Солҳои охир таҳти роҳбарии сарвари кишвар бобати бозсозии низоми таълим, ҷорӣ намудани навоварӣ дар мактабҳои миёна комёбиҳои назаррас ба чашм мерасанд.
Инро дар мисоли ноҳияи Самарқанд низ дидан мумкин аст.
Дар арафаи соли хониши нав бо тавсияи мудири шӯъбаи таълими халқи ноҳия Баҳриддин Мардонов ба мактаби рақами 10-уми маҳаллаи Хоҷа Аҳрори Валӣ омадем, ки дар чанд раванд майдони таҷрибаи нав қарор гирифтааст.
Бинои хушсохти дуқабата ва ҳавлии он аллакай намуди идона гирифтааст. Гулгаштҳои зебо, шиорҳои пандомез диққати касро ба худ мекашид.
Дар саҳни мактаб бо сарвари таълимгоҳ Холида Шамсиддинова вохӯрдем. Воқеан, ман ӯро аз солҳои нав ба кор омаданаш нағз мешиносам. Он айём вай омӯзгори фанни физикаи мактаби миёнаи рақами 16-уми ноҳия буд. Қобилияти ташкилотчигӣ дошт, ки дере нагузашта ҷонишини директор оид ба корҳои таълиму тарбия гардид. Соли 2006 собиқ ҳокими ноҳия Баҳодур Саъдуллоев ӯро назди худ хонд ва гуфт:
– Аз фаъолияти ибратбахши шумо хабардор ҳастем. Бинобар ҳамин, мо ба хулоса омадем, ки шуморо директори мактаби навбунёд таъин намоем. Албатта муаммоҳо бисёр, вале якҷоя барҳам медиҳем.
Холида дар ҷойи холӣ ба бунёди мактаби нав пардохт. Ҳоло мактаби рақами 10-уми деҳаи Хоҷа Аҳрори Валӣ на танҳо дар ноҳия, ҳатто вилоят яке аз таълимгоҳи пешқадам аст.
– Беҳтарин дастоварди мо ин аст, ки ҷамоаи байналмилалу тифоқ дорем. Дар роҳи иҷрои мақсад ҳамфикру якдил ҳастем. Вале чӣ ҷойи руст кардан аст, аз рӯйи дастуру қолаб не, бо маслиҳат аҳлона фаъолиятро пеш мебарем. Боз як гап, агар омӯзгор аз сидқи дил, ҳалолу пок кор кунад, ҳавасманд мекунем. Баҳодиҳӣ аз рӯйи натиҷаи кор мебошад, – мегӯяд Х. Шамсиддинова.
– Ҳар як аъзои ҷамоа – аз фаррош то ҷонишини директор вазифаи худро медонад ва бидуни ёдоварӣ иҷро менамояд. Шогирдони муаллимаҳои фанни забони русӣ Сабина Рустамова, Лола Афакова, Нигора Шамсиддинова, Матлуба Ҷамолова, забони ӯзбекӣ Нигора Шукурова, Умеда Бекмуродова, ҷуғрофия Саодат Солеева, таърих Нодира Темурова, математика Элёр Маъруфов, Ҷамшед Бобомуродов, Раъно Зиёева ва дигарон на танҳо дар озмунҳои Самарқанд, ҳатто дар ҷумҳурӣ ҷойҳои фахриро ишғол намуданд.
– Имсол чанд нафар писаракону духтарон ба синфи якум қабул шуданд?
– Беш аз 280 нафар бори нахуст ба остонаи мактаб қадам гузоштанд. Ба онҳо муаллимаҳо Раъно Мамадхонова, Гулчеҳра Пардаева, Баҳора Гавҳарова, Гулнел Муродова ва дигарон навиштану хонданро меомӯзанд.
– Таҳсил ба кадом забон аст?
– Русӣ ва ӯзбекӣ.
– Чаро ба забони тоҷикӣ нест?
– Инро аз волидайни онҳо пурсед. Зеро таҳсил гирифтани фарзандон бо амри падару модарон аст.
– Имсол дар мактаб чӣ гуна навгониҳо мешаванд?
– Талаб ба илмомӯзӣ ниҳоят афзуд. Аз ноҳия танҳо ду мактаб – мактаби мо ва рақами 21-ум дар асоси лоиҳаи байналхалқии «PISA» ва «PIRIS» фаъолият хоҳанд бурд. Ғайр аз он, устодону толибилмони мо ба давлатҳои хориҷӣ рафтуо мекунанд. Зеро мақсади мо – навоварӣ ва пешравист.
– Холида, таманнои шумо?
– Тавассути рӯзнома ҳамкасбону шогирдонро бо иди Истиқлол ва соли хониши нав табрик гуфта, комёбиҳои нав ба нав орзумандам.
Мусоҳиб
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти САМАРҚАНД.