МАҚСАД – ОЯНДАИ ФАРОВОНУ ДУРАХШОН

Президенти кишвар Шавкат Мирзиёев бобати барқарор намудани арзишҳои милливу динӣ, рушди маърифати исломӣ ва алалхусус, амиқ омӯхтани саҳми бузурги аҷдодонамон дар он эътибори зиёд медиҳад.

Суҳбати мо бо имом-хатиби вилояти Самарқанд Ҳоҷӣ Зайниддин Эшонқулов дар атрофи ин мавзӯъ буд.
– Бисмиллоҳир  раҳмонир раҳим. Шумо шояд хабардор ҳастед, ки дар оғози соли нав сарвари давлат сафари навбатии худро ба Самарқанд аз зиёрати мақбараи Имом Бухорӣ оғоз намуд. Пас аз он ки тиловати Қуръон кардем, Раисҷумҳур Маркази байналхалқии ҳадисшиносии Имом Бухориро аз назар гузаронданд. Президент зимни шиносоӣ бо осорхона таъкид намуданд, ки дар харитаи дунё боз як маркази илмӣ пайдо шуд. Ин марказ ба кишвари мо илму маърифат ва барака меоварад. Ба ҷавонон дониш ва савод медиҳад. Аз он сабақомӯзон ва ба зиёрат омадагон маънавият ва маърифат мегиранд. Боиси хурсандист, ки бо ташаббуси сарвари мамлакатамон дар тамоми соҳаҳо тағйироти оламшумул рух медиҳанд. Дар маҷмӯи Ҳазрати Имом барпо шудани Маркази тамаддуни исломӣ далели ин гуфтаҳост.
Бешубҳа, ин маскан, ки дар он мероси бебаҳои аҷдодамон доир ба қироат ва тафсири Қуръони карим, фиқҳ, ҳадис, илми балоғат, рушди забони арабӣ ҷамъ меоянд, кӣ будани аҷдоди мо, соҳиби чӣ гуна мероси бузург будани Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Бурҳониддин Марғинонӣ, Мотурудӣ, Дорамӣ ва дигар алломаҳои бузургро муаррифӣ мекунад.
– Бобокалонамон Имом Бухорӣ ҳикмате доранд: «Ба ғайр аз ин илм наҷоте нест ва нахоҳад буд».
– Дар ҳадис омадааст: «Аз гаҳвора то қабр илм омӯз». Аз ин рӯ бо ташаббуси Президенти кишвар ислоҳоти соҳаи таълим ва тарбия аз ҳалқаи аввал – таълими томактабӣ оғоз ёфт. Бобати ислоҳоти низоми маорифи халқ ва таълими олӣ низ ислоҳоти ҷиддӣ ба амал татбиқ мегарданд. Охир илм аз хурдӣ – нақш дар санг аст, гуфтаанд. Агар пурсанд, ки: умр ба кадом шуғл сарф бояд кард? Ҷавоб: – ба таҳсили улум хоҳад буд. 
– Дини мубини ислом мардумро ба дӯстӣ, ҳамҷиҳатӣ ва бо меҳру оқибат зиндагӣ кардан даъват менамояд. Ин барои ривоҷу равнақи ҷамъият таъсири мусбат мерасонад. Яке аз омилҳои барқарории муҳити ахлоқӣ муносибати ҳамсоягарист...
– Оре, Пайғамбарамон (с) чунин марҳамат кардаанд: «Ҳурмати ҳамсоя дар назди ҳамсоя чун ҳурмат ба модар аст» (Ривояти Ибни Абӯ дунё). Ҳасан Басрӣ (разияллоҳу анҳу) дар ривоят аз Пайғамбарамон (с) дар бораи ҳаққи ҳамсоя овардаанд: «Қарз пурсад, диҳед, агар шуморо таклиф намояд, равед, бемор шавад, аз аҳволаш хабар гиред, кӯмак пурсад, кӯмак кунед, мусибат расад, таъзия изҳор кунед, ягон хурсандӣ расад, муборакбод намоед, вафот кунад, дар ин бора гувоҳӣ диҳед, агар ба ягон ҷо равад, то омаданаш аз оила ва фарзандонаш хабар гиред, дар ҳавлиатон гӯшт пухта, ба онҳо озор нарасонед, баръакс, аз таоматон диҳед». Боз дар як ривоят: «Боми иморати худро аз боми ӯ баланд накунед, агар розигӣ диҳад, баланд карданатон мумкин» (Ривояти Имом Табронӣ) гуфта мешавад.
Дар урфият «Меҳр — дар чашм» мегӯянд. Агар кас бо наздикони худ зуд-зуд вохӯрӣ кунад, ҳолу аҳвол пурсад, ба дарду ғам ва хурсандиаш шарик шавад, аз атрофиён кӯмакашро дареғ надорад, муносибатҳоро бидуни ягон ғараз самимона бо розигии ҳақ таоло амалӣ намояд, дар ҷамъият меҳру оқибат, дӯстӣ мустаҳкам мешавад.
Ҳоло дар тамоми дунё аз сиёсати башардӯстонаи Президентамон ҳарф мезананд. Муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамчун Одами соли минтақаи Осиё эътироф гардиданд. Дар тӯли ду соли охир дару дарвозаҳо барои ҳамаи кишварҳои ҳамсоя боз шуданд. Шайх Саъдӣ фармудааст:
Як гули мақсуд дар ин бӯстон,
Чида нашуд бе мадади дӯстон.
– Аввало узр, шумо ба мақоли «Гуфтаи муллоро куну кардаашро не» чӣ хел шарҳ медиҳед?
– Шолӣ бе курмак намешавад. Дар байни пешвоёни дин низ ашхосе ҳастанд, ки «аввал хеш, баъд дарвеш» гуфта, боиси гапу калочаҳо мешаванд. Масалан, онҳо доир ба исрофгарӣ, тӯйҳои пурдабдаба ваъз мехонанд, аммо худашон меҳмони азизи чунин маъракаҳо ҳастанд. «Даҳони хӯрда – шарманда» гуфтагӣ барин, баъди базми ҷамшедӣ ҷомаю рӯмолча ё «кафакӣ»-ро гирифтан, ҳатто даст ба дуо бардошта «давлати маъракадор зиёд гардад, хайру эҳсон ба даргоҳи Худо қабул шавад!» мегӯянд. Баъзан ба гӯши мо мерасад, ки муллоҳо ба домоду арӯси аз ақди никоҳи қонунӣ нагузашта, никоҳи шаръӣ мехонанд. Афсӯс, ки дар байни мо  ҳам чун ба хилват мераванд, кори дигар мекардаҳо ҳастанд.
Президенти муҳтарам 15-уми июни соли 2017 бино бар таъмин кардани барқарории иҷтимоӣ, нигоҳ доштани покии дини муқаддасамон бо имом-хатибон вохӯрд. Дар он анҷуман ба бурду бохти фаъолияти пешвоёни дин баҳои холисона ва одилона дода шуд. Ҳоло мо дар асоси он маслиҳатҳои муфиди сарвари давлат фаъолият мебарем.
– Домуллои муҳтарам, маслиҳату насиҳатҳои шумо ба ҷавонон...
– Дилро ба дониш хуш доштан лозим. Зиндагӣ саросар омӯзиш аст, зеро ҳаёт ҳамвора дар пешравист. Воқеан, ҳоло барои дониш гирифтан, соҳиби илму маърифат шудан тамоми шароит муҳайёст. Шахсан ман гоҳ-гоҳ ба мағозаи «Олами китоб» даромада, аз бисёрии асарҳои гуногун дар ҳайрат мемонам. Кош ҷавонон зуд-зуд ба ин олами маърифат омада, китоб гиранду мутолиа намоянд. Вале, мутаассифона, ҷавонон бо телефонбозӣ ё баҳсу мунозира доир ба сериалҳои туркӣ машғуланд. Кошкӣ,  ҷойи беҳудагардӣ асарҳои бузургонро мутолиа мекарданд. Ҳатто баъзеҳо аз мавҷудияти «Қасас-ул-анбиё» ном хонотарин ва ҷолибтарин китоб, ки аз рӯзгори пайғамбарамон ҳикоя мекунад, бар ростиву дурустӣ ва дигар фазилатҳои инсонӣ ҳидоят менамояд, бехабар ҳастанд.
Дар хотима ҳадиси Пайғамбар (с)-ро такрор мекунам: «Эй ёрон, ҳалолро ҳалол донеду ҳаромро ҳаром ва аз молатон закот диҳеду фақиронро аз илтифот маҳрум накунед ва ҳамсоягонро маранҷонед ва бар занону фарзандону ятимон шафқат кунед». Омин!

Мусоҳиб
Зоҳир ҲАСАНЗОДА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: