МАҚСАД – ҒАЛАБА ДАР ТОКИО

Варзишгарони самарқандӣ, ки 8-10-уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Чунжуи Кореяи Ҷанубӣ дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар таркиби ҷамоаи Ӯзбекистон иштирок карданд, мукофотонида шуданд.

Дар тадбир ҷонишини ҳокими вилоят Рустам Қобилов варзишгаронро табрик карда, ба онҳо ҷомаҳои зардӯхт пӯшонд.
Давлат Ҳамроев, ки дар вазни 62 кг. медали тиллоро ба даст оварда буд, Улуғбек Раҳмонов, ки соҳиби медали нуқра, Ҳакимҷон Исмоилов, Авазбек Абдуҷалилов ва Неъмат Ёқубовҳо, ки соҳибони медалҳои биринҷӣ шуда буданд, тақдир гардиданд.
– Ман бо ҳимоя кардани шарафи Ӯзбекистон фахр мекунам, – гуфт Давлат Ҳамроев. – Барои чемпион гардиданам хизматҳои падару модар ва устодонам калон аст. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
мухбири «Овози тоҷик».
Вилояти САМАРҚАНД.

ФУТБОЛ
Дар бозии чоруми сарокунии чемпионати ҷаҳон –2022 ҷамоаи миллии Ӯзбекистон дар варзишгоҳи «Пахтакор» дастаи Арабистони Саудиро қабул кард ва дар натиҷаи сар додани ду голи дақиқаҳои охир бо ҳисоби 2-3 бозиро бохт.
Дар айни ҳол Арабистони Саудӣ бо 8 хол дар ҷойи аввал аст, дар ҳисоби Ӯзбекистон 6 хол мавҷуд.
Бозии навбатӣ низ дар Тошканд бо дигар ҷамоаи гурӯҳ – Фаластин 19 ноябр барпо хоҳад шуд.

Т. МИРҲАЁЕВ.       
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: