӯмаки психологиро, ки ба пешгирии зуҳури кӯшиши сӯиқасди худкушӣ дар муассисаҳои таълимӣ нигаронида шудааст, таҳия намоянд. Кумитаи оид ба дин ва Идораи мусулмонони Ӯзбекистон бояд ба таври васеъ бо истифода аз усулҳои таъсирбахш муносибати дини муқаддасамонро ба худкушӣ фаҳмонда диҳанд.

Қисми асосии ҷинояте, ки дар шаш моҳи гузаштаи соли ҷорӣ ба қайд гирифта шудааст, дуздӣ, қаллобӣ, авбошӣ ва ғоратгарӣ ташкил намудааст. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки фаъолияти хидмати профилактикӣ, ҷустуҷӯи ҷиноӣ ва муҳофизат комилан ғайриқаноатбахш аст. Ҳамин тариқ, ба идораи муҳофизат ҳамагӣ 0,7 фоизи биноҳо ва 12 фоизи объектҳои соҳибкории мамлакатамон пайваст гаштааст, видеокамераҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба низоми ягона муттаҳид нагаштааст. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки хидмати муҳофизат ҳанӯз бо усули кӯҳна кор мекунад, технологияи замонавии иттилоотиву коммуникатсионӣ хеле суст татбиқ мегардад. Вазъияти мазкур яке аз сабабҳои мушкилоте мегардад, ки бо фош гардидани ҷиноят алоқаманд аст. Бино бар ин бояд фаъолияти хидмати муҳофизат аз рӯи низоми нав ташкил гардида, технологияи иттилоотӣ пурра татбиқ карда шуда, сифат ва миқёси хидматрасонӣ дар асоси шарикии давлативу хусусӣ баланд бардошта шавад.

Дар ҷамъомад мушкилоти коҳиш наёфтани миқдори ҷиноят дар байни ҷавонон баррасӣ гардид. Боиси нигаронӣ аст, ки ҷавонон ба 30 фоизи тамоми ҷиноёт алоқа доштаанд, ки дар шаш моҳи гузаштаи соли ҷорӣ ба қайд гирифта шудаанд. Номуташаккилии ҷавонон дар атрофи як ғоя ва мақсад, вуҷуд доштани бисёр мушкилоти системанок дар тарбия ва таъмини машғулот сабаби онҳо ба шумор мераванд. Барои мисол, дар як сол мактаб, литсей ва коллеҷҳоро беш аз 600 ҳазор ҷавонон хатм мекунанд. Ба мактабҳои олӣ ҳамагӣ 10-15 фоизи онҳо дохил мегарданд. Аз ин рӯ дар бораи он бояд фикр кард, ки ҳоли дигарон чӣ мешавад. Бе ба вуҷуд овардани шароити муносиб барои ҷавонон ҳеҷ кас ҳуқуқи маънавии аз онҳо чизеро талаб намуданро надорад. Аз ин рӯ Барномаи давлатии «Yoshlar - kelajagimiz» қабул гардида буд, 800 миллиард сӯм барои соҳибкории ҷавонон ва таъмин бо машғулот равона гардида буд. Шахсони масъул бояд хона ба хона гашта, бо ҷавонон суҳбат намуда ва дар ин асос иҷрои пурраи  барномаро таъмин намоянд.

Дар ҷамъомад масъала дар робита бо афзудани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт муҳокима гардид. Таъкид шуд, ки масъалаи асосӣ нарасидани дониш ва сабақи ронандагон ва пиёдагардҳо, вуҷуд надоштани ҳисси риояи қонун ва маданияти паст, беэҳтиромии ҳамдигарии иштирокдорони ҳаракати роҳ ба шумор меравад. Андешидани чораҳои ҷазо барои риоя накардани қоидаи ҳаракати роҳ натиҷаҳои дилхоҳ намедиҳанд. Ғайр аз ин ҳолати роҳ, кор дар бобати ҷиҳозонии аломатҳои роҳ, бо навбат иваз намудани онҳо ба намудҳои замонавиаш ҷавобгӯйи талаб нест. Ба Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии нақлиёти автомобилӣ, Кумитаи давлатӣ оид ба роҳҳои автомобилгард пурра ва босифат таъмин намудани иҷрои вазифаҳое, ки дар Консепсияи таъмини бехатарии ҳаракати роҳ барои солҳои 2018-2022 нигаронда шудааст, супурда шуд. Дар бобати ба соҳа татбиқ намудани механизми шарикии давлативу хусусӣ, хусусигардонии шоҳроҳҳо дар минтақаҳо, роҳандозии хидматрасонии пулакӣ, пурзӯрнамоии ҷавобгарӣ барои қасдан поймолсозии қоидаи ҳаракати роҳ чораҳо бояд андешид.

Дар натиҷаи ин камбудиҳо мақомоти корҳои дохилӣ ҳанӯз воқеан ба низоме табдил наёфт, ки ғамхори мардум бошад. Ҳанӯз ҳолатҳои кори ғайриқаноатбахш бо муроҷиатҳо, муносибати бемасъулиятона ба вазифаҳои хидматӣ ба назар мерасанд. Вақтҳои охир корҳои бемавқеи ходимони низом, ҳолатҳои сӯиистеъмол аз ваколатҳои мансаб дар интернет васеъ муҳокима мегарданд, ки обрӯи мақомоти корҳои дохилиро мерезонанд. Вазорати корҳои дохилӣ маҷлиси васеи коллегияро баргузор намуда, чунин ҳолатҳоро муҳокима карда, чораҳои такроран роҳ нагузоштанро бояд муайян кунад.

Тавре ки маълум аст, барои босамар ташкил намудани фаъолияти Комиссияи ҷумҳурӣ оид ба бармаҳал ифшо намудани ҷиноёт ва муқовимат бар зидди поймолсозии ҳуқуқ дар маҳалҳо ба ҳар яке аз панҷ гурӯҳи кории минтақавӣ минтақаҳои мазкур ва роҳбарони масъул вобаста карда шуда, дар назди онҳо вазифаҳои мушаххас гузошта шудаанд. Шароитҳое, ки барои содир намудани ҷиноёт мусоидат менамоянд, омӯхта шуданд, ки шумораи онҳо афзуда, доир ба ҳар як намуди ҷиноят «харитаи роҳ» таҳия гардидааст, ки ба огоҳии бармаҳал нигаронда шудааст. Роҳбари давлат таъкид кард, ки ин чорабиниҳо набояд дар рӯи коғаз монанд, ҳар як чорабинӣ, ҳар як ҳаракат ба натиҷаи мушаххас, сабуксозии ташвиши аҳолӣ бояд нигаронда шавад. Барои ин Комиссияи ҷумҳурӣ бояд ба ҳар як ноҳия ва шаҳр «ташхис»-и ҷиноятӣ гузорад ва аз рӯи натиҷаи он дар миқёси мамлакат харитаи вазъияти ҷиноиро тартиб диҳад.

Ҳамзамон вазифаи муқовимат бар зидди ҷиноят ва пешгирии поймолсозии ҳуқуқ ба ҳама, аз он ҷумла ба суд низ алоқа дорад. Аммо баъзе раисони судҳо нафақат ин вазифаро дар дараҷаи бояду шояд иҷро намекунанд, балки вазифаҳои касбии ба ӯҳдаашон гузошташударо низ  иҷро карда наметавонанд. Аз ин нуқтаи назар Шӯрои олии судяҳо, Суди олӣ барои дуруст ва босамар ташкил намудани кор дар суд, муайянсозии маҳакҳои мушаххаси баҳодиҳии фаъолияти раисони судҳо, пурзӯрсозии иштирок ва масъулияти суд дар бобати огоҳсозии ҷиноят чораҳои мушаххас бояд андешанд.

Таҳлили масъалаҳои дар ҷамъомад муҳокимагардида нишон дод, ки фаъолияти таҳлиливу ҳуқуқӣ ва пешгӯисозии мақомоти корҳои дохилӣ ба талаби имрӯз ҷавоб намедиҳад. Фаъолияти Академияи Вазорати корҳои дохилиро доир ба тарбияи кадрҳои таҳлилгар наметавон қаноатбахш номид. Зеро пешгӯӣ намудани динамикаи ҷиноёт яке аз шартҳои муҳими бармаҳал бартарафсозии он ба шумор меравад. Бо назардошти ин ба роҳбарони масъул вазифаи таҳияи чорабиниҳо доир ба куллан такмил додани фаъолияти мақомоти корҳои дохила дар иртибот бо менеҷмент, таҳлили низомнок, пешгӯӣ ва назорат гузошта шуд.

Аз рӯи масъалаҳои дар ҷамъомад муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул гардида, чорабиниҳои мушаххас муайян карда шуданд.

 

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: