Мақсад — хидмати хуб

Садорати нақлиёти вилояти Фарғона ба манзури иҷрои қарор ва фармонҳои Президент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷидду ҷаҳд менамояд.

Садорати нақлиёти вилояти Фарғона ба манзури иҷрои қарор ва фармонҳои Президент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷидду ҷаҳд менамояд. Ба наздикӣ мазмун ва моҳияти қарори сарвари давлат Шавкат Мирзиёев аз 7 майи соли 2021 дар байни кормандони садорат шарҳу тафсир гардид. 

Ҳадафи асосии ин қарор аз он иборат аст, ки фаъолияти нақлиёти мусофиркашонӣ ба тартиб дарояд, ба коҳиш додани дараҷаи иқтисодиёти пинҳонӣ ноил гардида, ҳамчунин шароити созгору муносибро барои кормандони соҳаи мазкур фароҳам овардан мебошад.
– Қарори Президент моро водор месозад, ки дар кори хидматрасонӣ ба мардум дараҷаи онро такмил бахшем ва ба ҳурмат сазовор гардем. Дар ин самт боз вазифаҳои зиёде мавҷуданд, ки кормандони соҳа бояд онро бо сифати аъло ба сомон расонанд, – гуфт сардори Садорати нақлиёти вилоят О.Иркабоев дар як суҳбати мизи гирд.
Вай афзуд, ки вазоратҳои молия ва нақлиёт ба таклиф дар бораи он ки аз 15 майи соли 2021 то охири соли 2022 дар мавриди ба тартиб андохтани мусофиркашонӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ ризоят доданд, ки ба таври озмоишӣ роҳандозӣ хоҳад шуд. Дар ин суҳбати мизи гирд моҳияти шарт ва тартиби гузаронидани вазифаҳои муҳим дар самти мазкур низ ба таври васеъ фаҳмонида шуд.
Соҳибони ҳуҷҷати қалбакӣ фош гардиданд

Дар натиҷаи роҳандозии чорабинии профилактикӣ дар шаҳри Фарғона 15 нафар, дар шаҳри Қӯқанд 19 нафар ронандаҳо ба қайд гирифта шуданд, ки бидуни санади лозимӣ ба мусофиркашонӣ машғул мешуданд. Дар муқобили ин ронандаҳо протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, мошинҳои онҳо ба истгоҳҳои ҷаримавӣ гузошта шуд.

Дар миёни соҳибони ҳуҷҷатҳои қалбакӣ сокини шаҳри Фарғона А. Абдусолиев мисоли равшани ин ҳол мебошад. Ба вай ҶММ “Ҳамкортакси” аз 7 майи соли 2021 таҳти рақами АТ-2009371 литсензия додааст. Аммо таҳқиқоти ходимони Садорати нақлиёти вилоят маълум намуд, ки ин литсензия сохта мебошад ва А. Абдусолиев ба воситаи он худсарона ба мусофиркашонӣ машғул шудааст. Ин фаъолияти ғайриқонунии ронанда фош гардида, нисбати вай протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.
Минбаъд ронандаҳое, ки ба таври пинҳонӣ ва бидуни санади лозимӣ ба мусофиркашонӣ машғул мешаванд, ба ҷазои маъмурӣ кашида хоҳанд шуд. Дар ин бора ходимони Садорати нақлиёти вилоят ва шӯъбаҳои шаҳриву ноҳиявии он корҳои фаҳмондадиҳӣ пиёда мекунанд.
Нуктаи дигар қобили зикр мебошад, ки ронандаҳои мусофиркашон талаботи қонунҳои мавҷударо дуруст дарк накардаанд, дониши ҳуқуқии онҳо низ мувофиқи талаб намебошад. Барои ҳамин як гурӯҳ ходимони ниҳоди мо барои дар байни ронандагони мошинҳои мусофиркашон пиёда кардани корҳои таблиғотӣ сафарбар шудаанд. Он натиҷаҳои босамар хоҳад дод.

Зиёда НАҶИМОВА,
котиби матбуоти Садорати нақлиёти 
вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: