МАҚСАД – ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТИ ХӮРОКВОРӢ

Сол то сол зиёд шудани аҳолӣ, тағйир ёфтани иқлим, кам шудани заминҳои кишт, коҳиш ёфтани ҳаҷми умумии захираҳои об дар саросари ҷаҳон муаммои таъмини бехатарии хӯроквориро ба миён меорад.

Боиси хушнудист, ки сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев дар самти таъмини бехавфии озуқаворӣ якчанд ҳуҷҷати меъёриро ба имзо расонид.
Дар пресс-туре, ки таҳти ташаббуси Садорати «Ӯзагроинспексия»-и вилояти Самарқанд доир гардид, эътибор маҳз ба масъалаи омодасозии маҳсулоти босифати табиӣ нигаронда шуд.
Нахуст ба мавзеи Боғибаланди шаҳр рафта, аз фаъолияти хоҷагии фермерии пири барнодили 83-сола Абдуҳалим Рашидов дидан кардем ва бо корҳои муфиду ибратбахши ӯ аз наздик шинос шудем.
Дар ин ҷо диққати моро дарахтони бисёрсола ва азимҷуссаи анҷир ба худ кашид.
– Шояд ин дарахтони бисёрсоларо бобо ва бобокалони мо сабзонида бошанд, – бо фахр гуфт мӯйсафед. – Ривоят мекунанд, ки Амир Темур ба анҷирзор асос гузошта, дар атрофи шаҳри Самарқанд боз 14 боғ барпо кардааст.
Фақат дар ҳамин ҷо анҷир парвариш карда мешавад, ки ин бесабаб нест. Чунки насими форами дарёи Зарафшон вазида, ҳатто шабона гармии сангҳои тали Чӯпонато ба дарахтони анҷир фоида меорад.
Дар Самарқанд ягона дарахте, ки ду маротиба ҳосил медиҳад, ин анҷир аст.
Масалан, мо аллакай меваи хокии анҷирҳоро чида, ба мардуми маҳаллӣ ва меҳмонони олиқадри шаҳрамон пешкаш кардем. Акнун навбати ҳосили тирамоҳӣ аст. Лекин барои ба даст овардани ҳосили фаровон, мебояд заҳмати зиёд кашид. Масалан, танҳо барои хокпӯш кардани анҷир беш аз 20 миллион сӯм лозим.
Дар идома мо ба мавзеи дурдасти Тӯққизбойи ноҳияи Ҷомбой рафтем. Дар ин ҷо маъмурияти хоҷагии  фермерии «Оҳалик олтин боғлари», ки дар ноҳияи Самарқанд нуфузи хосаро дорад, заминҳои бекорхобидаро гирифта, ба боғу киштзор табдил додаанд.
– Мо дар замини худ 240 дона батареяҳои офтобиро гузошта, аз нури офтоб нерӯи барқ ҳосил мекунем ва дар кори боғдорӣ аз он истифода мебарем, – гуфт роҳбари хоҷагии фермерӣ Фурқат Аҳадов. – Барои обёрии ниҳолҳо аз оби чоҳҳои артезианӣ истифода мебарем.
Аллакай ҳосили аввали боғро ба бозор баровардем. Хулоса, самараи саховати замини кишоварзиро аз офтоб дида истодаем. Ният дорем, ки дар оянда майдони боғро ба 1000 гектар расонем.
Манзили навбатии мо хоҷагии фермерии «Гулнигор нурли даласи»-и ноҳияи Ҷомбой, ангурзори боғбони соҳибтаҷриба ва асил Ибодулло Маматқулов шуд.
– Чор-панҷ сол пеш ба водии Фарғона сафар кардам, – лаб ба сухан кушод Маматқулов.–Диққати маро ангурпарварии онҳо ба худ кашид ва баъди бозгашт бо истифодаи усули босамари ангурпарварони водии Фарғона қариб 15 гектар заминро ба иҷора гирифта, дар 6,5 гектар токзор ташкил кардем. Дар аввал аз кишоварзони соҳибтаҷрибаи Фарғона маслиҳатҳо мегирифтам. Ҳозир тамоми корҳои боғро аъзои оила, хешу пайвандон иҷро мекунанд.
Аз ҳозир то тирамоҳ ба бозори Самарқанд маҳсулоти худро ба фурӯш мебарорем. Як сар ангур 2-3 килограм вазн дорад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: