Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Парравшан транс»-и ноҳияи Когони вилояти Бухоро аз соли 2010 фаъолият дошта, ҳоло яке аз корхонаҳои пешқадами соҳаи чорводорӣ ва паррандапарварӣ мебошад.
Корхона бо мақсади зиёд кардани саршумори чорво ва парранда аз бонки халқӣ ба миқдори 12 миллиарду 300 миллион сӯм кумаки молиявӣ гирифт. Ин дастгирӣ доираи фаъолияти ширкатро васеъ намуда, ба рушди саноати чорводорӣ ва хӯрокворӣ мусоидат мекунад.
Дар корхона 40 нафар бо ҷойи корӣ таъмин шуда, даромади солона 5,6 миллиардро ташкил медиҳад. Аз сабаби он, ки ҷараёни истеҳсолот дар асоси технологияи ҳозиразамон ташкил шудааст, сифати маҳсулот ҷавобгӯйи талаб мебошад.
Дар оянда ҶММ «Парравшан транс» хатти коркарди ширро ба роҳ монда, бештар истеҳсол кардани маҳсулотро мақсад дорад. Ин имкон медиҳад, ки на танҳо талаботи бозори дохилӣ, балки хориҷӣ ҳам таъмин карда шавад.
Зариф Комилов,
мухбири ӮзА.