МАҚСАД БУЗУРГДОШТИ ҚАДРИ ИНСОН БУД

Дар ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё чорабинии фарҳангию маърифатие баргузор гардид, ки «Дидори се насл» ном дошта, даҳҳо нафар намояндагони касбу кори гуногунро гирдиҳам овард.

Дар он аз се ноҳияи вилоят – Шаҳрисабз, Китоб ва Яккабоғ фахриёни меҳнат, ҷавонони ташаббускор ва намояндагони ҷамоаҳои меҳнатӣ, ки барои пешрафту ободонии рӯзгори мо дилсӯзона меҳнат мекунанд, ширкат варзиданд. 
Онҳо нахуст дар саҳни ёдгории таърихии «Кӯкгумбаз» ҷамъ омаданд, ки дар ин ҳамоиш ҳокими вилояти Қашқадарё Муротҷон Азимов низ ҳузур дошт. 
Сипас, аз Осорхонаи давлатии Шаҳрисабз ва маҷмӯаи таърихии «Оқсарой» дидан намуданд. Бо фаъолияти корхонаи бузурги «Оқсарой текстил компакт», ки фахри ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, низ шинос гардиданд.   
Мақсад аз баргузории чунин чорабинӣ бузургдошти қарди инсон буда, ба унвони соли 2023, ки «Соли қадри инсон ва таълими босифат» эълом шудааст, мувофиқат мекунад. Иштирокдорони чорабинӣ дар  сари як пиёла чой аз имрӯзу ояндаи дурахшони Ӯзбекистони Нав суҳбатҳои гарме оростанд.
Барномаи консертии дастаҳои ҳунарӣ хеле рангин буд ва боиси хушнудии ҷамъомадагон гардид.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: