МАҚСАД – БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ ТАЪЛИМ

Дар кишварамон солҳои охир чун дар дигар ҷабҳаҳо дар соҳаи таълим низ корҳои бузург амалӣ мегарданд. Мактабу кӯдакистонҳо сохта мешаванд. Мақом ва мавқеи муаллим дар ҷомеа муайян гардида, музди меҳнаташон низ зина ба зина меафзояд.

Дар арафаи Рӯзи муаллим ва мураббиён Президент Ш. Мирзиёев бо намояндагони соҳаи таълим оиди корҳои баанҷомрасонида ва вазифаҳои устувори соҳа: баланд бардоштани сифати таълим мулоқот анҷом дода буд. Суханронии  сарвари давлат тавассути ВАО дар байни ҷамоаҳои муассисаҳои таълими олӣ, умумӣ ва томактабӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар ин хусус ва дигар мавзӯъҳо мо бо директори мактаби таълими ҳамагонии рақами 44-уми ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд, Ходими хидматнишондодаи таълими халқи Ӯзбекистон, дорандаи ордени «Эл-юрт ҳурмати» Муллобой Норматов суҳбат оростем.

– Ҷамоаи шумо навгониҳои соҳаи таълимро бо кадом рӯҳия пешвоз гирифтанд? Оиди таассуроти ҷамоа аз суханронии сарвари кишвар бахшида ба Рӯзи муаллимон маълумот медодед.

– Даставвал, соли ҷорӣ ба имзо расидани Қонун «Дар бораи мақоми муаллим» барои мо – омӯзгорон рӯҳи қавӣ бахшид. Муаллимон аз ҳамаи корҳои хоҷагиву ҷамъиятӣ озод шуданд. Қонунро дар ҷамоа таҳлил намуда, бо мақому маҷбуриятҳо, ҳаққу ҳуқуқи педагогӣ аз наздик шинос шудем. Хуллас, имконият фароҳам оварда шуд, ки минбаъд мақсадро фақат ба сифати таълим ва тарбияи наврас равона созем.

Дувум ин, ки табрик ва мулоқоти Президент ба намояндагони соҳаи таълим чун дар дигар муассисаҳои таълимӣ дар ҷамоаи мо низ мавриди муҳокима қарор гирифт. Ба ин муносибат ҷамъомад ташкил карда,  ба он намояндагони ҷамоати шаҳрвандӣ, муаллимони собиқи мактаб ва падару модаронро даъват намудем.

Аз ҷумла ҷонишини директор оид ба корҳои маънавият ва маърифат Ҷӯрабой Назаров чунин гуфт:

– Мо суханони Президентро бо диққат шунидем. Эътиборе, ки имрӯзҳо ба соҳаи таълим дода мешавад, шоистаи таҳсин буда, боло бардоштани мақом ва ҳурмату эҳтиром ба муаллим айни муддаост. ...Ояндаи кишвар ба муаллимони шуҷоатманд, ки ба насли наврас таълиму тарбия медиҳанд, вобаста аст... Дар барпо намудани Ӯзбекистони Нав ба муаллимону мураббиён такя мекунем, – гуфтани сарвари давлат ҳисси масъулияти моро дучанд гардонд. Мо ба боварии роҳбари кишварамон сазовор бошем ва минбаъд ҳам барои иҷрои вазифаву мақсадҳо аз сидқи дил меҳнат кунем. 

– Мо насли куҳансол устодони худро то ҳол ба некӣ ёд меорем. Муаллим  пешбари ҷамъият буду ҳаст. Беҳуда намегӯянд: «Тарбияи кӯдак аз гаҳвора оғоз меёбад». Падару модарон бояд ба фарзандон эҳтиром кардани устод-муаллимро омӯзанд. Қарс аз ду даст, гуфтаанд. Дар илмазхудкунии фарзандонашон бо устодон ҳамкорӣ кунанд, – иброз дошт раиси кумитаи падару модарон, муовини имом-хатиби деҳа Абуалӣ Турсунбоев.

Муаллими ҷавони навовар Муҳайё Шоимова низ гуфт:

– Вақте ки Президент муҳимтарин муассиса будани мактаб ва пуршараф будани касби омӯзгориро таъкид карданд, аз интихоби ин касби наҷиб хеле хушҳол гардидам. Ҳис кардам, ки сарвари кишвар аз мо – муаллимон умеди калон доранд. Тасмим гирифтам, ки дониши андӯхтаамро ба насли наврас амиқтар меомӯзам. Минбаъд низ шогирдони худро ба озмунҳо омода месозам. То онҳо шахси фидокору меҳнатдӯст, ватанпарвар ва дорои дониши баланди замонавӣ гарданд.

Таъкид намудан ҷоиз аст, ки шогирдони ин муаллим дар озмунҳои ноҳиявию вилоятӣ сазовори ҷойҳои муносиб гардидаанд. Аз ҷумла, Хушрӯза Толибҷонова (синфи X) соли гузашта дар озмуни ноҳиявӣ ҷойи аввал, дар озмуни вилоятӣ  ҷойи дуюмро ишғол намуд. Имсол низ Хушрӯза дар зинаи ноҳиявӣ соҳиби ҷойи якум гардид, Мадина Карнаухова бошад, ҷойи сеюмро ишғол намуд.

– Сарвари давлат дар мулоқот бо намояндагони соҳаи таълим 7 самти баланд бардоштани сифати таълимро муҳим шумориданд. Таснифи онро дар мисоли мактабатон шарҳ медодед.

– Самти аввал ба такмили ихтисоси муаллим нигаронида шудааст. Мо ҳар сол муаллимонро мувофиқи нақшаи пешбинишуда ба семинар ё курси якҳафтаина (баъзан ба тариқи онлайн) барои такмили ихтисос мефиристем. Донишкадаи такмили ихтисоси муаллимони ҷумҳурӣ ба номи Абдулло Авлонӣ барои баланд бардоштани маҳорати касбии муаллимон масъул ҳисобида мешавад. Минбаъд бо он ҳамкорӣ мекунем. Дар мактаб байни муаллимон  «Рӯзи рушди касб» ташкил карда хоҳад шуд, он пештар бо усули «дарси кушод» мегузашт. Бо ин васила омӯзгорон аз ҳамдигар таҷриба меомӯзанд.

Мувофиқи самти дуюм, ки ба дастгириву рағбатноксозии фаъолияти омӯзгор нигаронида шудааст ва аз соли оянда ҷорӣ шудани намуди сертификати малака дар асоси стандартҳои байналхалқӣ, инчунин дар асоси он зиёд шудани маош аҳли ҷамоаро шод гардонд. Таъкид намудан ҷоиз аст, ки аз муаллимон Рузмат Эрматов (информатика), Атира Солиева (англисӣ) ва Манзура Ҷӯраева (забони русӣ) ба сертификати байналхалқӣ соҳиб мебошад. Дар оянда шумораи онҳо зиёд хоҳад шуд. Муаллимони мо то ҳол дар озмунҳои «Муаллими сол» иштирок карданд ва мекунанд.

Тандурустии ҷамоаи муаллимон ҳамеша дар мадди назар буда, соли гузашта ду нафарро ба сиҳатгоҳ ройгон фиристондем.

Самти сеюм, ба муносибати зиёд шудани аҳолӣ эҳтиёҷ ба сохтани бино-ҳои иловагӣ дар мактабу кӯ-дакистонҳо низ зиёд мегардад. Бинои нави мактаби мо соли 2005 бунёд гардида, барои 220 ҷой пешбинӣ шудааст. 18 нафар муаллимон ба 168 нафар донишандӯз таълиму тарбия медиҳанд. Аз 18 нафар омӯзгор 8 нафарашон занонанд, 5 нафар омӯзгори дорои тоифаи олӣ, 4 нафар тоифаи якум, 4 нафар тоифаи дуюм ва 5 нафар мутахассисанд.

Барои таъмини сифат ва рақобат дар таълим дараҷаи рақамисозӣ баланд карда мешавад, гуфта шудааст дар самти чаҳоруми баланд бардоштани сифати таълим. Дар таълимгоҳи мо 2 синфи компутерӣ ва маҳфилҳои иловагӣ барои омӯзонидани компутер ба хонандагон хидмат мекунанд.

Мувофиқи самти панҷум,  таҷрибаи мактабҳои президентӣ ва махсус паҳн гардида, низоми баҳогузории он ҷорӣ шавад, мо аз аввалинҳо шуда ин усулро дар амал татбиқ менамоем.

Барои муайян намудани ҷавонони боистеъдод, ки дар самти шашум оварда шудааст, дар мактаб корҳои назаррас ба амал бароварда мешаванд. Талабаҳои мо дар озмунҳои фаннӣ фаъолона иштирок мекунанд. Имсол 8 нафар дар озмуни фаннӣ иштирок намуданд. Аз онҳо 5 нафар аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дар зинаи  ноҳиявӣ иштирок намуданд. Дар ин зина шогирдони муаллими забон ва адабиёти тоҷик Ирода Эрматова хонандаи синфи XI Хушрӯя Хайриддинова ҷойи якум, хонандаи синфи IX Шабона Ҷӯрамбекова ҷойи дуюмро ишғол намуда, ба зинаи вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Соли гузашта талабаи синфи X Хушрӯза Толибҷонова дар зинаи вилоятии озмуни фанни забони давлатӣ иштирок карда, ҷойи дуюмро ишғол намуд ва бо 1 миллиону 200 ҳазор сӯм пули рағбатмандкунӣ тақдир шуд. Шояд дар оянда донишандӯзони мо низ дар озмунҳои байналхалқии фаннӣ иштирок кунанд. 

Дар озмуни «Китобхони ҷавон» Хушрӯз Мадраҳимов (хонандаи синфи VIII) дар ноҳия ҷойи аввалро ишғол намуд. Дар озмуни «Оилаи китобхон» – оилаи Юсуфаҳмадовҳо ғолиб дониста шуд.

Инчунин донишандӯзи мактабамон Хушрӯя Эргашева дар маҳфили шеърхонии «Гули рухсори чакома» иштирок карда, сазовори ҷойи муносиб гардид.

Мувофиқи самти ҳафтум: аҳли ҷамоа бо ҳамкории падару модарон ба масъалаи тарбия ва ахлоқ эътибори ҷиддӣ медиҳад. Баҳри ташаккули иммунитети ғоявӣ омӯзгорон ҳамеша бо шогирдон кор мебаранд. Аз телефон ва шабакаҳои иҷтимоӣ бамаврид истифода бурданро доимо таъкид мекунанд. Дар мактаб маҳфилҳои фаннӣ барои мустаҳкам намудани дониши талабагон хидмат менамояд. 

Барои сиҳатии хонандагон ва фоиданок гузаронидани вақти холии онҳо озмунҳои варзишӣ баргузор мешавад. Дар он аҳолӣ, падару модарон низ иштирок мекунанд.

Хурсандиовар аст,  ки мактаби мо дар солҳои хониши 2023-2024 аз рӯйи назорати таълиму тарбия ва дигар корҳои марбути соҳа дар рейтинги ноҳия ҷойи аввалро гирифт. Инчунин, 10 нафар хатмкунандаи соли хониши 2023/24 ба муассисаҳои таълими олии кишвар дохил шуданд.

Аз фурсат истифода бурда ходимони «Овози тоҷик»-ро ба 100-солагии рӯзномаи дӯстдоштаамон табрик гуфта, дар фаъолияти ояндаашон муваффақиятҳо орзумандам.

Суҳбаторо Гулҷаҳон Кабирова,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: